Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев: «Мақсади ман ба даст овардани медали олимпӣ аст»


Расул Боқиев
Расул Боқиев

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Ҷумҳурии мардумии Чин аз 8-ум то 24-уми август баргузор хоҳанд шуд. Ба иттилоъи ташкилкунандагони Олимпиадаи Пекин, варзишгоҳи асосии Бозиҳои олимпии соли 2008, ки номи рамзии «Лонаи парранда» дорад, барои баргузории мусобиқот комилан омода аст. Дар ин варзишгоҳ, ки дорои ҷойгоҳ барои 91 000 тамошобин аст, маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии Бозиҳо доир мегарданд.
Дар ҳамин ҳол 13 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин ҳуқуқ пайдо кардаанд. Яке аз онҳо паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев мебошад. Вай дар риштаи гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин барнома суҳбате дорем бо Расул Боқиев, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон.
Яке аз мутахассисони варзидаи бокс Ҳамид Бараев, мураббии маъруфи Қазоқистон, ки бо даъвати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, ба муштзанҳои тоҷик ва мураббиёнашон барои омодагии ҳамаҷониба ба Олимпиадаи Пекин кумак хоҳад кард. Дар ин мавзӯъ гузориши хабарнигори мо ба таваҷҷуҳи шунавандагон пешкаш мешавад.
Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG