Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии «Вахш» дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз идомаи мубориза барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки дар шаҳри Ишқобод ҷараён дорад, маҳрум гардид.

Барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки дар нахустин дидори худ дар гурӯҳи «С» бар дастаи «Небитчӣ»-и Туркманистон бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуда буд, дар даври дувум аз тими «Ишқобод» бо натиҷаи 1:3 ва дар даври севум аз тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон бо натиҷаи 0:4 шикаст хӯрд.
Бад-ин тартиб, «Вахш» аз 3 бозӣ 3 имтиёз ба даст овард ва дар гурӯҳи худ дар дар байни чаҳор даста зинаи севум қарор гирифт.
Дастаи «Ишқобод», қаҳрамони Туркманистон, ки бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб кард, дар бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон 29-уми феврал бо дастаи МТТУ – Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия, ғолиби гурӯҳи «В», мубориза мебарад. Лозим ба тазаккур аст, ки ба дастаи ғолиби бозии ниҳоӣ 20 000 доллар ва ба тими мағлуб 10 000 доллар супурда мешавад.
Тими мунтахаби ҷавонони Эрон, ки бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «С» ҷои дувумро соҳиб шуд, бо дастаи «Мика»-и Арманистон, ғолиби гурӯҳи «А», барои дарёфти ҷоизаи севум ва 5 000 доллар талош хоҳад кард.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳҳо
Гурӯҳи «А»
Б Ғ М Б Т И
1. "Мика" 2 1 1 0 2-0 4
2. Дастаи ҳаваскорони
Туркия 2 1 1 0 1-0 4
3. "Шагадам" 2 0 0 2 0-3 0
Гурӯҳи «В»
Б Ғ М Б Т И
1. МТТУ 2 2 0 0 3-1 4
2. "Дордой-Динамо" 2 0 1 1 2-3 1
3. "Рубин-2" 2 0 1 1 1-2 1
Гурӯҳи «С»
Б Ғ М Б Т И
1. "Ишқобод" 3 3 0 0 5-1 9
2. Эрон (ҷавонон) 3 2 0 1 5-1 6
3. "Вахш" 3 1 0 2 3-8 3
4. "Небитчӣ" 3 0 0 3 1-4 0
XS
SM
MD
LG