Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ: "Соҳаи тандурустӣ фасодзада мешавад"


Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон.
Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон мавориди фасоду ришвахорӣ афзоиш ёфтааст.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, агар дар 12-моҳи соли гузашта аз ҷониби кормандони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамагӣ 38 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда бошад, танҳо дар 6 моҳи соли равон беш аз 41 ҳолати ба ришвахорӣ даст задани кормандони ин соҳа ошкор шудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 22 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ришвахорӣ дар соҳаи тандурустӣ, як ҳайати Оҷонсии зидди коррупсия таҳти раҳбарии муовини раиси ин ниҳод Милопар Бандишоев рӯзи дар ҷаласаи вижаи вазорати тандурустӣ ширкат намуда, ин масъаларо баррасӣ кардаанд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, аз ҷумла рӯзи 16 июли соли ҷорӣ духтури Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Нормуҳамад Хошаев барои озод кардани айбдоршаванда Кенҷаев Отабек аз СИЗО-и Хуҷанд, бар ивази ташхиси тақаллубӣ, ки гӯё ин боздоштшуда бемор аст, аз падари ӯ Аҳмад Кенҷаеви 81-сола 13 ҳазор доллар гирифтааст.

Дар ҷаласаи вазорати тандурустӣ аз тарафи намояндагони Оҷонсии зидди фасод гуфта шудааст, ки ҳатто худи пизишкони беморхонаҳо аз даст доштани сардухтурҳо ба фасоду ришва ба Оҷонсӣ шикоят мекунанд.

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 4 июли соли равон мудири шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Қубодиён Назаралӣ Зиёдалиев ба мақомоти раёсати Оҷонсӣ дар нисбати сардухтури ҳамин беморхона Асадулло Худойбердиев иттилоъ додааст, ки сардухтур аз ӯ 3000 сомонӣ ришва гирифта, боз 300 доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Оҷонсии зидди фасод меафзояд, ки аз баргузории ҷаласи Коллегияи солонаи вазорат 20 рӯз мегузарад, вале дар ин миён 10 ҳолати дигари ба ришва даст задани кормандони соҳаи тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG