Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони африқоӣ Мугаберо маҳкум намекунанд


Раҳбарони Африқо шоми якшанбе ишора карданд, ки онҳо раиси ҷумҳурии Зимбабве Роберт Мугаберо барои хушунату таҳдиди тарафдорони мухолифин, ки боиси аз сабқати интихоботӣ канор рафтани Морган Тсвангирай шудааст, маҳкум нахоҳанд кард. Мугабе рӯзи якшанбе барои мӯҳлати панҷсолаи дигар ба мақоми раёсатҷумҳурӣ интихоб шуд ва ин раъйдиҳӣ аз ҷониби раҳбарони ҷаҳонӣ чун як маъракаи тақаллубӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Дар пешорӯи нишасти раҳбарони кишварҳои африқоӣ дар Шарм-уш-Шайхи Миср, ки ба рӯзи душанбе таъйин шудааст, вазири хориҷаи Танзания Бернар Мембе гуфт, ки нишасти Иттиҳоди кишварҳои африқоии иборат аз 53 узв танҳо роҳи расонидани кӯмак ба ин қораро баррасӣ хоҳад кард, на мақоми раҳбарони интихобшударо. Танҳо 10 раҳбари африқоӣ ба мақоми худ дар натиҷаи интихоботи одилонаву шаффоф ва демократӣ интихоб шудаанд. Дар ҷараёни хушунатҳои марбут ба интихоботи Зимбабве дасти кам 86 нафар кушта ва 200 ҳазор тани дигар аз манзилҳои зисташон берун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG