Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзила дар Тоҷикистон


Субҳи имрӯз, 6 сентябр, зилзилаи навбатӣ дар Тоҷикистон ба амал омад. Заминларза соати 10:48 ба вақти Душанбе рух дод.

Ба қавли Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар 280 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ будааст. Шиддати заминларза дар маркази он 4-5 балро ташкил додааст.

Дар Душанбе шиддати зилзила 3-4 бал ва дар Норак 3 бал будааст.

Дар шаш рӯзи моҳи сентябр ин савумин заминларза дар ин минтақа мебошад.

XS
SM
MD
LG