Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: "Помир" (Душанбе) - "Спартак" (Маскав). Такрор - баъди 24 сол


Ҳайати "тилоӣ"-и "Помир" (Душанбе)
Ҳайати "тилоӣ"-и "Помир" (Душанбе)

Интизор меравад, рӯзи 25 октябр дар шаҳри Душанбе бозии ветеранҳои тими “Помир”-и Душанбе бо бошгоҳи машҳури “Спартак”-и Маскав доир шавад.

Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи марказии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бозии собиқадорони бошгоҳҳои “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав доир хоҳад шуд.

Интизор меравад, дар ин бозӣ, ки зоҳиран ба 25-солагии рақобати қаблии ин ду тим дар ҳамин варзишгоҳи он замон ба Михаил Фрунзе, бахшида мешавад, дурахшонтарин ситораҳои солҳои 70 ва 80-уми “Помир” ва “Спартак” ширкат кунанд.”Помир” дар соли 1990 бо ҳайате, ки то ҳол “ҳайати тилоӣ”-и ин даста ном бурда мешавад, тими шӯҳратёри “Спартак”-ро дар ин варзишгоҳ бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дода буд. Он пирӯзӣ нуқтаи авҷи олии шӯҳрати “Помир” дар Шӯравии собиқ дониста мешавад.

Акнун интизор меравад, дар ҳайати ветеранҳои “Спартак”-и Маскав ситораҳои машҳури футбол, аз ҷумла Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Валерий Кечинов, Георгий Ярцев, Валерий Шмаров, Андрей Пятнитский, Юрий Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский ва Александр Кокорев ба Душанбе биоянд. Мураббиҳои даста Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович хоҳанд буд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев - мураббии кунунии тими миллии Тоҷикистон
Мӯҳсин Муҳаммадиев - мураббии кунунии тими миллии Тоҷикистон

Бино ба гузориши Федеросиюни футболи Тоҷикистон, дар ҳайати “Помир” дурахшонтарин ситораҳои солҳои 70 ва 80-аш, бо шумули Андрей Мананников, Станислав Карасев, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимҷон Рафиқов, Шӯҳрат Мамаҷонов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Эдгар Гесс, Наримон Палабуюк ва дигарон ба майдон бароянд. “Помир”-ро ба ҳайси мураббӣ барои ин бозӣ муррабии шоистаи СССР Шариф Назаров омода хоҳад кард.

Зимнан Эдгар Гесс, ки аз дурахшонтарин ситораҳои футболи Тоҷикистон дар асри 20 ба шумор меравад, метавонад футболкаи "Спартак"-ро ҳам ба тан кунад, чунки баъди қариб 10 соли ҳунарнамоӣ дар "Помир" ӯ чанд соли дигар хеле бомуваффақият дар ҳайати "Спартак"-и Маскав бозӣ карда буд.

Аммо суол ин аст, ки оё натиҷаи ин рақобат баъди 24 соли он бозии таърихӣ кадом хоҳад буд? Оё "Помир" метавонад дигарбора бар ин рақиби хушномаш бо ҳисоби фавқулоддае, назри 5 бар 1-и соли 1990 дастболо шавад?

Лаҳзаҳои он бозии таърихӣ аз 13 октябри соли 1990-ро метавонед аз ин видео тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG