Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳон аз гаронӣ нигарон аст


Дар баъзе аз кишварҳои дар ҳоли рушд пас аз болоравии нархи маводи ғизоӣ мардум даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задаанд.

Дар Ҳаитӣ тазоҳуркунандагон рузҳои шанбеву якшанбе ҳукуматро сарнагун карданд.

Ба ҳамин далел, чунин ба назар мерасад, дар ин рузҳо болоравии нархҳо ба яке аз масъалаҳои муҳими байналмиллалӣ табдил ёфтааст. Ин масъала ҳоло дар ҳар мулоқот ё ҷаласаи муҳими байналмиллалӣ матраҳ мешавад. Масалан, дар поёни ҳафтаи гузашта дар як мулоқоти серузаи худ вазирони молияи шаш кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон Бритониёву Конодо, Фаронсаву Итолиё ва Ҷопону Амрико аз Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ хостанд, ки дар низоми молии ҷаҳон шаффофият ба вуҷуд ояд, то нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ танзим шавад. Дар мулоқот хотирнишон шуд, ки нархи маводи хурокӣ дар рузҳои оянда бештар боло хоҳад рафт. Роберт Зулик, раиси Бонки ҷаҳонӣ гуфт, бояд дар ҳамин рузҳо даст ба иқдомоти фаврӣ зад, то аз болоравии нархҳо пешгирӣ шавад.

Коршиносон мегуянд, боло рафтани нархи нафт дар ҷаҳон ва истифодаи ҳар чӣ бештари сухти биологӣ сабаби буҳрони кунунӣ, аз ҷумла болоравии нархи хурокӣ шудааст. Дар давоми як соли гузашта нархи орд ду баробар боло рафт. Аҳолӣ дар кишварҳои ақибмонда, мисли Тоҷикистон бештар ё аслан нони хушк истеъмол мекунанд ва гаронии орд ба онҳо душвориҳо пеш овардааст. Нархи биринҷ танҳо дар ду моҳи гузашта дар ҷаҳон 75 дарсад боло рафт. Чунин ҳолат нигаронҳо ба бор овардааст, зеро дар кишварҳои ақибмонда қисмати аъзами аҳолӣ тақрибан тамоми даромади худро барои харидории маводи ғазоӣ сарф мекунанд, то аз гуруснагӣ наҷот ёбанд.

Бо назардошти чунин шароит СММ гуфтааст, ки аҳолии чунин кишварҳо ба сабаби гаронии нархҳо тавони харидории маводи ғазоиро аз даст медиҳанд ва гуруснагӣ дар "чеҳраи нави худ" ба хонаводаҳои онҳо роҳ меёбад. Роберт Зулик, раиси Бонки ҷаҳонӣ тахмин мезанад, ки ду баробар боло рафтани нархи хурокӣ дар се соли ахир ҳудуди 100 миллион нафарро дар кишварҳои камдаромад ба умқи фақру нодорӣ тела медиҳад.

Барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи хурокӣ Кумитаи раҳбарии Бонки ҷаҳонӣ аз пешниҳоди оқои Зулик ҷонибдорӣ кард ва мумкин аст дар робита бо сиёсати ҷаҳонии нархҳо санаде ба тасвиб расад. Дар ин санад барои мубориза бо гуруснагӣ як силсила иқдомот пешниҳод хоҳад шуд. Ин санади Бонки ҷаҳонӣ бо номи "Тадобири ҷадид" мизони вомҳои худ ба бахши кишоварзии кишварҳои африқоиро ду баробар афзун хоҳад кард. Раиси Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки онҳо тибқи уҳдадорӣ маблағҳои худро барои такмили 500 миллион доллар камбуд дар Барномаи ҷаҳонии хорбор пардохт кунанд.

Аммо нигарониҳои бештар аз ин низ вуҷуд дорад. Масалан, Доминик Штраус, раҳбари Сандуқи байналмилалии пул ахиран ҳушдор дод, ки чунин душвориҳо, ба истилоҳи худаш "гоҳо бо ҷанг ба поён мерасад".

XS
SM
MD
LG