Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) Тоҷикистонро яке аз 37 кишвари бар асари болоравии нархи маводи ғизоӣ мӯҳтоҷи кӯмакҳои башарӣ номидааст.

Мақомоти ин созмон мегӯянд, дар тӯли 36 моҳ нархи гандум дар ҷаҳон 181 дарсад боло рафт ва захираи гандум дар соли 2007 ба сатҳи поёнӣ расид. Раҳбари Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони милал ба ин маънӣ гуфтааст, моҳи июн дар шаҳри Рум намояндагони воломақоми кишварҳо ба ҳам меоянд, то мушкили норасоии гандумро баҳсу баррасӣ кунанд.

Шӯҳрат Эгамбердиев, коршиноси ин созмон дар Душанбе, мегӯяд, хушксолӣ ва таҳоҷуми малахҳо ба заминҳои корами Тоҷикистон низ вазъи таъмини мардум бо ғалладонаро бадтар хоҳанд кард. Ба назари вай, имкони боз ҳам боло рафтани қиммати маводи ғизоӣ ва камбуди он низ вуҷуд дорад. Коршиносони Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони милал пешбинӣ мекунанд, ки дар соли 2008 масрафоти гандум дар кишварҳои камбизоат афзун мешавад ва воридоти он дар ин сол ба 56 дарсад хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, Шигео Катсу, муовини раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, изҳор доштааст, ки бӯҳрон дар бозори ҷаҳонӣ дар навбати аввал ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зарбаи дандоншикан мезанад. Шигео Катсу гуфтааст, тӯли ин солҳои дароз ислоҳот дар риштаи иқтисод вазъи ин кишварҳоро як андоза беҳ карда буд ва ҳоло ҳамаи он талошҳо ба боди фано хоҳанд рафт. Катсу аз он мегӯяд, ки тибқи пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ агар ҳатто 5 дарсад арзиши маводи ғизоӣ боло равад, он мизони камбизоатӣ дар кишварҳоро то 2-3 дарсад боло хоҳад бурд.

Бонки Ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки чунин пастравии мизони иқтисод дар Руминиё, Укроин, Латвиё, Хорватиё, Маҷористон ва ҳатто дар кишвари бой аз захоири энержӣ мисли Қазоқистон ҳам эҳсос мешавад. Аммо дар Тоҷикистон боло рафтани қиммати маводди ғизоӣ ҳодисаи нодир нест. Нуриддин Қаюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, мегӯяд, болоравии нархҳоро дар кишвар наметавон пешгирӣ кард, чун маводи ғизоӣ аксаран ба Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсояи наздику дур ворид мегардад.

Оқои Қаюмов роҳи раҳоӣ аз ин бӯҳрони қимматиро танҳо дар он мебинад, ки истеҳсоли молҳои дохилӣ ҳарчи бештар ба роҳ монда шавад. Вай мегӯяд, «нархи маводи ғизоӣ дар берун аз ҷумҳурии мо ташаккул меёбад. Ягона роҳе, ки бо истифода аз он метавонем мизони нархҳоро дар бозор мӯътадил нигоҳ орем, зиёд намудани маҳсулоти ватанӣ аст. Барои ҳамин, фикр мекунам, ҳарчанд пешгӯйиҳои Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони милал чандон дақиқ нестанд, вале ҷон доранд».

Аммо бештари коршиносон аз гарм омадани ҳавои баҳору тобистони имсол мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки хушксолӣ барои афзун кардани захоири дохилии гандуму меваҷот имкон намедиҳад. Ва чунин пешбинӣ сокинони одии кишварро, ки азияти гуруснагӣ ва камбизоатии даврони ҷанги дохилии Тоҷикистонро дидаанд, дар ҳарос гузоштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG