Пайвандҳои дастрасӣ

«-Орд чанд шуд? -118. -Чаро ин қадар қимат? -Орд дар ҷояш ҳамин қадар аст. Мо камтар дар болояш зам мекунем»

Ин порае буд аз муколамаи як харидор ва фурушандаи орду равған дар яке аз бозоҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. Ин корафтодаи бозор, ки баъдан ба мо худро Меҳроҷиддин Зиёев - сокини ноҳияи Нуробод муаррифӣ кард ва пас аз пурсидани нархи орду равған ошуфтаву нороҳат ба назар мерасид ва ба суоли мо, ки оё чаро чизе харид накарда, мехоҳад бозорро тарк кунад, чунин посух дод: «Охир ин нархи орд ба ҷайби ман ҳеҷ мувофиқат намекунад. Як орд не, балки ҳама чиз қимат шудааст. Намедонам, чи хел зиндагӣ мекарда бошем, чи мехурда бошем».

Дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти аввалия, аз ҷумла гушту равғану орд ва шакар пайваста боло меравад. Агар ҳафтаи пеш як халта орди навъи якум 107-108 сомонӣ қимат дошта бошад, ҳоло аз 117 то 120 сомонӣ арзиш дорад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки, тибқи омори расмӣ, маоши миёнаи аҳолии кишвар аз 100 сомонӣ беш нест ва ғизои ҳамарӯзаи бахши аъзами хонаводаҳо дар Тоҷикистон нону шакар ва равған мебошад, ки нархи онҳо низ ба маротиб боло рафтааст. 1 кило гушти гов аз 15 сомонӣ ба 20 сомонӣ боло рафтааст, нархи сабзавот, картошка пиёзу сабзӣ ва карам, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, низ рӯзҳи ахир болотар рафтааст.

Мусоҳиби дигари мо сокини Душанбе Зарафшон Исмоилова мегуяд, овозаҳо ҳаст, ки нархи орд боз ҳам болотар меравад ва то 70 доллари амрикоӣ мерасад. Вай мегуяд, ӯ 8 фарзанд дорад ва зани танҳо аст. Ҳоло, ки бо нархи ҳозирааш ордро харида наметавонад, пас дар сурати 70 доллар шудани як халта орд вай куллан имкони таъмини фарзандонашро аз даст медиҳад.

Дар ҳамин ҳол хабари боз ҳам болотар рафтани нархи ордро фурушандаи дукони орд низ, тасдиқ кард ва гуфт, «ман рӯзи гузашта шунидам, ки орд то 70 доллар қимат мешудааст. Хайр, ҳоло ба ҳар ҳол кам-кам мардум орд харида истодаанд, баъд чи мешуда бошад, намедонам».

Бесобиқа ва пайваста болоравии қимати маҳсулоти хурданӣ дар бозорҳои кишвар ва рӯз то рӯз ногувортар шудани вазъи иқтисодӣ сабаби афзоиши муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар низ гаштааст, зеро ягона манбаъ ва воситаи таъмини оилаҳо дар Тоҷикистон муҳоҷирони корӣ мебошанд. Абдуманон, як сокини ноҳияи Рашт, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вай 10 сол аст, ки ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Русия рафтуой мекунад ва бо сабаби беморӣ мехостааст имсол аз муҳоҷират худдорӣ кунад ва дар назди пайвандонаш бимонад, аммо мегуяд, «ин нархи хурдани дар як ҷой намеистад. Ҳар рӯз боло меравад. Мо муҳоҷирон наметавонем оилаҳоямонро таъмин кунем. Акнун касал ҳам бошам маҷбурам боз ба Русия равам».

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, давлат тавони пешгирӣ аз болоравии қимати маводи ғизоиро надорад ва мардуми камбизоати кишвар ба кумакҳои башардустона умед мебанданд, ки он низ олудаи фасод буда, ба табақаи воқеан ниёзманди ҷомеа намерасад.

XS
SM
MD
LG