Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеъи ахирин бартараф мешавад


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА ахиран қонунеро имзо кард, ки ба вазорати хориҷа имкон медиҳад ҳама даъвоҳои ҳалношуда алайҳи Либия аз сӯи пайвандони қурбониёни ҳамлаҳои террористиро аз тарқи музокирот бо Триполӣ ҳаллу фасл кунад. Ёдовар мешавем, Либия дар пуштибонии ду ҳамлаи террористӣ айбдор мешавад – дар таркиши ҳавопаймои ширкати Пан Америка дар фазои Шотландия дар соли 1988 ва дар инфиҷори бомб дар толори Ла Бели Берлин дар соли 1986.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, барои пардохти маблағи пурраи ҷубронпулӣ ба пайвандони қурбониён бунёди вижаи молӣ таъсис дода мешавад ва агар вазири умури хориҷа пардохти маблағ барои ҳама осебдидагонро тайид кунад, дигар кас ҳақ нахоҳад дошт бо иттиҳоми анҷоми ҳамлаҳои террористи алайҳи Либия ба додгоҳ муроҷиат кунад. То имрӯз Либия барои ҳар хонаводаи қурбониён 8 миллион долларӣ пардохт кардааст ва бояд боз 2 миллион долларӣ бипардозад.

ИМА ва Либия аз соли 1980 то соли 2003 равобити дипломатӣ надоштанд. Робитаҳои миёни ду кишвар баъд аз эъломи раҳбари он кишвар Муаммар Қазофӣ дар бораи даст кашидан аз барномаи тавлиди силоҳи қатли ом ва омодагӣ барои пардохти ҷубронпулии қурбониёни чандин ҳамлаи терористӣ, аз ҷумла, ба ҳавопаймои Пан Американ аз сар гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG