Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чейнӣ кӯмакҳои бештарро ба Гурҷистон ваъда дод


Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ имрӯз гуфт, Гурҷистон метавонад ба кӯмак ва ёрии минбаъдаи ИМА умед бандад. Вай зимни як суханрониаш дар Тифлис гуфт:

"Истиқлолият ва якпорчагии Гурҷистон бешак хеле муҳим аст ва гурҷистониҳо барои озодӣ ва ҳифзи озодиҳои худ қурбониҳо додаанд. Ҳама гурҷистониҳо ҳақ доранд чун мардону занони озод зиндагӣ кунанд. Ва ман мутмаинам, ки ин сарнавишти онҳо мебошад. Гурҷистониҳо дар умқи қалбҳои худ шуҷоати азим доранд. Ва дар Амрико онҳо дӯстони қавиву босадоқат доранд".

Рӯзе пеш Кохи Сафед эълон кард, ки барои мусоидат ба мардуми Гурҷистон барои бурунрафт аз паёмадҳои ҷанги ахир бо Русия ба миқдори 1 миллиард доллар кӯмаки иқтисодӣ хоҳад кард. Чейнӣ гуфт, ки амалкарди Русия дар Гурҷистон як кӯшиши ғайриқонунӣ барои тағйир додани ҳудудҳои марзии ин кишвар буд ва афзуд, ки эътимод ба Русия ба унвони як шарики байналмилалӣ зери суол бурда мешавад. Чейнӣ аз Озарбойҷон вориди Тифлис шуд. Рӯзи чоршанбе вай бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Илҳом Алиев дидору мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG