Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Рекорд"-и клипи якҷояи Садриддин ва Ғазал дар Ютуб


Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят

Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят

Дар тӯли се моҳ клипи якҷояи Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят, овозхонҳои маъруфи тоҷику афғонро дар Ютуб беш аз як миллион нафар дидаанд.

Клипи таронаи якҷояи Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷикро бо сарояндаи афғон Ғазал Иноят дар тӯли се моҳ беш аз 1 миллион нафар дар Ютуб тамошо кардаанд. Ширкати "Қиём Eнтертеймент", ки дар таҳияи ин клип саҳим аст, гуфтааст, ин ҳисоб сутуданист.

То кунун бисёре аз клипҳои сарояндагони тоҷикро дар Ютуб то ним миллион нафар тамошо карда, ҳадди як миллиониро барои бори аввал Садриддини Наҷмиддин убур мекунад. Баҳори соли ҷорӣ ширкати "Тамошо" феҳристи клипҳои пурбининдаи овозхонҳои тоҷик дар Ютубро таҳия карда, дар як маросим ба соҳибонашон ҷоиза супурда буд. Бино ба ин тақсимбандӣ, аз ҳама зиёдтар клипи Меҳрнигори Рустам -"Таронаборон"-ро тамошо кардаанд. Дар ҷои дувум бо 467 ҳазору 544 боздид клипи якҷояи Дамирбек Олимов ва дар ҷои севум бо 402 ҳазору 21 боздид "Дар оғӯши ту мемирам"-и Нигина Амонқулова меистод.

Клипи таронаи якҷояи Садриддин ва Ғазал рӯзи 25 августи соли ҷорӣ дар саҳифаи Ромин Мансур дар шабакаи Ютуб гузошта шуда, то имрӯз онро 1 миллиону 185 ҳазору 745 кас дидаанд.

Оҳангу таронаи Кароматуллои Қурбон, овозхони зиндаёд, бо номи "Ҷони ман" дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят - сарояндагони маъруфи тоҷику афғон тобистони имсол дигарбора ин таронаро сари забонҳо овард ва дар бозори дискфурӯшии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи пурхаридорон гардид. Ин таронаро Кароматуллои Қурбон тақрибан сӣ соли пеш бо Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва ҳарчанд баъди марги ин овозхони маъруф аз ёд нарафтааст, аммо хеле кам шунида мешуд. Матни ин тарона аз Лоиқ Шералист.

Ширинимоҳ Ниҳолова қаблан дар як суҳбаташ дар ин бора бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ният дорад, барои дубора зинда кардани ин ва боз чандин сурудҳое, ки якҷоя бо Кароматуллои Қурбон иҷро кардааст, ҳамаи онҳоро аз нав сабт намояд. "Ҳоло ки таронаи мазкурро аз миёни садҳо таронаи дигар Садриддин ва Ғазал интихоб кардаву сурудаанд, пас ин оҳанг, воқеан, муваффақ будааст," -- афзуд ӯ.

Клипи таронаи "Ҷони ман"-ро Садриддину Ғазал дар бинои Китобхонаи Миллӣ ва Кохи Наврӯзи Душанбе сабт кардаанд.

Ғазал моҳи июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада буд ва таҳияи клипи онҳо бо Садриддин дар нимаи дувуми моҳи август ба поён расидааст. ​Ҳардуи ин овозхон дар шарҳи дуэти худ гуфтаанд, ки онҳо аз қабл орзуи ҳамкориро доштанд ва бо ҳимояти "Қиём Интертейнмент" тавонистаанд аввалин таронаашонро сабт ва пешниҳоди ҳаводорони худ дар Тоҷикистону Афғонистон намоянд.

Ғазал Иноят худро овозхони “хушшонc”-е медонад, ки тавонистааст бо Садриддини Наҷмиддин якҷоя оҳанг иҷро кунад. Ӯ мегӯяд, дер боз орзу дошт, бо ин сарояндаи тоҷик оҳанги дугона бихонад ва ба гуфтаи ӯ хушбахтона чунин шароит барояш фароҳам омадааст.

“Ман мутамаин ҳастам, ки ҳунармандони зиёде орзуи ҳамкорӣ бо Садриддинро доранд, ки, албатта, дар ин миён ман хушшонс будам. Яке аз дигар далоиле, ки чунин имконият барои ман даст дод ва худи Садриддин ҳам ба ҳамкорӣ розӣ шуд, ҳаммавҷ будани садои мо буд,” -- изҳор доштааст Ғазал Иноят.

Дар баробари ин, ба иқрори худи Садриддин, Ғазал, ки аксаран бо шеваи ҳиндуӣ тарона иҷро мекунад, ӯро кайҳо шефта карда буд ва ӯ итминон дошт, ки дар ҳамовозӣ бо якдигар метавонанд таронаи хубе ба бозор бароранд. “Аз нигоҳи ман, садои мо бо ҳам ҷӯр меоянд, аз ин хотир қарор додем, бо якдигар ҳамкорӣ намоем,” -- гуфт ӯ.

Садриддин ва Ғазал на танҳо аз садо, балки аз хислати ҳамдигар низ тавсиф мекунанд, ки ҳамкориро барояшон осон ва роҳат кард. Аз ҷумла, Садриддин аз Ғазал чун бонуи шӯхтабиат ва хоксор ном мебарад, ки барояш ғайричашмдошт будааст. "Аслан гумон надоштам, ки Ғазал ин гуна шахси заминист ва ба ман чунин менамояд, ки кайҳо бо ҳам кор мекунем. Мисли ду дӯст будем. Ӯ дар саҳна ва дар зиндагӣ ҳамон як шахс аст ва хеле хушбахтам, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо ӯро доштам. Ман фикр мекунам, ки ҳамокриҳои мо дар оянда низ идома хоҳад кард," -- илова кард овозхони тоҷик.

Ғазал Иноят ҳам, ки аваллин бор дар Тоҷикистон қарор доштааст, мегӯяд, мардуми кишварро ба мисли Афғонистон самимиву меҳмоннавоз ёфт ва бовар дорад, ки ин оғози ҳамкориҳояш бо Садриддин ва дар маҷмӯъ барномаҳои наваш дар Тоҷикистон аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG