Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина - овозхони аз ҳама маҳбуб, оши палав - таоми дӯстдошта


Дар як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон бештари пурсидашудаҳо Нигина Амонқуловаро овозхони аз ҳама маъруфи кишвар ва оши палавро таоми аз ҳама дӯстдоштаи худ ном бурдаанд.

Дар як пурсиши маркази назарсанҷии “Z-Analytics Group”, ки натиҷаҳояш рӯзи 18 феврал нашр шуд, Нигина Амонқуловаро овозхони аз ҳама маъруфи Тоҷикистон ном бурда шудааст. Дар ин пурсиш 14 дарсад Нигина Амонқуловаро маҳбубтарин овозхони кишвар хондаанд.

Зиёвиддин Нурзод, ки 6 дарсади пурсидашудаҳо дар назарсанҷии “Z-Analytics Group” ба ӯ овоз додаанд, ҷои дувумро ба даст овардааст. Дар ҷои сеюм, бар асоси натиҷаҳои ин пурсиш, се овозхон – Садриддини Наҷмиддин, Афзалшоҳи Шодӣ ва Нозия Кароматуллоҳ ҷой гирифтаанд. Барои ҳар кадоми онҳо 3 дарсади пурсидашудаҳо овоз додаанд.

Мардум Нигина ва оши палавро бештар дӯст медоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00
Линки мустақим

Нигина Амонқулова, ки рӯзи 30 январи соли ҷорӣ 30-сола шуд, соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” матраҳ шуд. Аввалин таронае, ки Нигинаро маъруф кард, таронаи маъруфи солҳои 60 бо номи “Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова бозхонӣ кардааст.

Ӯ бештар дар жанри “ретро” ҳунарнамоӣ мекунад, вале дар солҳои охир чанд таронаи наваш, аз ҷумла “Дар оғӯши ту мемирам”, “Сӯзиш”, “Мавригӣ”, ки ҳамроҳ бо Дамирбек Олимов иҷро кардааст, “Пурнурам”, “Оташе”, “Чархи фалак”, “Афсона” ва “Ёри мусофир” дар Тоҷикистон маъруфияти зиёд пайдо кард. Дар моҳи январи соли равон Нигина Амонқулова нахустин албоми расмии таронаҳояшро бо номи “Борон” вориди бозор кард.

Нигина аввалин албомашро дар "Озодӣ" муаррифӣ кард.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:29 0:00

“Z-Analytics Group” мегӯяд, барои анҷоми ин пурсиш аз 24 декабри соли 2015 то 14 январи соли 2016 дар маҷмӯъ 920 хонаводаро дар саросари кишвар аз тариқи сӯҳбатҳои телефонӣ пурсидааст. Дар маҷмӯъ дар ҷараёни ин пурсиш мусоҳибони “Z-Analytics Group” аз 167 овозхон ба унвони хонандаи маҳбуби худ ном бурдаанд.

Олим Сатторов
Олим Сатторов

Олим Сатторов, мудири шӯъбаи пурсишҳои телефонии “Z-Analytics Group” рӯзи 18 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аксари онҳое, ки ба Нигина Амонқулова овоз доданд, нафарони синнашон аз 40 болост. Дар айни замон 15 дарсад, ё тақрибан шашяки хонаводаҳо гуфтанд, ки сарояндаи хоси дӯстдоштае надоранд.”

Ӯ афзуд, ки пурсидашудаҳо дар ҷараёни сӯҳбатҳо ҳамин тавр, овозхонҳои дигаре, чун Ҷӯрабеки Мурод, Шабнами Сурайё, Зафари Нозим, Одинаи Ҳошим, Шаҳриёри Давлат, Ғолибҷон Юсуфов, Дӯстмуроди Алӣ, Малика Саидова, Кароматуллоҳи Қурбон ва Зафар Аюбиро ҳам ба унвони сарояндаи дӯстдоштаи худ ном гирифтаанд.

Олим Сатторов гуфт, зимни ин пурсиш бо хонаводаҳо ду савол матраҳ шуда буд. Саволи дигари “Z-Analytics Group” марбут ба таоми дӯстдоштаи хонаводаҳо будааст.

Раҳбари шӯъбаи пурсишҳои телефонии “Z-Analytics Group” мегӯяд: “Маълум мешавад, таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардуми мо ош будааст. Дар ҷараёни пурсиш 44 фоизи мардум ошро хӯроки дӯстдоштаи худ ном бурданд. 14 дарсад шӯрборо ва 11,5 дарсад мантуро ғизои аз ҳамаи писандидаи худ медонистаанд.“

Ҳамин тавр, 5,1 дарсади хонаводаҳои тоҷик дар ин пурсиш гӯштбирёнро таоми дӯстдоштаи худ ном бурда, 2,5 фоиз ба шашлик, 2,2 фоиз ба шакароб ва 2,1 фоизи пурсидашудаҳо ба қурутоб овоз додаанд. 1,3 фоиз гуфтаанд, ки аз ҳама бештар ширбиринҷро меписанданд.

Масъулони “Z-Analytics Group” мегӯянд, натиҷаҳои ин пурсиш ҳанӯз ҳақиқати кулл нест, вале тамоюлҳоеро дар фикри ҷомиа дар мавриди мизони маҳбубияти овозхонҳо ва ҳам таомҳое, ки мардум дар Тоҷикистон бештар дӯст медоранд, нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG