Пайвандҳои дастрасӣ

Дарёфти сухангӯёни ҳақиқии ислом


Ҷамол ал-Бадавӣ ва чаҳор ситезаҷӯи мазҳабӣ дар додгоҳи Яман. 15 сентябри соли 2004.

Ҷамол ал-Бадавӣ ва чаҳор ситезаҷӯи мазҳабӣ дар додгоҳи Яман. 15 сентябри соли 2004.

Дар ҳоле ки ҳамагӣ 7%-и мусулмонон афкор ва аъмоли тундравона доранд, маҳз онҳо дар Ғарб аз ислом намояндагӣ мекунанд.

Яке аз пажӯҳишҳои гузаштаи Бунёди Геллап "Оё ислом дини террористист?" ном дошт. Пештар аз он муҳаққиқони ин марказ дараҷа ва сабабҳои эҳсосоти зиддиамрикоӣ дар ҷомеъаҳои мусулмонро таҳқиқ карданд. Баъдаш таносуби тундгароён ва таъодулхоҳон дар исломро мавриди омӯзиш қарор дод.

Аммо ин бор Бунёди Геллап натиҷаҳои густарда ва бисёрсолаи пажӯҳишҳои исломии худро омезиш дода, дар қиёс бо ҳам аз нав таҳлил кард ва зери унвони "Кӣ аз номи ислом мегӯяд?" дар шакли як китоб ба нашр расонд.

Посух ба пурсиш чунин аст, ки сухангӯёни ислом дар ҷаҳони Ғарб имрӯз асосан террористону тундравони мазҳабиянд. Таркишҳои худкушона, тазоҳуроти ҷунуномез, тафсирҳои барғалат ва иқтибосҳои муҷаррад чеҳраи исломро дар Ғарб ба таври ваҳшатангез ҷилва додаанд.

Дар Ғарб ба сахтӣ дар миёни ислом ва терроризм фарқ мегузоранд. Ҳол он ки ба гуфтаи Ривел Грехт аз Пажӯҳишгоҳи American Enetrprize ҷиҳодизм як ангал ва саратоне дар ҷисми ислом аст ва аз он беш аз ҳар каси дигар худи мусулмонон ранҷ мебинанд.

Ба гуфтаи коршиноси дигар, Ромӣ Хурӣ аз "Дейли Стар" ба нигаҳдошти вазъи феълии муносибатҳои миёни Ғарб ва ислом имрӯз зиёдтар аз ҳама тундравони ду ҷониб манфиатдоранд.

Шояд бо дарназардошти ҳамин ҳолат Бунёди Геллап хостааст, вазъро тағйир диҳад. Он ба даҳҳо ҳазор нафар аз мусулмонон минбар дод, то худ бигӯянд, кистанд, чӣ мехоҳанд, ба ин ё он падидаҳо чӣ назар доранд.

Дар натиҷа асаре ба миён омадааст, ки ба қавли Хурӣ, метавонад пиндоштҳои бедалел ва пешдоваронаи миллионҳо нафарро тағйир диҳад ва шояд аз ин роҳ ба беҳбуди сиёсати ҳукуматҳо кумак расонад.

Исқуфи масеҳӣ ва барандаи Ҷоизаи Нобел, Дезмонд Туту, ин асарро "садои аксарияти сокит" номид ва Дипак Чопра онро як дастури руимизии сиёсатмадорон, журналистон, омӯзгорону донишҷӯён ва муҳаққиқон.

Ҷессика Стерн, устоди ҳуқуқ дар Донишгоҳи Ҳарвард мегӯяд, пажӯҳиши тоза бо далелҳои қотеъ ва мантиқи раднашаванда нишон медиҳад, ки мусулмонони ҷаҳон айни ҳамон умеду ормонеро доранд, ки мардумони дигар доранд ва бо ҳамон мушкилоту изтиробе рӯбарӯянд, ки мардумони дигар рӯбарӯянд.

Аммо дар амал пажӯҳиши нав нишон додааст, ки ҳарчанд назари Ғарб ба ислом бештар сатҳӣ ва пешдоварона аст, дар муқобил назари мусулмонон ба Ғарб ғанитар ва таҳлилист.

Чунончи, мусулмонон дар байни кишварҳои Ғарб фарқ мегузоранд. Ҳамаи онҳоро яксон намешуморанд ва ба онҳо аз рӯи сиёсатҳояшон баҳо медиҳанд, на аз рӯи дин ё фарҳанг. Дар ҳоле ки аксари ғарбиҳо (57%) мегӯянд, ҳеч чизи ҷолибе дар ислом намебинанд, аксари мусулмонон (62%) ба демократияи Ғарб арҷ мегузоранд.

Аммо ҳарду ҷониб -- ҳам бештари мусулмонон ва ҳам аксари амрикоиён ҳама гуна беадолатӣ, фасоди маънавӣ ва шикасти арзишҳои суннатӣ, хушунат ба мардуми осоиштаро яксон мавриди танқид қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG