Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбеи баъд аз сардиҳо ва дар интизори баҳор (45 АКС)


Ҳавои Душанбе баъд аз сардиҳову барфбориҳои авоили феврал андак-андак гарм мешавад ва шаҳр қабои сафеди худро бадар мекунад

Ҳафтаи гузашта роҳи мошингарду пиёдагард ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт пур аз барф буд, аммо ҳоло танҳо дар ҷойҳои соя ва канораҳои биноҳо барфро дидан мумкин аст.

Сардиҳои зимистони имсола, ки ба гуфтаи сокинон дар чанд соли охир собиқа надошт, ба қавле сокинонро ғофилгир кард. Чунки пеш аз бориши барфи зиёд дар аввали моҳи январ, ҳавои кишвар то ҷое гарм шуд, ки мардум фикр карданд баҳор омад. Аммо якбора сард шудани ҳаво ва бориши барфи 40 сантиметра, дар пойтахт ҳамаро водор кард, ки ҷойҳои гарми худро хунук накунанд.

Ба гуфтаи обу ҳавошиносон дар чанд рӯзи оянда ҳавои кишвар муътадил буда боронҳои пай дар пай меборад. Аммо ҳаво аз 1 то 13 дараҷа гарм боқӣ мемонад. Шабонарӯзи оянда дар пойтахт – шаҳри Душанбе боронҳои кӯтоҳмуддат борида ҳаво аз 2 то 5 дараҷа гарм мешавад. Бо гарм шудани ҳаво ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст маъракаи ниҳолшинониро мунтазам ба роҳ монанд.

Аз маркази матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 17-уми феврал шаҳрдори Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ масъулонро супориш додаст, ки дарахтшинониро зери назорат гиранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG