Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палави тоҷикӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид мешавад


Оши палав
Оши палав

Ҳукумати Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, палави тоҷикиро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал шомил кунад. Алҳол аз соли 2008 ба ин сӯ танҳо жанри мусиқии "Шашмақом" бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон ба ин феҳрист ворид шудааст. Палави тоҷикӣ ғизоест, ки бо биринҷ, гӯшт, бехӣ ё сабзӣ, равған ва сирпиёз омода мешавад. Дар минтақаҳои Тоҷикистон ба он ҳамчунин мавизу бодом, баргҳои ҷавони ангур ва маҳсулоти дигар ҳамроҳ карда мешавад. Дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон низ оши палав маъмул аст.

XS
SM
MD
LG