Пайвандҳои дастрасӣ

Евгений Киселёв: “Ман аз шаҳрванди Русия буданам шарм медорам”


Евгений Киселёв

Евгений Киселёв

Ровии маъруфи телевизион Евгений Киселёв инъикоси ҳаводиси Украина дар телевизионҳои Русияро ба пропагандаи даврони Йозеф Геббелс монанд мекунад.

Шабакаҳои телевизионии Русия маъмулан инқилоби Украинаро табаддулоти авбошона, иштирокдорони тазоҳурот дар Майдонро миллатгароҳо ва ҳукумати навро ғайриқонунӣ мехонанд. Ҳамзамон бо ин шабакаҳои русӣ аз азоби мардуми русзабон дар зери фишори “бандерҳо” ҳикоят мекунанд. Телевизионҳо аз мақомот дастур гирифтаанд, ки бештар дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ дар Украина, ҷанг барои қудрат ва хилофкориҳои аҳли майдон гузориш таҳия кардаву ба дунбол акси ин ҳамаро дар Қрим намоиш диҳанд.

Рӯзноманигор ва таҳлилгари шинохтаи рус, собиқ раҳбари аршади шабакаи телевизионии НТВ Евгений Киселёв, ки ҳоло дар Киев кор мекунад, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ шеваи таблиғоти телевизионҳои Русия алайҳи Украинаро ба фаъолияти кормандони Йозеф Геббелс, вазири пропагандаи Адолф Ҳитлер дар Олмони фашистӣ шабоҳат медиҳад.

Оё қатъи барномаҳои телевизиони Русия дар Украина ва ба рӯйхати таҳримоти байналмилалӣ ворид шудани Дмитрий Киселёв - яке аз рӯзноманигорони зиддунақизи Русия - тавҷеҳ доранд? Бо ин ва чанд суоли дигар Озодӣ рафт ба сӯҳбати Евгений Киселев.

Озодӣ: Агар як сокини Русия, ки хеле кунҷков аст ва бо таҳаввулоти Украина танҳо аз нуқтаи назари шабакаҳои телевизионии кишвари худ ошно шудааст, аз шумо пурсад, ки ҳадафи инқилоби Украина чӣ буд?, шумо ба ин суол чӣ ҷавоб медиҳед?
Евгений Киселёв: Метарсам, сӯҳбат бо нафаре, ки танҳо барномаҳои телевизиони Русияро дидааст ва ба ҳарчӣ ки гуфтаанд, бовар кардааст, мушкил мебуд. Зеро ҳарчӣ ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии Русия пахш мешавад, таблиғоти девонавор аст. Мутаассифона, боло рафтани мизони эътибори сиёсати Путин далели ин аст, ки таблиғот корашро кардааст. Вале дар ҳар сурат, ман талош мекардам, ба ҳамсӯҳбатам фаҳмонам, ки ҳарчӣ аз ҳамфамилияи ман Димитрий Кисилев ва рӯзноманигарони дигари рус шунидааст, фаромӯш кунад. Ман ба ҳамсӯбатам мегуфтам, ки косаи сабри мардуми Украина лабрез шуд ва онҳо дигар вуҷуди Янукович, аҳли “оила”-и ӯ - нафаронеро, ки ё аз рӯи дӯстӣ ва ё манфиатҳои корӣ бо писари раисиҷумҳур, мисли “Политбюро” ба ҳам омада буданд, таҳаммул накард. Аксари онҳое, ки дар майдони марказии Киев тазоҳурот карданд, одамони маъмулӣ ва то ҷое аз сиёсат дур буданд. Мисли ману шумо намояндагони синфи миёна буданд.

Озодӣ: Мубаллиғон дар Русия ва телевизионҳояш тасвири фантастикиеро ба мардум нишон медиҳанд, ки аслан воқеият надорад. Шумо аз идеяи қатъ шудани шабакаҳои телевизионии Русия дар Украина пуштибонӣ мекунед?

Евгений Киселёв: Ман ба ин масъала бархӯрди якранг надорам. Зеро шабакаҳои русӣ танҳо хабар ё барномаҳои хабарӣ, ки ахиран комилан таблиғотӣ шудаанд, пахш намекунанд. Дар ин шабакаҳо баъзан барномаҳои хуби ғайрисиёсӣ ва филму сериалҳо низ намоиш медиҳанд. Аз тарафи дигар тасаввур кардан душвор аст, ки нашрияи фашистии “Фёлькишер Беобахтер” дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қаламрави Британия ё Ийолоти Муттаҳида пахш мешуд. Дар масъалаи шабакаи “Russia Today” бошад, барои ман ҷолиб ин аст, ки давлатҳое, ки ин шабака дар онҷо пахш мешавад, чӣ кор хоҳанд кард? Зеро “Russia Today” нусхаи модерни “Фёлькишер Беобахтер” аст.

Озодӣ: Ҳоло баҳсе ҷараён дорад, ки таҳримоти байналмилалӣ ба рӯзноманиорон низ пахш шавад ё не? Аз ҷумла ба журналисти ҳафамилияи шумо Дмитрий Киселёв?
Дмитрий Киселёв

Дмитрий Киселёв

Евгений Киселёв: Қавонини дунёи мутамаддин, эҳтиром ба озодии баён, озодии афкори рӯзноманигор ва изҳори ақидаи хабарнигор ба инсонҳое, мисли Дмитрий Киселев дахл надоранд. Ин қонунҳо наметавонанд аз Гебельс ҳимоят кунанд. Дар таърихи матбуот ҳодисаҳое буд, ки журналистҳо на танҳо ба таблиғгар, балки ба қосидони ақидаҳои ифротгароёна, ақидаҳои бисёр ғайриинсонӣ ва ғайриқобили қабул барои як ҷомеъаи мутамаддин табдил ёфтанд. Инҷо ҳеҷ рабте ба озодии баён нест, ҳарчанд шояд амрикоиҳо, ки ислоҳи аввал ба Қонунии асосии Ийолоти Муттаҳидаро ба таври густарда шарҳ медиҳанд, ба ақидаи ман розӣ нашаванд.

Озодӣ: Ҳоло бисёриҳо аз ин нигаронанд, ки Русия барои ҳуҷум ба Украина омода мешавад Нерӯҳо дар сарҳад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтаанд ва таблиғоти пеш аз ҷангӣ низ рӯ ба роҳ аст. Шумо чӣ эҳсос доред, ба фикри шумо, Русия ҳуҷум мекунад?

Евгений Киселёв: Мутаасифона, ин кор шуданӣ аст. Намехоҳам қосиди хабари бад бошам, аммо ман инро истисно намедонам. Аломатҳои истихборотии ин гуна ҳуҷум бармалоянд. Ман аз пайдо шудани бемористонҳои сайёр, мошинҳои махсуси дорои баландгӯяк, шабакаҳои сайёри радиоӣ барои муроҷиат ба рақибони дар муҳосира, ё таслимшаванда ё баръакс дастболо, ки таслим шуданӣ нест, нороҳат ҳастам. Ман аз баёнияҳои пофишоронаи мақомоти расмии Русия, ки мегӯянд, ҳеҷ ҳуҷуме дар пеш нест ва гӯё ҳама кор танҳо барои таҳкими марз аст, нигаронам. Ин вазъият ҳолати пеш аз тасарруфи Қримро ба ёд меорад. Он вақт низ гуфта буданд, ки ҳеҷ амалиёти ҳарбие дар пеш нест ва ҳеҷ нақшаи тасарруф матраҳ нест. Аммо дар ниҳояти дидем, ки Русия Қримро аз худ кард.

Озодӣ: Тирамоҳи гузашта хабаре пахш шуд, ки гӯё шумо мехоҳед шаҳрванди Украина шавед. Аммо баъдан хабари дигар нашр шуд, ки гӯё суханони шуморо таҳриф кардаанд. Ҳоло, баъди инқилоб шумо шумо дигар дар ин бора фикр
накардаед?

Евгений Киселёв

Евгений Киселёв

Евгений Киселёв: Ман ҳеҷ гоҳ аз ин андеша, ки аз мақомоти Украина дархости шаҳрвандӣ кунам, даст накашидаам. Ман солҳо боз дар инҷо зиндагӣ дорам ва Украинаро ватани дуюми худ мешуморам ва мехоҳам ба ин кишвар рабт дошта бошам. Ман намехоҳам бахши кишваре бошам, ки ба сари Украина лашкар мекашад. Ман аз шаҳрванди Русия буданам шарм медорам. Ростӣ, ман намехостам шаҳрвандии Украинаро аз дасти Виктор Янукович бигирам. Барои ҳамин интихоботро мунтазир будам, ки шояд нафари дигар раисҷумҳур интихоб шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG