Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қатъномаи нави ША дар қиболи Эрон


Normal 0

Шӯрои Амнияти СММ рӯзи шанбе бо иттифоқи оро қатъномаи наверо дар қиболи Эрон тасвиб кард.

Ин қатънома бо таъйиди дигарбораи се давраи пешини таҳримот алайҳи Эрон иктифо варзида, ин бор бар зидди он кишвар таҳримоти ҷадиде эъмол намекунад, вале Теҳронро ба иҷрои комил ва бидуни таъхири тақозоҳои қаблии ин Шӯро ва қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш даъват мекунад.

Ҳайъати Эрон дар СММ аммо ин қатъномаро ғайри қобили тавҷеҳ ва ғайрисозанда номидааст.
XS
SM
MD
LG