Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пейлин: Гурҷистону Украина бояд узви НАТО бошанд


Волии аёлати Аляска хонум Сара Пейлин, ки дар канори Ҷон Маккейн довталаби курсии ноиб-президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА мебошад, пешниҳод кардааст, ки Гурҷистону Украина ба паймони НАТО қабул шаванд.
Дар аввалин мусоҳибаи телевизионӣ Пейлин гуфт, агар баъди қабули Гурҷистон ба паймони НАТО Русия болои ин кишвари Қафқоз ҳамла кунад, ИМА бояд ба ҷанг тайёрӣ бинад.
Довталаби курсии президенти ИМА Ҷон Маккейн ду ҳафта пеш Пейлинро ба ҳайси ноибаш дар сабқати президентӣ муаррифӣ намуд.
Пейлин иброз дошт, ки ИМА бояд чашмашро аз амалкардҳои Русия дур накунад, зеро таҷовузи Русия болои Гурҷистон ғайри қобили қабул аст. Моҳи гузашта Русия имкон надод, ки нерӯҳои Гурҷистон ин минтақаи ҷудоихоҳро зери назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд. Пейлин афзуд:
"Мо равобити хуб бо Гурҷистон ва раҳбари ин кишвар Михеил Саакашвилиро ҳифз мекунем. Ман имкон доштам бо ӯ сӯҳбат кунам ва ҳамчун ноиби Маккейн дар сабқат ваъда диҳам, ки мо ба Гурҷистон содиқ мемонем. Мо амалкардҳои Русияро назорат мекунем. Ғайри қобили қабул аст, ки кишваре чун Русия мамлакати хурди демократиро ишғол намуда, зери фишор қарор диҳад."
Пейлин ҳамчунон таъкид кард, ки Ҷанги сард миёни Русия ва ИМА набояд такрор шавад.
Дирӯз хонум Пейлин бо фарзанди 19-солааш, ки рӯзҳои наздик ба хидмати аскарӣ дар Ироқ меравад, худоҳофизӣ кард.
Пейлин ва Маккейн номзадҳои ҷумҳурихоҳ бар зидди номзади ҳизби демократ Барак Обама ва ноиби ӯ Ҷой Байден мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG