Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медали варзишгарони навраси тоҷик дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон дар шаҳри Тошканд 12 медал – 5 нуқра ва 7 биринҷӣ - ба даст оварданд.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквондо ITF-и Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон ва собиқадорон дар пойтахти Узбакистон бо ширкати беш аз 600 варзишгар аз 54 кишвар тӯли 5 рӯз идома кард.

Ба ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгари то 18-сола шомил буданд. Парвиз Маҳмудов, Парвиз Муродов, Иззат Фузайлов ва Некрӯз Алибеков дар рақобатҳо дар навъи дифоъ аз худ байни писарон ҷои дуввумро касб карданд. Чаҳор медали дигари нуқраи Тоҷикистонро Сабина Тағойназарова, Парвиз Муродов, Нигора Ҳомидова ва Елена Мухторова дар рақобатҳои инфиродӣ ба даст оварданд.

Инчунин Сабина Тағойназарова, Зӯҳро Холова, Маҳина Нарзуллозода, Зиёбек Орифӣ ва Фотима Холова дар рақобатҳои фардӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дастаҳои писарон ва духтарони Тоҷикистон дар машқҳои дастаҷамъӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ ғолиб шуд. Дастаи Русия ҷои дуввум ва дастаи мизбон – Узбакистон ҷои севумро касб карданд.

XS
SM
MD
LG