Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 4 моҳ аз қазияи боздошти чӯпонҳои моғиёнӣ бо 1865 сар гову гӯсфанд ҷониби Узбакистон то ҳол ин рамаро ба Тоҷикистон пас нагардондааст.

Ҳикматулло Исматов, раиси ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент мегӯяд, ки мақомоти дахлдори кишвар барои раҳо кардани гусфандҳо аз дасти мақомоти Узбакистон ҳеҷ кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Ҳикматулло Исматов рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар рӯз тақрибан 10-15 сокини деҳаи Моғиён пушти дараш ҷамъ мешаванд ва аз сарнавишти 1865 сар гову гӯсфанди худ мепурсанд. Ба гуфти вай, аз боздошти ин чорво дар моҳи июн ҳудуди 120 хонаводаи деҳаи Моғиён зиёни молӣ дидаанд.

«Ман ҳаррӯз ба мақомоти марзбонӣ ва дигар идораҳо дар тамос мешавам ва мепурсам, ки оё хабаре ҳаст? Ҳамашон як ҷавоб медиҳанд, ки мо дар пайи ҳалли масъала ҳастем,» - зикр мекунад Ҳикматулло Исматов.

Ба нақли раиси ҷамоати Моғиён, соҳибони гӯсфандҳо бисёр мунтазир буданд, ки то иди Қурбон гӯсфандҳояшонро мегиранд, лекин ҳанӯз ҳеҷ пешравие дар ин масъала мушоҳида намешавад. «Ин гӯсфандҳоро моғиёниҳо дар баҳори гузашта ба чӯпон супорида буданд ва мебоист дар остонаи зимистон аз чӯпон пас мегирифтанд, аммо ин ҳодиса рух доду аз тарафи марзбонони Узбакистон ба он тарафи марз бурда шуданд,» - меафзояд ҷаноби Исматов.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзторӯз умеди мардум барои пас гирифтани ин рама аз Узбакистон камтару камтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чӯпони ин рама Намоз Қурбонхоҷаев мегӯяд, ки норӯшанӣ дар ин қазия ӯро маҷбур кардааст, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта барои додхоҳӣ ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон биравад. «Рӯзи қабули муовини вазири хориҷа Зоҳидов Низомиддин буд ва ба ман гуфтанд, ки мо ҳамаи чораҳоро ҷуста истодааем, ки гӯсфандҳоро баргардонем, лекин чанд рӯз гузашт, ҳеҷ дараке нест,» - мегӯяд Намозалӣ Қурбонхоҷаев, ки писари ӯ низ дар қатори 4 чӯпони дигар аз сӯи марзбонони узбак дар моҳи июн боздошт шуда буд.

Рӯзи 14 июни соли равон марзбонони Узбакистон 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Дар таърихи 22 июл мақомоти Узбакистон 5 чӯпонро раҳо карданд, вале то ҳол аз 1865 сар гӯсфанду 41 сар гови онҳо дараке нест.

Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 80 дарсадаш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Узбакистон дар соли 2000 ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Аз ин марзи мушкил пайваста дар бораи ҳалокату ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони ду кишвар дар майдонҳои минакоришуда ва боздошти афрод аз сӯи марзбонҳо гузоришҳо мерасанд.

Марзбонони узбак баъди боздошти 5 чӯпон аз деҳаи Моғиён низ гуфта буданд, ки онҳо гову гӯсфанду худро барои чарондан ба дохили қаламрави Узбакистон бурдаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегуфт, чӯпонҳо бо ин рамаи бузург дар як минтақаи баҳсии марз боздошт шудаанд.


15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакентро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурдаанд. Баъдтар чупонҳо озод карда шуданд, аммо то ҳол аз рамаи гусфанду гов хабаре нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG