Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 65 килограм маводи мухаддир


Полиси Русия аз мошини раҳбари ҷомеаи ҷӯгиёни Красноярск ва як зодаи Тоҷикистон 47 килограм героин ва 18 килограм ҳашиш кашф ва мусодира кардааст. Намояндаи хадамоти матбуоти полиси Красноярск мегӯяд, нархи умумии ин мавод дар бозори сиёҳ тақрибан 40 миллион рубл мешавад. Боздошт дар ҷараёни як амалиёти вижа бо ширкати нерӯҳои махсуси полис рӯзи 21-уми апрел ба вуқӯъ пайвастааст. Раҳбари ҷомеаи ҷӯгиёни Красноярск 63 ва зодаиТоҷикистон 45-сола будаанд.

XS
SM
MD
LG