Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни таҳқиқи парвандаи қатли Политковская


Муфаттишони рус имрӯз хабар доданд, ки таҳқиқи парвандаи қатли журналисти саршинос Анна Политковскаяро ба поён бурда, ба чаҳор гумонбаршуда айбнома эълон карданд. Кумитаи таҳқиқ дар изҳороташ се нафарро ба даст доштан дар ин куштор ва афсари Хадамоти Федероли Амнияти Русияро дар сӯистифода аз мақоми давлатияш айбдор кард. Ҳамаи онҳо дар моҳи август боздошт шуда, дар маҳбас ба сар мебаранд. Яке аз гумонбаршудагон, Сергей Ҳоҷиқурбонов собиқ афсари полис ва дуи дигар, бародарон Ҷабраил ва Иброҳим маҳмудовҳо аз Чеченистон мебошанд. Кумита нагуфтааст, ангезаи онҳо дар қатли Политковская чӣ буда, ҳар яке аз айбдоршудагон чи нақше дар ҳодиса доштааст.
XS
SM
MD
LG