Пайвандҳои дастрасӣ

Амри маъруфи руҳониён: Даъват ба куҷо?


Намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи Душанбешаҳр

Намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи Душанбешаҳр

«Азизони ман, якҷоя бо Қуръону Ҳафтяк илми дунявиро аз худ кунед. Дар мактабҳо илми кимиёву физика ва нуҷумшиносиву алҷабрро аз худ намоед...»

Эшони Нуриддин як рӯҳонии шинохтаи Тоҷикистон аст, ки зимни мавъиза ҷавононро ба омӯхтани илм даъват мекунад. Даъвате, ки на дар ҳама мавъизаҳои ӯ мебинем ва дар ваъзҳои рӯҳониёни дигари Тоҷикистон низ кам садо медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон ба далели роҳ додан ба таҳқиру иҳонат дар мавъизаҳояшон, соли гузашта фурӯши наворҳои мазҳабии Эшони Нуриддин ва рӯҳонии маъруфи дигар Ҳоҷӣ Мирзоро манъ карда буданд.

Масрури Абдуллоҳ, коршиноси тоҷик, низ мегӯяд, суханронии рӯҳониёни тоҷик яктарафа аст ва бештар ба мавзӯъоти кӯчаки динӣ ихтисос мешавад, ки он ҳам аз аҳамият холист. Оқои Абдуллоҳ мегӯяд, чунин мавъизаи рӯҳониён бояд саропо панду ахлоқӣ бошад ва орӣ аз дуруштгӯиву дағалрафторӣ: «Мутаассифона, амри маъруфҳо якҷонибаанд. Яъне танҳо масоъили диниро дарбар мегиранд. Масоъили тарбиявӣ ва одобу ахлоқ тақрибан, ки мушоҳида намешавад. Масалан, дар намозҳои ҷумъа одами бисёре ҷамъ меоянд ва вақти аз масҷид берун омадан, бисёр хархаша мекунанд, ки аз бетарбиятии онҳо шаҳодат медиҳад. Шахсан ягон маротиба аз ягон суханронии рӯҳониён нашунидам, ки ҳамин одоби аз масҷид баромадан чи гуна бояд бошад».

Гуфта мешавад, бештари рӯҳониёни тоҷик маълумоти олии донишгоҳӣ надоранд ва тарҳи ҷадиди қонуни дин ва созмонҳои динӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва мавриди баррасии ақаллиятҳои мазҳабӣ қарор дорад, имоматии ин гуна рӯҳониёнро имконнопазир мекунад. Дар сурати пешниҳод ва тасвиб шудани ин тарҳи ҷадид аз суи порлумон эҳтимол дорад, ки дари масоҷид барои рӯҳониёне мисли Эшони Нуриддин, Эшони Аллома, Эшони Абдувоҷид, Махдуми Исмоил, Эшони Маҳмудҷон, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигарон баста шавад.

Рӯҳониёне, ки дар дониш ва ҳам дар воизӣ, ба таъкиди коршиносон, аз бештари домуллоҳои соҳибмаълумот афзалтаранд, аммо диплом надоранд. Зеро дар моддаи 16-и ин тарҳи қонун навишта шудааст, ки «имомони масҷидҳои панҷвакта ва ҷомеъ шахсоне интихоб мешаванд, ки маълумоти олии динӣ доранд».

Бо ин вуҷуд, дар масҷиде, ки Эшони Нуриддин имоматӣ мекунад, ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа мардуми зиёде аз навоҳии гирду атрофи Душанбе, вилояти Хатлон ва баъзан аз вилояти Суғд меоянд, то аз мавъизаҳои Эшони Нуриддин ва Эшони Маҳмудҷон баҳра бардоранд. Ё намозгузорон ба ноҳияи Турсунзода барои шунидани мавъизаи Эшони Аллома ва ба масҷиди маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе барои шунидани Мулло Абдураҳим меоянд.

Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик дар умури мазҳаб, рӯҳониятро як ҷузъи зиндагии мардум медонад ва мегӯяд, ки мардум бо назардошти мусулмон будан ночор ба суханронии рӯҳониён гӯш медиҳанд. Аммо ба гуфтаи Зоҳири Давлат баёни мавъизаҳо дар мавриди боло бурдани фаҳмиш ва дониши динии ҷавонон муҳим ва муфид аст.

Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон ҳудудан 8 рӯҳонии маъруф ҳастанд, ки тақрибан ҳар ҳафта амри маъруфи худро дар CD, DVD ва аудиокассетҳо интишор медиҳанд. Нашрияи сиёсии «Нигоҳ» низ дар матлабе дар авохири соли гузашта аз ҷумлаи ин рӯҳониён Эшони Нуриддинро беҳтарин рӯҳонӣ ва воъиз эътироф ва дар радифи ӯ, номи Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигаронро низ ҷой дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG