Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 ҳизб ба парлумони Қирғизистон роҳ меёбанд


Кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии ин кишварро нашр кард. Бино ба ин натиҷаҳо, ҳизби сотсиал-демократ 26,9 дарсад, эътилофи Республика –Ота-Журт 21,03 дарсад, ҳизби Қирғизистон 12,41 дарсад ва Онугуу –Прогресс 9,19 дарсад овоз гирифтаанд. Ҳамчунин Бир Бол бо касби 8,32 фоиз ва ҳизби Ота-Макон бо 7,88 фоиз низ садди 7-дарсадиро убур карда, ба Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон роҳ меёбанд. Аммо 7 ҳизби дигар аз 7 дарсад камтар овоз гирифта, зоҳиран берун аз парлумон мемонанд. Мақомот мегӯянд, дар интихоботи парлумонии Қирғизистон қариб 46 дарсади сокинони соҳиби ҳаққи овоз ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG