Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳузури пайравони ҷараёни салафия ба амнияти кишвар хатар эҷод намекунад.

Раҷабалӣ Муҳаммадалиев, раиси Идораи мубориза бо ҷиноёти муташаккили ин вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, пайравони салафия дар Тоҷикистон зиёд нестанд ва бо пайравони ҳанафия, ки аксарият дар кишварро ташкил медиҳанд, ихтилофоти ҷиддӣ надоранд. Оқои Муҳаммадалиев муддаъист, ки салафиҳо ҳамсони аъзои Ҳизбуттаҳрир одамонро бар зидди давлат намешӯронанд ва дунболи аҳдофи сиёсӣ низ нестанд.

Раҷабалӣ Муҳаммадалиев мегӯяд, фаъолияти пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон мамнӯъ нест ва салафиҳо низ пайваста қонунҳои ҷории Тоҷикистнро риоят мекунанд: «Барои як идея намешавад одамро маҳкум кард. Даъвои салафиҳо аслан роҷеъ ба усулҳои ибодат аст ва онҳо аксаран бо ходимони дин мухолифат доранд. Теъдоди зиёд надоранд ва ҷавонҳои зиёде низ аз онҳо ҷонибдорӣ намекунанд. Ҳарчанд то имрӯз бархе аз тарафдорони ҷараёни салафия ба мо маълуманд, вале ҳанӯз қонуншиканӣ, аз ҷумла даъват барои сарнагун кардани сохти давлатдорӣ аз ҷониби онҳо сар назадааст».

Бо эъломи ин нукта, Вазорати умури дохилаи Тоҷкистон иддаъои рӯҳониёни тоҷикро инкор кард. Қаблан, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як китоби дастаҷамъона воқеъияти таърихии салафиҳоро баён намуд ва ҳузури салафиҳоро барои амнияти кишвар зиёновар хонд.

Аммо худи пайравони салафия низ дар баҳсе бо рӯҳониёни ҳанафӣ гуфтаанд, ки рафтори онҳо бештар ба ҳақиқати Ислом наздиктар аст. Онҳо мегӯянд, иҷрогари қавли пайғамбар ҳастанд ва ислоҳи шеваи намозгузориро тақозо мекунанд.

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон, низ баҳси салафиҳоро бо пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифа як баҳси кӯчак мешуморад ва мегӯяд, то ҳанӯз миёни салафиҳо ва ҳанафиҳо бархӯрдҳои шадид рух надодаанд. Аммо оқои Қосиддинов таъсири манфии ҳузури салафиҳо дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафиро дар минбаъда сарфи назар намекунад: «Салафиҳо таъсири зиёде надоранд. Чунки онҳо низ як ҷузъи чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъа ҳастанд. Баҳсҳои ихтилофияшон низ баҳсҳои фаръиянд, баҳсҳои калидию усулӣ нестанд».

Ҳамдиллоҳи Раҳимзода, имомхатиби масҷиди марказии Душанбе, ҳузури ҷавонони навпайдоро, ки аксаран аз ҷараёни салафия ҷонибдорӣ мекунанд, ба нафъи кор намедонад. Вай мегӯяд, ҳадди аксари сокинони Тоҷикистн пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва таҳаммули одоти ғайримуқаррарии салафиҳоро надоранд. Салафиҳо дар Тоҷикистон чанде пеш пайдо шудаанд, ки оминро бо садои баланд ва даст рӯи сина намоз мегузоранд. Онҳо худро «эҳёгарони аҳли суннат» ва ҷараёни худро салафия унвон кардаанд.

Салафия як шохаи мазҳаби ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби ваҳҳобия як ҷо ном мебаранд. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия дар Тоҷикистон ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ду соли қабл шохаи тозапайдои салафияро маҳкум карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG