Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз чӣ метарсад?


Матбуоти Ғарб мегӯяд, як ҳадафи таҳримоти зидди Русия зоҳиран зарба ба манбаъҳои даромади раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин аст ва ин ҳокими кунунии Кремлро хеле сахт метарсонад.

Нашрияи амрикоии Wall Street Journal дар матлабе бо номи “Путин аз чӣ” матарсад?” аз қавли вазорати дороии Амрико бонки таҳримшудаи “Россия”-ро “бонки шахсӣ”-и раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбари ин бонк Иля Ковалчукро, ки консули ифтихории Таиланд ҳам будааст, яке аз “хазинадорҳо”-и Путин номидааст.

Ба навиштаи Wall Street Journal , дар бораи иртиботи байни бонки “Россия” ва Путин ҳанӯз 10 сол пеш рақиби ӯ дар интихоботи соли 2004 Иван Рибкин сӯҳбат карда буд. Гуфта мешавад, бонки “Россия” ҳанӯз дар даврони муовини шаҳрдори Петербург будани Путин дар соли 1992 дар маркази як моҷарои дуздии 92 миллион доллар қарор гирифта буд. Ин пул бахше аз садҳо миллионе буд, ки бояд барои харидани ғизо барои сокинони шаҳр сарф мешуд, вале як бахши бузургаш аз сӯи атрофиёни шаҳрдори Петербург Анатолий Собчак “обулой” шудааст. Он вақт, албатта, Путинро ҳамчун Путин касе намешинохт.

Бонки “Россия” дар посух ба тасарруфи Қрим аз сӯи Маскав ҳадафи таҳримоти Амрико қарор гирифт. Владимир Путин ба дунболи эълони ин таҳримҳо гуфт, дар ин бонк шахсан ҳисоби алоҳида кушода, маошашро аз ин ба баъд ба ҳамин ҳисоб интиқол хоҳад. Чандин мақоми дигари рус билофосила аз ин “ташаббус” пайравӣ карданд. Путин ҳамин тавр, баъди масдуд шудани дастрасии муштариёни бонки “Россия ба шабакаҳои байналмилалии кортҳои пластикӣ, аз ҷумла Visa ва Mastercard ба ниҳодҳои бонкии Русия ҳатто амр дод, ки як шабакаи миллии кортҳои пластикиро ҳам ба вуҷуд биоранд.

Юрий Ковалчук
Юрий Ковалчук
Нашрияи бритониёии Financial Times қаблан хабар дода буд, ки хеле аз муомилоти молии “Газпром” ҳам ба бонки Русия вобаста шуда, ин роҳи бонкро ба миллиард доллар фоидаи ин бузургтарин ширкати гази дунё боз мекунад. Ҳамин тавр, яке аз саҳомдорони бонки “Россия” Геннадий Тимченко, миллиардери хеле наздик ба Путин, ки кассири дигари ӯ ҳам номида мешавад, мебошад. Танҳо хориҷӣ дар Шӯрои мудирони бонк Маттиас Варниг, мудири тарҳи лӯлаи гази Nord Stream ва ҷосуси собиқи “Штазӣ”- идораи ҷосусии Олмони коммунистист. Путин ба навиштаи Wall Street Journal, Варнигро аз замони Шӯравӣ, ки дар Олмони коммунистӣ барои КГБ кор мекард, мешинохт.

Nord Stream яке аз тарҳҳои пуриддаои давлати Путин аст, ки ба хотири коҳиш додани вобастагии Русия аз транзити газаш тавассути кишварҳои гапнодарое, чун Украина ё Лаҳистон, сохта мешавад. Аз тарафи дигар, ин лӯла мебоист мавқеи гегемонии “Газпром” дар бозори гази Аврупоро тақвият медод ва як василаи “харидан”-и сиёсатмадорони олмонӣ ҳам буд. Қарори маълум, барои собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдер дар ҳамин тарҳ як мақоми масъулияташ кам, вале маошаш хеле бузург таъсис додаанд, ки дар Ғарб ин таъйинот ба вокунишҳои хеле зиддунақиз ва бештар манфӣ дучор шудааст.

Матбуоти Ғарб қаблан ҳам ҳадс мезад, ки як ҳадафи аслӣ аз таҳримоти Амрикову Аврупо алайҳи Русия дар пайи тасарруфи вилояти Қрими Украина шояд зарба ба манбаъҳои даромади худи Путин ва атрофиёни ӯст. Боздошти миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ дар таърихи 13 март дар Австрия, ки бо дархости Амрико дастгир шуд, низ аз ҳамин зовия арзёбӣ мешуд. Фирташ дар муомилоти газ бо Украина яке аз миёнаравҳои асосӣ ба шумор мерафт ва ӯро аз нафарони мӯътамади Владимир Путин ҳам меноманд. Ба бунболи боздошти ӯ расонаҳои ғарбӣ навиштанд, ки шояд аз Фирташ ошкор крадани схемаҳои махфии муомилоти газро, ки дар натиҷаи он гумон меравад, ки миллиардҳо доллар ба ҷайби мансабдорони фосид мерехт, ва то куҷо даст доштани худи Путин дар ин ҳама муомилаҳоро бихоҳанд.

​Wall Street Journal дар матлабаш чанд масъалаеро, ки метавонад мояи тарсҳои асосии Владимир Путин шаванд, баршумурдааст. Ба ақидаи муаллиф Ҳолман Ҷенкинс, “оқои Путин метарсад, ки мабодо мардумаш ба хиёбонҳо бирезанд. Ӯ метарсад, ки дӯстонаш ба натиҷае бирасанд, ки милилардҳои онҳо таҳти контроли ӯ дигар амн нест. “

Вале як мояи дигари тарси Путин метавонад эҳтимоли ошкор шудани ҷузъиёти ҳаводисе бошад, ки дар соли 1999 роҳи ӯ ба сӯи қудратро боз кард. Сухан дар бораи силсилаи ҳамлаҳои террористӣ ва таркондани чандин бинои истиқоматӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия меравад, ки 15 сол пеш масъулияти 300 қурбонии ин ҳамлаҳоро ба ҷангиёни ҷудоиталаби чечен бор карда, бо ҳамин баҳона ба ҷанги дувуми Чечеченистон – қартаи асосии пирӯзии Путин дар интихоботи соли 1999 – оғоз карданд.

Дар ҳамон айём аз як талоши дигари таркондани бинои истиқоматӣ дар шаҳри Рязан ҳам пешгирӣ шуда, се афсари хадамоти амниятии Русия ҳангоми гузоштани маводи мунфаҷира дар таҳхонаи ин бино дастгир шуданд. Кремл танҳо баъди 36 соат гуфт, ки дар Рязан гӯё машқе буд барои санҷидани омодагии мардум ба ҳамлаҳои террористӣ. Тавҷеҳе ки ҳамон вақт ҳам кам касе бовараш мекард. Ва ҳоло ки даврони раҳбарии Путин дар як марҳалаи хеле чолишбарангез қарор гирифтааст, ин қазияи машкук дубора ба як мавзӯъи матраҳ дар матбуот табдил мешавад ва чанд нашрия, аз ҷумла La Stampa, Svenska Dagbladet ва “Московская правда” ҳадс задаанд, ки дар пушти он ҳамлаҳо шояд худи давлати Русия меистод.
XS
SM
MD
LG