Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти корманди сарраёсати консулӣ бо иттиҳоми ришва


Далер Нақибов. Акс аз Facebook
Далер Нақибов. Акс аз Facebook

Манобеи Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯянд, ки як корманди сарраёсати консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани пора боздошт шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 18 сентябр хабар доданд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Далер Нақибов, корманди сарраёсати консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дастгир кардааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Далер Нақибов ба гирифтани 4 000 доллар пора муттаҳам мешавад. ва дар чорчӯби парвандаи ӯ раҳбари сарраёсати консулии вазорати хориҷа Манучеҳр Маҳками Маҳмудзода низ бозпурсӣ мешавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абулфайз Атоев рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти корманди ин вазорат бо иттиҳоми порагирӣ ва бозпурсӣ шудани раҳбари сарраёсати консулии вазоратро рад кард ва дар як тамоси кӯтоҳ гуфт, «ин ҳама дурӯғ аст.»

Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст. Ӯ дар соли 2013 ба ҷои Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раҳбари сарраёсати консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъин шуд.

XS
SM
MD
LG