Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Бонки Ҷаҳонӣ ба вокуниши сареъ


Роберт Зеллик

Роберт Зеллик

Раиси Бонки Ҷаҳонӣ, Роберт Зеллик аз кишварҳои узви ин бонк даъват кард, фавран дар ҷилавгирӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии ғизо кӯмак кунанд. Дар акси ҳол, гуфт ӯ, афзоиши нархи хӯрокворӣ 100 миллион нафарро дар кишварҳои бенаво ба фақри амиқтар ғарқ мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул барои расидагӣ ба мушкил кумитаи муштарак таъсис додаанд. Бӯҳрони ғизо дар чандин кишвар ошӯбу беназмиҳо ба миён овардааст.

Ҷак Дюф, раҳбари Барномаи хӯрокворй ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти хабарӣ дар Рум, пойтахти Итолиё, гуфт, вазъият онгуна хатарнок аст, ки бояд дар Шӯрои Амният баррасӣ шавад. Вай гуфт: "Ман ҳайронам, ки чаро Шӯрои Амнияти Созмони Милал маро даъват намекунад, то баёнот бидиҳам ва ин масъалаҳоро баҳс кунем, зеро бисёр масъалаҳое, ки дар он ҷо баҳс мешаванд, чунин пайомадҳоеро барои сулҳу амнияти ҷаҳон ва ҳуқуқи инсон надоранд, ки ин масъала дорад. Одамон барои он ки зинда ва шарафманд бошанд, бояд пеш аз ҳама шикамашон сер карда шавад."

Вай изофа кард, ки дар ҳамин ҳоло ба 37 кишвар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад, аз ҷумла ба Ироқ, Афғонистон, Тоҷикистон ва ғайра. Ҷаноби Дюф гуфт, мардуми ин кишварҳо бе мадад аз берун ба рӯзҳои сахте рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки ба ин рӯйхати 37 кишвар ворид шудааст. Аксари кулли кишварҳои дигар аз Африқо буда, бархе аз онҳо чанд хушксоли пайиҳамро пушти сар мекунанд дар бархи дигар беназмиву ноамниҳо сабаби кишт нашудани заминҳо гаштааст.
XS
SM
MD
LG