Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ба Украина ҳавопаймо мефиристад


Нозирони САҲА дар Донетск
Нозирони САҲА дар Донетск

САҲА ба хотири назорат бар оташбаси то ҳол осебпазир ба шарқи Украина нозирони бештар ва ҳавопаймоҳои бесарнишин мефиристад.

Қарор аст, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) барои назорат бар ҷараёни оташбас байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия ба вилоятҳои ошӯбзадаи Донетску Луҳанск нозирони бештар ва ҳам ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бифиристад. Ин тавофуқ рӯзи 13 сентябр дар байни музокироти раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ва раисиҷумҳури Швейтсария Дидйе Бурхалтер, ки кишвараш раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, эълон шуд.

Дафтари Порошенко гуфт, раҳбари Украина розӣ шуд, то САҲА шумори нозиронашро дар шарқи Украина афзоиш дода, ба хотири назаорати беҳтари оташбаси ҳанӯз рӯзи 5 сентябр эълоншуда дар ин минтақаи ошӯбзада ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро мустақар кунад.

Дидйе Бурхалтер
Дидйе Бурхалтер

Дидйе Бурхалтер гуфт, САҲА дар ҳоли ҳозир барои назорати ҷараёни оташбаси байни нирӯҳои Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳанск 70 нозир дорад. ИТАР-ТАСС қаблан аз қавли САҲА хабар дод, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷумла барои назорати марзи Украинаву Русия истифода хоҳанд шуд. Киев Маскавро ба фиристодани нирӯ ё додани иҷозат ба интиқоли нирӯҳо тавассути марзҳояш ба кумаки ҷудоиталабони Донетску Луҳанск айбдор мекунад.

Рӯзи гузашта низомиҳои Украина гуфтанд, ки як ҳамлаи навбатии ҷудоиталабони Русия ба фурудгоҳи Донетскро райъ кардаанд. Бо онки шаҳри Донетск аз моҳи апрел таҳти назорати ҷудоиталабҳост, дар фурудгоҳаш то ҳол нирӯҳои давлатии Украина сангар гирифтаанд. Ҳамчунин рӯзи 13 сентябр боз як корвони, ба гуфтаи мақомоти Русия, “кумакҳои башарӣ” вориди Луҳанск, яке дигар аз пойгоҳҳои умдаи ҷудоиталабон дар шарқи Украина ворид шуд.

Ҳайати нозирони САҲА мегӯяд, дар маҷмӯъ 220 мошин аз марзи Русия вориди Украина шуданд. Ба гуфтаи ин нозирон, танҳо 40 мошинро мақомоти гумруки Русия тафтиш кардаанд, вале ягон мошин мавриди тафтиши мақомоти ҷониби Украина ё Кумитаи байналмилалии Салиби сурх қарор нагирифтааст. Ҳукумати Украина баъди вуруди нахустин чунин корвони “ёриҳои башарӣ” дар моҳи гузашта Русияро ба “таҷовузи ошкор” айбдор карда буд.

Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 13 сентябр гуфт, Кремл мехоҳад Украинаро ҳамчун давлати мустақил аз харита “бирӯбад.” Ятсенюк дар Киев дар анҷумане бо ҳузури вакилон ва соҳибкорони украиниву ғарбӣ раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро айбдор кард, ки мехоҳад “Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад.”

Ба гуфтаи Ятсенюк, Путин “хоҳони боз як низоъи дигари яхбаста” дар шарқи Украина аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди эълони оташбас барои хатми 5 моҳи задухӯрдҳо дар шарқи Украина, Киев ҳамчунон бо “таҷовузгари асосӣ”, ки Русия аст, “дар ҳоли ҷанг” қарор дорад. Сарвазири Украина гуфт, Русия “таҳдиде ба низоми ҷаҳонӣ ва ба амнияти боқии Аврупост” ва паймони низомии НАТО, ба ақидаи ӯ, “танҳо мошин”-ест, ки метавонад кишвари вайро аз ин таҷовуз дифоъ кунад.

Ятсенюк афзуд, бастаи тоза ва ҳамоҳангшудаи таҳримоте, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав ба далели дахолатҳояш дар бӯҳрони Украина ҷорӣ кардаанд, ба иқтисоди Русия таъсири бузурге хоҳад дошт. Ин бастаи нави таҳримот, ки Амрикову Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 12 сентябр эълон карданд, соҳоти энержӣ, дифоъ ва бонкдории Русияро дар бар мегирад.

Аврупо аз ҷумла алайҳи ширкатҳои давлатии “Роснефт”, “Газпромнефт” ва “Транснефт”, ки гардиши солонаи моли ҳар кадомаш аз 1 триллион рубл(27 миллиард доллар) бештар аст, таҳрим ҷорӣ карда, онҳоро аз ҳаққи дарёфти қарзҳои бонкӣ ба мӯҳлати бештар аз 30 рӯз маҳрум кард. Таҳримоти Амрико ширкати "Ростехнологии" ва раҳбараш Сергей Чемезов, корхонаи мошинсозии ба номи М.И. Калинин, ширкати «Алмаз-Антей", Пажӯҳишгоҳи дастгоҳсозӣ ё «приборостроение» (НИИП), маҷтамаъи таҳқиқотиву тавлидотии Долгопрудний, ширкатҳои "Газпром", "Газпром-нефт", "ЛУКойл", "Транснефт", НОВАТЭК, "Сургутнефтегаз", "Сибнефт" ва "Роснефт", ҳамчунин бонкҳои бузурги Русия - Сбербанк, Банк Москви, Газпромбанк, Росселхозбанк, ВЭБ и ВТБ-ро фаро мегирад.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар робита ба ин таҳримот Амрикоро айбдор кард, ки “талош дорад, то бӯҳрони Украинаро барои шикастани равобити иқтисодии байни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия истифода бурда, Аврупоро ба харидани гази моеъи Амрико бо нархи баландтар аз гази Русия маҷбур кунад.” Лавров дар як мусоҳибаи телевизиониаш гуфт, Иттиҳодияи Аврупо “омода аст, ки иқтисодашро қурбони сиёсат кунад.”

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин иддаоҳо дар бораи қасди Маскав барои сохтани минтақаи буферӣ дар шарқи Украинаро “сафсата” номид ва гуфт, Маскав мехоҳад, ки Украина “як кишвари пешрафта, бетараф ва дӯст бошад.”

Русия дар моҳи марти соли равон, як моҳ баъд аз суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар натиҷаи эътирозҳо, нирӯҳояшро ба қаламрави вилояти аксаран русзабони Қрим дар ҷануби Украина ворид ва бо баргузории як раъйпурсӣ ин нимҷазираро ба қаламраваш ҳамроҳ кард.

Авзоъ дар сангарҳои шарқи Украина то 13 сентябр
Авзоъ дар сангарҳои шарқи Украина то 13 сентябр

Ба дунбол, дар моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар вилоятҳои шарқии Донетску Луҳанск, ки низ то нисфи аҳолии ҳардуро русзабонҳо ташкил медиҳанд, сар бардоштанд ва бо таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск”-у “Ҷумҳурии мардумии луҳанск” ва муттаҳид кардани ҳарду дар “иттиҳод”-и навсохтае бо номи “Новороссия” даъвои мустақилият аз Украина ва пайвастани баъдӣ ба Русияро карданд. Ҳукумати Украина аз 15 апрел алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудоиталабон дар Донетску Луҳанкс як амалиёти густардаи “зиддитеррор”-ро шурӯъ кард, ки баъди даст ёфтан ба пешрафтҳое дар моҳҳҳои июну июл сар аз моҳи август ба ҳамлаҳои ҷавобии ҷудоиталабон дучор шуд ва нирӯҳои Украина чандин шаҳрро дигарбора аз даст доданд.

Киев Маскавро айбдор мекунад, ки бо ирсоли тонку тӯпу мошинҳои зирепӯшу силоҳу муҳимоти дигар ва ҳатто бо таъмини нирӯ аз ҷудоиталабон рӯирост ҳимоят мекунад. Маскав инро рад мекунад.

Ба ҳисоби СММ, тайи 5 моҳи задухӯрдҳо дар шарқи Украина беш аз 2600 нафар кушта шудаанд. Рӯзи 5 сентябр дар пайи музокироти ҳайатҳои Украинаву Русия ва намояндагони ҷудоиталабони Донетску Луҳанкс дар Минск ҷиҳати як оташбас дар шарқи Украина тавофуқ ба даст омад. Баъди эълони оташбас байни тарафҳои даргир табодули асирон сурат гирифта, ба гуфтаи Петро Порошенко, беш аз 1200 нафарро аз асорати ҷудоихоҳон раҳо кардаанд. Ҳамзамон, тақрибан ҳар рӯз тарафҳои даргир дар бораи поймол шудани ин оташбас аз сӯи ҷониби муқобил низ гузориш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG