Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 октябр: "Помир" (Душанбе) - "Спартак" (Маскав)


Ҳайати "тилоӣ"-и "Помир" (Душанбе) дар поёни солҳои 80
Ҳайати "тилоӣ"-и "Помир" (Душанбе) дар поёни солҳои 80

Рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав баргузор мешавад.

Рӯзи шанбеи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав барпо мегардад.

Ин бозиро Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба муносибати 25-солагии нахустин ширкати “Помир”-и Душанбе дар чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ (соли 1989) ташкил кардааст.

Ба иттилои ФФТ дар ин бозии рафиқона дар ҳайати собиқадорони “Спартак”-и Маскав ситораҳои машҳури футбол, ба мисли Юрий Гаврилов, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Георгий Ярцев, Руслан Нигматуллин, Валерий Шмаров, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, , Юрий Ковтун, Валерий Кечинов, Андрей Пятнитский, Рамиз Мамедов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский ва Александр Кокорев ба майдон меоянд. Мураббиҳои даста Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович мебошанд.

Дар ҳайати “Помир” дурахшонтарин ситораҳои футболи солҳои 70 - 80-ум, бо шумули Владимир Ғуломҳайдаров, Валерий Турсунов, Станислав Карасёв, Алексей Чередник, Андрей Мананников, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Владимир Ермолаев, Олимҷон Рафиқов, Абдуғаффор Юлдошев, Вазген Манасян, Ҳаким Фузайлов, Владимир Долганов, Александр Пилюгин, Наримон Палабуюк, Сулаймон Бобокалонов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Шӯҳрат Мамадҷонов, Азамат Абдураҳимов ва дигарон бозӣ хоҳанд кард. “Помир”-ро ба ҳайси мураббӣ барои ин бозӣ Мураббии шоистаи СССР Шариф Назаров омода мекунад.

Ҳайати "тилоӣ"-и "Помир" (Душанбе)
Ҳайати "тилоӣ"-и "Помир" (Душанбе)

Нархи чиптаи тамошои бозӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ – 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо ин чипта мухлисон метавонанд, инчунин дар бозии лотерея, ки баъди анҷоми вохӯрии рафиқона доир мешавад, иштирок кунанд. Бурди асосии лотерея - мошини сабукрави тамғаи “Мерседес – Бенс.”

Бозии рафиқонаи собиқадорони “Помир” - “Спартак” рӯзи шанбеи 25 октябр, соати 17 шурӯъ мешавад. Қабл аз оғози бозӣ ҳунармандони маъруфи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд. Баъдан расми кушоиши бозӣ барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми октябри соли 1990 "Помир" дар бозии даври 27-уми чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар “Спартак”-и Маскав бо ҳисоби фавқулоддаи 5-1 пирӯз шуда буд. Он ғалаба то кунун яке аз нуқтаҳои авҷи шӯҳрати футболи тоҷик шинохта мешавад.

Аммо суол ин аст, ки оё натиҷаи ин рақобат баъди 24 соли он бозии таърихӣ кадом хоҳад буд? Оё "Помир" метавонад дигарбора бар ин рақиби хушномаш бо ҳисоби фавқулоддае, назири 5 бар 1-и соли 1990 дастболо шавад?

Лаҳзаҳои он бозии таърихиро метавонед аз ин видео тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG