Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон 4 чӯпон ва чорвои онҳоро раҳо кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Узбакистон баъди як ҳафтаи боздошт 4 чӯпон аз ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистонро ҳамроҳ бо чорвояшон озод кардаанд.

4 чӯпон аз рустоҳои Майката ва Ғарибаки ноҳияи Панҷакент баъди як ҳафтаи боздошт дар Узбакистон озод шуда, ба хонаҳои худ баргаштаанд. Ин 4 чӯпон - Раҳимҷон Кӯчаков (соли таваллудаш 1989), Ғолиб Шодиев (соли таваллудаш 1990), Ашраф Раззоқов (соли таваллудаш 1981) ва Хурсандмурод Қаҳҳоров (соли таваллудаш 1986) - рӯзи 23 август ҳамроҳ бо тақрибан 2776 сар чорво дар марзи Панҷакент бо ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Узбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуда буданд.

Дилмурод, як сокини рустои Майката рӯзи 31 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамаи 4 чӯпонро шоми 30 август озод карданд ва онҳо ҳоло машғули ба соҳибонашон тақсим кардани чорвои мардум мебошанд.”

Рустам Қаҳҳоров, раиси ҷамоати Амондараи Панҷакент, ки рустоҳои Майката ва Ғарибак ба ҳамин ҷамоат шомил мешаванд, низ дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари раҳоии чӯпонҳоро тасдиқ кард: “Ҳам чӯпонҳоро ҷавоб доданд, ҳам чорворо. Ягон мушкил нест дигар. Озодии онҳо дар натиҷаи гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Узбакистон муяссар шуд."

Дар пайи боздошти ин 4 чӯпон гуфта мешуд, ки онҳоро субҳи барвақти 23 август замоне дастгир карданд, ки рамаи гӯсфандашон дар пайи борон аз марз гузаштааст ва чӯпонҳо, ки дар як каппа шабро рӯз мекарданд, барои пас гардондани рама маҷбур шудаанд аз марз гузаранд.

Раҳоии ин 4 чӯпон ва он ҳам дар зарфи ҳамагӣ 1 ҳафта аз боздошт дар Узбакистон аз мавридҳои ангуштшуморест, ки чунин зуд ҳал шуд. Маъмулан баррасии қазияҳои “убури ғайриқонунӣ аз марз” аз сӯи мақомоти Узбакистон хеле тӯл мекашад ва дар бисёр мавридҳо бо ҳукми зиндони чӯпонҳо ва мусодираи чорвои онҳо анҷом мешавад.

Ду сол пеш марзбонони Узбакистон 5 чӯпони дигари сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт ва ба зиндон маҳкум карданд. Бо гузашти як моҳ онҳо ба Тоҷикистон истирдод шуданд, вале рамаи бузу гӯсфандонашон, ки ҳамчунин зиёда аз 2000 сар буд, дар Узбакистон монд.

Ҳамин тавр, 5 сокини рустои марзии Фароби Панҷакент низ дар моҳи июли соли 2013 ҳангоми алафдаравӣ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз аз сӯи марзбонони Узбакистон дастгир шуданд. Дар байни онҳо як навраси 12-сола ва марди 74-сола низ буданд ва баъди музокироти тӯлонии мақомоти Тоҷикистон бо Узбакистон ҳардуи онҳо ва баъдан боз дуи дигарро озод карданд. Вале як нафари боқимонда аз ин шумор то ҳол дар зиндони Узбакистон адои ҳукм мекунад.

Узбакистон аз поёни солҳои 90 бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя режими раводид ҷорӣ карда, марзҳояшро минакорӣ кард. Ва он ҳам дар ҳоле ки раванди таъин ва аломатгузории 1332 километр марзи давлатии байни Узбакистону Тоҷикистон то ҳол анҷом наёфтааст ва минтақаҳои баҳсӣ дар ин марз, ки ҳарду ҷониб қаламрави худ мешуморанд, хеле зиёд аст. Дар ин муддат даҳҳо сокини Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Узбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир ва бисёре аз онҳо ҳатто маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ахиран гузориш шуда буд, ки дар натиҷаи ин боздоштҳо дар марз беш аз 6700 сар чорвои марбут ба сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон бебозгашт дар дасти Узбакистон мондааст.

XS
SM
MD
LG