Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон – Афғонистон. Талош барои пирӯзӣ


Бегоҳи рӯзи сеюми август мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охирини гурӯҳии худ дар Ҷоми чолиши Осиё бо Афғонистон рақобат хоҳад кард.

Ин бозӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон, дар варзишгоҳи “Лал Баҳадур Шастрӣ” баргузор мешавад.


Як рӯз пеш, дар гурӯҳи “Б” ҳар ду соҳиби роҳхат ба даври нимниҳоӣ маълум гардиданд.


Дар даври дуввум Мянмар бар Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ бар Непал ғолиб омаданд.


Ягона тӯби пирӯзиовар барои Кореяи Шимолиро Пак Сонг Чол зад. Ин аллакай тӯби саввуми ӯ дар ин сабқат мебошад.


Бозии Мянмар - Шри-Ланка бо ҳисоби 3-1 анҷом ёфт. Соу Мият Мин аз Мнямар дар оғози қисми дуввум ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 51-ум Касун Надика Вираратна Ҷаясурия аз Шри-Ланка ҳисобро баробар намуд.


Аммо, баъдан, бозигарони мянмарӣ Ян Пейнг ва Си Су Вин ду тӯби дигар зада, пирӯзӣ ва роҳхат ба даври дигарро ба Мянмар таъмин карданд.


Ҳамакнун, ҳам Мянмар ва ҳам Кореяи Шимолӣ бо шаш холӣ дар ҷойҳои якум ва дуввум қарор гирифтаанд.
Дар даври саввум ҳар дуи ин мунтахаб миёни ҳам бозӣ мекунанд ва дар сурати мусовӣ Мянмар ҷойи якумашро боқӣ нигоҳ медорад.


Акнун, ҳолати аҷиб дар гурӯҳи Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро ҳамаи мунтахабҳои ин гурӯҳ барои ҷойи якум талош доранд, то дар бозии нимниҳоӣ бо Кореяи Шимолӣ бозӣ накунанд Вале агар Кореяи Шимолӣ дар гурӯҳи худаш ҷойи дуввумро гирад?…

XS
SM
MD
LG