Ҷумъа, Апрел 25, 2014

Ҷомиа

Рамзу нишонҳои мероси СССР дар Душанбеи имрӯз

Бо гузашти 22 сол аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он буд, дар шаҳру навоҳии кишвар то ҳол рамзу нишон ва шиорҳои он замон боқӣ мондаанд.

x
Ҳаҷми матн - +
То ҳол дар кӯчаву пскӯчаҳои Душанбе метавон ба шиору овезаҳо ва ҳатто маҷтамаъҳое дучор шуд, ки аз СССР ба ёдгор мондаанд. Хусусан дар девори биноҳо ва пайкараҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо рамзу нишони Тоҷикистони шӯравӣ ва навиштаҷоте, ки бозгӯи идеологияи шӯравӣ буданд ҳаккокишуда боқӣ мондааст.

Масалан ибораҳои "Слава труду", "Зинда бод дӯстии халқҳо", "Гастроном", "СССР" ва дигарон, ки ҳоло ба саҳифаи таърих кӯчидаву дигар роиҷ нестанд.

Дар чанд соли охир "Гастроном"-ҳо ба "Супермаркет"-у  "Маркази савдо" табдили ном кардаанд. Ҳамчуин ҷойи шиорҳои шӯравиро ибораву навиштаҳои  ҳукумати кунунӣ гирифтаанд. Ба таъбири як шоир, ҷои Ленинро Исмоили Сомонӣ гирифту ҷои "Шараф ба КПСС!"-ро таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмон.

Аммо боз ҳам  бозмондаҳое аз нақши дасти мошини идеологии Шӯравӣ то ҳол дар бархе гӯшаҳои Тоҷикистон боқист ва ин мероси он аҳд бештар дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон - ба чашм мехӯрад.

Хабарнигори Озодӣ дар ин маҷмӯаи аксҳо чанде аз ин рамзу нишонҳои замони Шӯравиро, ки то ҳол дар Душанбе ҳифз шудаанд, гирд овардааст.

  • Шиоре, ки дар шӯравӣ вирди забони хосу ом буд
  • "Храните деньги в Сберегательном банке" - маъруфтарин "реклама"-и замони СССР
  • Расме дар девори бино дар Душанбе, ки дар дохили он "СССР" навишта шудааст
  • Расме дар девори бино дар Душанбе, ки дар дохили он "СССР" навишта шудааст
  • Бинои парлумон, ки дар пештоқи он рамзу нишони Тоҷикистони Шӯравӣ аст
  • Нишони Тоҷикистони Шӯравӣ дар маркази пойтахт
  • Рамзи досу болға дар пештоқи собиқ бинои Вазорати корҳои хориҷӣ
  • Нишони Тоҷикистони Шӯравӣ дар маркази пойтахт
  • Манзаре аз кори саҳро, ки дар маркази пойтахт ҳаккокӣ карда шудааст, низ мероси даврони Шӯравӣ аст.
  • Нишони Тоҷикистони Шӯравӣ дар бинои Иттифоқи касаба
  • Ҳаккокие аз он замон дар девори бинои Иттифоқи касаба
  • Модар, кӯдак ва падар бо зарфе пур аз пахта. Рубарӯи вокзали роҳи оҳан
  • "Гастроном" иборае, ки дар шӯравӣ зиёд истифода мешуд
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: точик аз: насли истиклол
19.02.2014 15:03
Озоди сари СССР хурден боз дар паси навиштачоти он замонед.
Дар посух

Ном: Ленин аз: давраи Коммунисти
19.02.2014 16:09
баьд чи мерроси монд?

Ном: момачон аз: вахдатчон
19.02.2014 15:58
Салом дусти арчманду суратгири мохир. . ахсан бароят мегуям, ки ин расмхоро дар инчо нишон додаи. Зинда бод Ленин-СССР. Вакте,ки ин сатрхоро бо диккат хондам овони кудакиам пеши руям омад ва бори дигар мехохам,ки насли навраси солхои 81-89 шавам. Эх афус солхои тиллоии ман.Солхои мактабхониам банда аз деха ба шахр барои хондан меомадам. падарбузурги азизу мехрубонам маро ба мактаб меоварданд,ки худ духтари деха будаму тахсилро дар Душанбе мегирифтам ва чун хамасола дар мактабамон 22 апрел рузи зодрузи Владимир Ильич Ленинро чашн мегирифтанд. Хар субх дар мактаб чамъомади пагохирузи буд. Ва он рузи чашни Ленинро гирифтан мо хама мкктаббачагон субхи барвакт расмхои уро гирифта галстукхоямон,ки аз матои ранги сурх буд дар гарданамон баста барояш шеъру суруд мехондем. Дар дарси адабиёти рус (литература) бошад, озмун барои рузи дохии бузург В.И.Ленин баргузор мешуд. Банда худ 2 маротиба бахои аъло гирифта будам дар озмуни аввал сохиби чои 2 ва дар озмуни дуюи сохиби чои 1 шудам. . Дар синфи панчум хонданам падарбузургам бароям китоби оилавии В.И.Ленинро бароям тухфа карда буданд. Ин китоб бароям мукаддас аст ва то ба имруз,ки аз байн 29 сол гузашта бошад хам китоб дар китобхонаи падарбузурги мехрубонам дар дасти ман аст. Зинда бод дохии бузург, Зинда бод Ленин. Зинда бод солхои пурбаракати замони у. Сари кадам ба истгохи Опера ва балети ба номи С.Айни биёед ва ончо пурсед,ки ошхонаи СОЮЗ-БИСТРО кучост. ба шумо нишон медиханд хангоми ворид шудан баончо. аввалан Шуморо дохии бузург Ленин пешвоз мегирад ва баъдан бо диккат ба дигар расмхо назар афканед. агар чавони даврони шурави бошед хиссиётеро ба худ пайдо мекунед. Агар чавони даврони Истиклол бошед, ба фикрам ягон хиссиётро хис намекунед. банда бори якум бо хамкоронам, ки онхо аз замони даврони шурави хастанд ба инчо омада будам. бори якум дидам,ки расмхои Ленин дар рамкахо дар танаи деворхо овезон буданд. хайрон мондаму ба дусти худ гуфтам обо даврони кудакии ман. даврони тиллоии ман.

Ном: Беном
19.02.2014 16:09
Офарин озоди бо ин гапи гуфтаат ""Шараф ба КПСС!"-ро таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмон."
Ин таъриф Эмомали Рахмон аз КПСС-хам гузаштааст!!!

Ном: Muhammad аз: Khatlon
19.02.2014 17:22
кори хуб накардед Озоди. Шаҳрдор акнун ҳамаи ин нишонаҳоро нест мекунаду ба ҷояш ... худатон медонед.
Дар посух

Ном: Точик аз: Россия
19.02.2014 19:49
О дар хамин Россия худаш аз ингуна нишонахо халос шуда истодаанд. Шояд бегонапарастиро хотима дихем, ё фархангу таммадунамон коста аст…?
Дар посух

Ном: Frunze аз: maidan
21.02.2014 07:58
Kadom begonaparasti?? In tarixi yak-du nasli xalki tojik ast! Tarixi solhoi behtarin.
Дар посух

Ном: Тоҷик аз: Тоҷикистон
23.02.2014 17:48
Frunze,
инҳо тоҷик нестанд, барои ҳамин таъриху фарҳанги халқамон ба инҳо бегона аст.

Ном: Мансур аз: ВМКБ
19.02.2014 19:50
Ин рамзу нишонхои як давлати абаркудрати СССР-ро бояд накананд барое ки онхо як нишонхои таърихи дар таърихамон бимонанд аз як давлати бузургамон

Ном: CCCР аз: Точикистон
20.02.2014 07:36
Дар даврони СССР хурмату инсоф, аклу вичдон...........хама буд, мардум зиндагии осоишта дошт, сагиру кабир нигох мекарданд.
Хозир бошад: "Ай кучои - ай ....бху бгард бача, хамаш гулай, айхудмонай..........шукронаи истиклолияту хамин Ватан букнен.............Ачоиботи замона!!!!!

Ном: Исмоил аз: Душанбе
20.02.2014 16:26
Момачон аз Вахадат! Ташукур бо Шумо, ки давраи замони Шуравиро фаромуш накардаед. Бехтарин давра дар таърихи башарият ин замони Шурави буд. Давлати Шурави - давлати мардуми захматкаш буд. Инсон худро озоду бошараф хисоб мекард. Ба гуфтахои Шумо чизи зиёд илова какрдан хочат нест. Мо умед дорем, ки дар оянда башарият ру ба сотсиализм меоранд ва аз он ифтихор дорам, ки Шумо барин инсонхо дар Точикистон ва умуман дар чахон хеле зиёданд.
Зиндабод коммунистон, зинда бод Ленин, химояткунандаи манфиатхои мардуми захматкаш. Магар шиорхои замони шурави "Дусти халкхо", "Шараф ба мехнат", "Бародарию баробари", "Сулху ороми" ягон чои бади дорад. Аз ин шиорхо онхое метарсанд, ки шояд дустии халкхо ва мехнати халолро намеписанданд. Ин шиорхо барои мардуми бо маърифат ва худогох новобаста аз мавкеи сиёси ва касбиаш бояд амали харрузаи он бошад. Хаёт ва кори Ленин бояд барои хар як рохбару коргар намунаи ибрат бошад. Ман соли 1993 дар хона - музеи Ленин будам ва ба хаёту зиндаги пешвои коммунистон- асосгузори Давлати Шурави аз наздик шинос шудам ва дидам, ки вай чигуна зиндагии хоксорона доштааст. Хизби Коммунистии Точикистон ба таълимоти абадзиндаи Ленин содик хохад монд ва барои дар амал татбик намудани идеяхои он кушиш ба харч медихад, чунки мо хеле зиёдем.
Ленин ба мо дилдор шуд, бар камбагалхо ёр шуд, золим хама чо хор шуд, Ленин бародар рахнамо..............................
Дар посух

Ном: Мансур 88 аз: ВМКБ
20.02.2014 22:00
Бародари азиз рахмат ба суханхоятон дар хакикат СССР яке аз давлатхои бехтарин дар чахон буд, ман ки дар хамин давлвти абаркудрат таваллуд шудаам, сад афсус ки дар даврахои кудакиям пош хурда буд вале аз суханхои калонсолон ва таърихашон маълумай ки давлати бехтанин дар чахон буд ва иншохллох тарафдоронамон махсус аз чавонон сол аз сол зиёдтар шуда ин давлвти нозанинро аз сар барпо кунем. ЗИНДА БОД ЛЕНИНИ КАБИН!!!!!!

Ном: ақоқинав
23.02.2014 04:33
акси №8 Нишони Тоҷикистони шӯравӣ?

Ин "нулевой километр"-и шаҳри Душанбе аст.
Э, "Озодӣ", ягонтат душанбегӣ нестӣ (ғайр аз Хиромон).

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.