Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопайморо дар осмони Украина кӣ зад?


Акс аз гузориши таҳқиқотии Ҳолланд

Акс аз гузориши таҳқиқотии Ҳолланд

Коршиносони Ҳолланд натиҷаҳои муқаддамотии тафтиши қазияи суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар ҳарими ҳавоии Украинаро эълон кард ва гуфт, суқути ҳавопаймо ба далели мушкилоти фаннӣ ё иштибоҳи халабонҳо набуд.

Ба дунболи нашри натиҷаҳои муқаддамотии тафтиши қазияи суқути ҳавопаймои Малайзия дар Украинаа аз сӯи коршиносони ҳолландӣ, Наҷиб Тун Раззоқ, нахуствазири Малайзия, гуфт, таҳқиқи мутахассисони Ҳолланд ҳокӣ аз он аст, ки ҳавопаймои мусофирбари он кишвар бо зарби мушаки замин ба ҳаво суқут кардааст.

Баёнияи расмии нахуствазири Малайзия рӯзи 9-уми сентябр ва баъди эълони хулосаҳои мутахассисони Ҳолланд дар бораи суқути ҳавопаймо нашр шуд. Созмони амнияти ҳавопаймоии Ҳолланд рӯзи 9 сентябр дар сомонааш натиҷаҳои муқаддамотии таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар шарқи Украинаро дар 34 саҳифа нашр кард. Бино бар натиҷаҳои эълоншудаи таҳқиқот, ҳавопаймои мусофирбари Малайзия, ки моҳи июл дар шарқи Украина суқут кард, бар асари зарбаи “ашёи баландсуръат” сарнагун шудааст.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқ, сабаби суқути ҳавопаймо “мушкилоти фаннӣ” ваё иштибоҳи халабонҳо набудааст. Коршиносони ҳолландӣ ба натиҷае расидаанд, ки ҳавопаймо аз берун зада шудааст: “Осебҳои расида ба қисмати пеши ҳавопаймо зоҳиран нишон медиҳанд, ки онро шумори зиёди ашёи баландсуръат аз беруни ҳавопаймо сӯрох кардааст.”

Аммо муфаттишон аз гуфтани инки ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзияро бо мушак задаанд ё кадом навъи дигари силоҳ, ва ҳам инки оё мушаххасан кӣ масъули суқути ҳавопаймост, истиҳола кардаанд.

Раҳбари созмони амнияти ҳавопаймоии Ҳолланд Тйиббе Юстра дар як изҳорот гуфт, “натиҷаҳои муқаддамотии тафтишот ба иллати беруна дар суқути ҳавопаймои MH17 таъкид мекунад. Барои дақиқтар кардани сабабҳои сониҳа таҳқиқоти бештар лозим аст.”

Рӯзи 17-уми июл ҳавопаймои мусофирбари “Боинг”-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар ҳарими ҳавоии вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина, сарнагун шуд. Бар асари ин сониҳа ҳавопаймо пора –пора шуда, ҳамаи 298 сарнишини ин ҳавопаймо, аксар - шаҳрвандони Ҳолланд - ҳалок шуданд. Ин ҳавопаймо аз Амстердами Ҳолланд ба Куала -Лумпур - пойтахти Малайзия парвоз мекард.

Маҳалли суқути ҳавопаймо

Маҳалли суқути ҳавопаймо

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, бар тибқи маълумоти хадамоти махсуси онҳо, ҳавопайморо ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо мушаки замин ба ҳавои “Бук” задаанд. Мақомоти Украина низ масъулияти суқути ин ҳавопайморо ба тарафдорони Русия дар шарқи Украина бор мекунанд.

Бархе ҳатто мегӯянд, дар баландии беш аз 10 километр задани ин ҳавопаймо бо силоҳҳои оддӣ имкон надошт ва дар ин кор шояд нирӯҳои тамриндида даст доранд. Дар матбуот ва дар Интернет сабти сӯҳбатҳои фармондеҳони ҷудоиталабон низ нашр шуда буд, ки аз даст доштани онҳо дар суқути ҳавопаймои мусофирбар дарак медод. Аммо Русия ва ҷудоихоҳон мегуфтанд, ки ҳавопайморо худи украиниҳо задаанд, то Ғарб алайҳи Маскав таҳримоти боз ҳам бештар ҷорӣ карда, ба Украина дар набардаш алайҳи чирикиҳои Донетску Луҳанск кумаки зиёдтар расонад.

Дар пайи суқути ҳавопаймои Малайзия бо 298 сарнишин, ки ҷаҳонро таккон дод, ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳо аз тариқи ҳарими ҳавоии шарқи Украинаро қатъ карданд. Аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ эълон карданд, ки масири парвозҳои худро тағйир додаанд.

Вилоятҳои Донетску Луҳанск дар шарқи Украина аз моҳи апрел ба ин сӯ майдони даргириҳои мусаллаҳонае шудаанд, ки ба ҳисоби СММ, то имрӯз беш аз 2600 кушта ба ҷо гузошта, садҳо ҳазори дигарро бехонавудар кардааст. Ҷудоиталабон дар ин ду минтақа бо таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва муттаҳид кардани ҳарду дар “иттиҳод”-е бо номи “Новороссия” талаби мустақилият аз Украина ва пайвастан ба Русияро доранд.

Кишварҳои Ғарб ва мақомоти Киев мегӯянд, ки ҷудоиталабон дар Донетску Луҳанск аз тарафи Русия бо силоҳу пул ва ҳатто бо нирӯву тонку тӯп таъмин мешаванд. Маскав инро рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG