Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Олтой Наврӯзро ҷашн гирифтанд


Дар чаҳорчӯби Конгресси дуюми донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Олтой, ҷашни Наврӯз таҷлил шуд.

Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи давлатии минтақаи Олтои Русия (шаҳри Барнаул) аз фаъолони Конгресси дуюми донишҷӯёни мардумони Осиёи Марказӣ мебошанд. Рӯзҳои 17 ва 18 март дар ин донишгоҳи воқеъ дар минтақаи ҷанубу шарқии Сибири Ғарбӣ, дар 3000-километрии Маскав дар чаҳорчӯби Конгресси донишҷӯён ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад. Масъулини донишгоҳ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин муассисаи олӣ 700 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла ҷавонҳо аз Осиёи Марказӣ ва Чин таҳсил мекунад ва тахминан 80 нафарашон тоҷикҳо мебошанд. Антон Тселевич, омӯзгор ва яке аз ташаббускорони Наврӯзи донишгоҳ дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, соли дуюм аст, ки дар донишгоҳи давлатии Олтой бо иштироки донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад.

«Мо аввал таъриху суннатҳои ин ҷашнро омӯхтем ва фаҳмидем, ки ин иди бисёр зебои таърихӣ моли ҳам мардуми форсизабон ва ҳам туркзабон будааст. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки як чунин ҷашне дар тақдими худи донишҷӯҳо барпо кунем. Ин конгресс аз 9 бахши мухталиф ва рангин иборат аст: дар оғози аввал донишҷӯён дар бораи таъриху суннатҳои Наврӯз дар миёни мардуми худ маълумот дода, мақолаҳо ва маводи таълимӣ тақдим мекунанд, ва бахши дигари ин барнома аз бозиҳои суннатии варзишии гӯштигирӣ, консерт, таҳияи ғизо, намоиши либоси миллӣ ва ғайраҳо иборат аст».

Антон Тселевич гуфт, ки дар ташкили ин ҷашн на танҳо донишҷӯён – аъзои созмони донишҷӯёни хориҷии «Аист», балки шаҳрдории Барнаул ва инчунин ҷомеаҳои миллии мардумони Осиёи Марказӣ ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар бахши муаррифӣ ва истеъмоли ғизоҳои миллӣ, ҳудудан 400 хориҷӣ, ки 70 дар садашон тоҷикони муқими Барнаул иштирок карданд. «Аслан бачаҳои тоҷик бо ваҳдату ҳамоҳангӣ кор мекунанд, бахусус ба ҳангоми намоиши гӯштигирӣ писарбачаҳои тоҷик чунон зебо ҳунарнамоӣ карданд, ки бисёр тамошобинҳо дар ҳайрат монданд», гуфт Тселевич.

Ба гуфтаи ин омӯзгор, шурӯъ аз сару либоси миллии тоҷикон ва ҳам дигар ҷавонҳои Осиёи Марказӣ умқу ранг ва ҳам маъноҳои зиёд доштани фарҳанги милии онҳо эҳсос мешавад. «Дар ҳар ранги либос, дар ҳаракати дастон ба вақти рақс чунин эҳсос мешавад, ки шумо гӯё барои чанд лаҳза ба саёҳати ин кишвар рафтаед ва дар фарҳанги зебои ин мардум шино мекунед. Вақте ман ба чунин муаррифии хеле босифат ва баланди фарҳанги миллӣ нигоҳ мекунам, воқеан ҳам шод мешавам».

Тселевич ба таври ҷудогона ҳунари доиранавозии Назрихӯҷа Саидалиев, як донишҷӯи донишгоҳи давлатии Олтойро тавсиф кард. худи Назрихӯҷа раҳбари созмони донишҷӯҳои хориҷии ин донишгоҳ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки беш аз 80 донишҷӯи тоҷики ин донишгоҳ, ки аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳастанд, асосан дар риштаи иқтисодӣ таҳсил мекунанд. Сокина Назаршоева, муҳассили соли дуюми риштаи таърихи магистратураи ин донишгоҳ аст. Вай мегӯяд, дар бахши муаррифии ғизоҳо, бо назардошти шароити донишҷӯён дар хобгоҳ, барои меҳмонҳо оши палав, қурутоб, лағмон, чак-чак ва паҳлава пешниҳод карданд.

Вай гуфт, шароити пухтани суманак фароҳам нашуд, вале дар остонаи ҷашн гандум тар карда, мизҳоро бо сабзаи наврӯзӣ оро доданд. Сокина гуфт, шароити зиндагиву таҳсил дар Барнаул барои донишҷӯёни тоҷик хеле муносиб аст. Ин ҷо ҳеҷ хатаре ба мисли гурӯҳҳои миллатгаро ва ё нажодпараст, фишори полис эҳсос намешавад ва фазои умумии зиндагӣ ҳам назар ба Маскаву Санкт-Петербург барои донишҷӯёни хориҷӣ амну созгортар аст.

Минтақаи Алтаи Русия аз 2,3 миллион аҳолӣ, асосан русҳо иборат буда, дар миёни аққалиятҳои дигари миллӣ аз рӯи омори расмӣ – немисҳо, украиниҳо, қазоқҳо, олтоиҳо, кумандиҳо ва дигарҳо ташкил медиҳанд. Шумо тоҷикҳо аз рӯи нуфусшумории соли 2010 дар минтақаи Олтой беш аз 2000 нафар будааст. Мақомоти донишгоҳи давлатии Олтой мегӯянд, дар панҷ соли охир шумори донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо ду-се баробар афзоиш ёфта, зарурати ташкили барномаҳои фарҳангии муаррификунандаи расму суннатҳои мардумии ин мардумро ба миён овардааст.

XS
SM
MD
LG