Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 20:16

Масеҳият ва масеҳиён дар Тоҷикистон

Масеҳият ва чанд шохаи он ба мисли адвинтистҳои рӯзи ҳафтум, баптистҳо, протестантҳо, католикҳо, православҳо, инҷилгароҳо ва Шоҳидони Яҳво дар Тоҷикистон расман ба унвони ақаллиятҳои мазҳабӣ фаъолият доранд. Дар хиёбонҳои шаҳру вилоёти Тоҷикистон бо намояндагони ин фирқаҳои масеҳӣ рӯбарӯ мешавед, ки адабиёти мазҳабии худро низ таблиғ мекунанд.

Ҳаҷми матн - +

Ба қавли рӯҳониёни калисоҳои масеҳӣ, бештари пайравони онҳо ба ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум аз қаламрави кишвар фирор кардаанд. Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон масеҳият дар қиболи дини мубини Ислом як дини қавӣ маҳсуб мешавад. Ҳарчанд сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг ҳозир нашуд, то теъдоди дақиқи масеҳиёни Тоҷикистонро равшан кунад, аммо давлати Амрико дар гузориши солонаи худ роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ теъдоди пайравони масеҳиятро дар кишвар беш аз 200 000 нафар арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад, аксари пайравони масеҳият русҳо ва дигар гурӯҳҳои

 муҳоҷиршудаи даврони Шӯравӣ будаанд. Гурӯҳи бузурги масеҳиёнро Калисои православӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар кишвар 5 созмони баптистҳо, 2 калисои римӣ - католикӣ, 1 ибодатгоҳи адвинтистҳои рӯзи ҳафтум, 2 созмони протестантҳои куриёӣ бо шумули калисои миссионерии Сон-Мин, 1 созмони Шоҳидони Яҳво сабтином шудаанд. Дар бораи лютеранҳо, як мазҳаби дигари масеҳият, маълумоти дақиқе рӯйи даст нест, вале тахмин зада мешавад, ки пайравони он ба роҳи пинҳонӣ ба таблиғоти ин мазҳаб машғуланд. Дар маҷмӯъ, аъзои ин созмонҳои сабтиномшудаи масеҳӣ тақрибан 1 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медодаанд ва бештарашон дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумлаи Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов ба сар мебурдаанд.

Сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, тӯли 15 соли ахир ҳудуди 10 000 атбоъи тоҷик ба адёни мухталиф, аз ҷумла масеҳият низ гаравидаанд. Аммо коршиносони мустақил ин рақамро беш аз 30 ҳазор нафар тахмин мезананд.

 
АЗ ИН СИЛСИЛА:

Адён дар Тоҷикистон: Ислом, насроният, яҳудия, зардуштия ...

Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон

Салафия: Фитна ва ё эҳёи суннат?



Игор Петрович, рӯҳонии ибодатгоҳи адвинтистҳои рӯзи ҳафтум дар Душанбе, мегӯяд, адвинтистҳо ба Инҷил ва Исои Масеҳ эътиқодманданд. Вале онҳо бо протестантҳои масеҳӣ, ки соли 1840 зуҳур кардаанд, ихтилофи назар доранд. Оқои Петрович афзуд, вожаи «адвентиус» лотинӣ аст, ки ба тоҷикӣ маънии интизорӣ ё интизор буданро дорад. Ба қавли ин рӯҳонии адвентист, ҳаммазҳабони ӯ бозгашти дубораи Исои Масеҳро интизоранд ва онҳо дар гӯшаҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки замини Худовандро барои суқути дигарбораи Исои Масеҳ омода намоянд. Ӯ мегӯяд: 

 

«Пайравони адвинтистҳои рӯзи ҳафтум аксаран покӣ ва ҳаёти солимро тарғиб мекунанд. Ягон пайрави ибодатгоҳи мо алкоҳол наменӯшад, сигор намекашад ва ҳатто гӯшти хук намехӯрад. Адвинтистҳои рӯзи ҳафтум фақат дар рӯзи охирини ҳафта, яъне шанбе, ба ибодат машғул мешаванд. Ҳоло беш аз 700 сокини Тоҷикистон пайрав ва ҷонибдори мо ҳастанд».

Рӯҳонӣ Игор Петрович меафзояд, аслан пайравони мазҳаби масеҳӣ дар авохири солҳои 1800, замони таҳоҷуми русҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд. Вай гуфт, адвинтистҳо аз соли 1920 дар Тоҷикистон вуҷуд доранд ва пайравони онҳо бештар дар шаҳрҳои Регару Турсунзода, Ваҳдат ва маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба сар мебаранд. Сохтмони ягона ибодатгоҳи бузурги адвинтистҳои рӯзи ҳафтум дар Тоҷикистон дар соли 1990 хотима ёфтааст, ки ҳанӯз барқарор мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди як масъули калисои масеҳиёни баптистӣ, иҷрои маросими дуову ибодати онҳо аз адвентистҳо ва православҳо фарқ мекардааст. Ин масъули калисои баптистҳои Душанбе мегӯяд, солҳои ахир мазҳабҳои масеҳие ҳам рӯйи кор омадаанд, ки бо асли масеҳият рабте надоранд. Ин рӯҳонии баптист аз фаъолияти Шоҳидони Яҳво изҳори нигаронӣ намуд ва гуфт, ки ин созмон аксаран дар кӯчаҳои шаҳр барои ҷалби пайравони мазоҳиби дигар ба узвияти худ фаъолияти мубаллиғӣ мебарад:

«Ҳоло фирқаҳои мухталифе пайдо шудаанд, ки мутаассифона, худро

 масеҳӣ мегӯянд. Онҳо одоти масеҳиёнро иҷро намекунанд, одатҳое, ки ба ҷой оварданашро мо амри зарурӣ медонем. На танҳо усули ибодат, балки ақоиди динии мо бо ин фирқаҳои ба қавли онҳо масеҳӣ бо ҳам дуруст намегирад. Яке аз чунин созмонҳо Шоҳидони Яҳво аст, ки бисёр ба фаъолияти мубаллиғӣ машғул мебошад. Ин боис шудааст, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон нисбати масеҳиён як назари манфӣ пайдо шавад. Вале бояд бигӯям, ки масеҳиёни воқеъӣ ҳич касро таблиғ, ташвиқ ё маҷбур намекунанд, ки ба масеҳият гаравад. Агар инсон хоҳиш дошта бошад, ба калисо меравад, агар не, ба масҷид ё бутхона».

Ин гуфтаҳои рӯҳонии баптист дар ҳолест, ки ахиран созмони масеҳии Шоҳидони Яҳво ба далели фаъолияти ғайриқонунӣ доштанаш аз суи мақомоти Тоҷикистон қатъ карда шуд. Шӯҳрат Неъматов, раҳбари Иттиҳоди инҷилгароён дар Душанбе, мегӯяд, пайравони мазҳаби протестантӣ низ заминаи таърихӣ доранд ва фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон боис ба нигаронии аҳолӣ нагардидааст.

Андрей Григоревич, раҳбари як калисои масеҳӣ, низ мегӯяд, он мазҳабҳое, ки дар асоси фармудаҳои китоби муқаддаси Инҷил фаъолият мебаранд, ҳаргиз ба кори таблиғотӣ даст намезананд:

«Гуфта метавонам, ки бештари пайравони калисоҳои масеҳӣ, ки худро инҷилгаро муаррифӣ мекунанд, аслан протестант ҳастанд. Зеро дини масеҳӣ ҳамагӣ се ҷараёни асосӣ дорад: православӣ, католикӣ ва протестантӣ. Ҳамчунин метавонам бигӯям, ки миёни ин ҷараёнҳои масеҳият ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад, агарчи дар маҷмӯъ кори мазҳабии онҳо дар заминаи фармудаҳои Инҷил сурат мегирад. Чунин ихтилофи назарҳо ҳатто миёни ҷараёнҳои дини Ислом низ мушоҳида мешавад».

Худойбердии Эгамбердӣ, як масъули шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мазҳаби масеҳиятро дар баробари дини Ислом як дини осмонӣ медонад. Вай аз фаъолияти таблиғотии бархе аз гурӯҳҳои масеҳӣ интиқод кард ва даъват ба амал овард, ки мақомот танҳо барои фаъолияти мазҳаби православӣ, католикӣ ва протестантҳо, ки асоси таърихӣ доштаанд, иҷозаи фаъолият бидиҳад. Оқои Худойбердӣ афзуд, бо истифода аз камбизоатии мардум баъзе созмонҳои масеҳӣ, аз ҷумла калисои Сон-Мин мардуми ниёзмандро ба мазҳаби худ ҷалб месозанд. Ӯ гуфт:

«Дини масеҳӣ низ дини самоъӣ аст. Ин дин қабл аз пайдоиши Ислом дар Арабистон ҳам вуҷуд дошт. Вақте дини Ислом омад, динҳои қаблӣ мансух шуданд, аз ҷумла масеҳият низ. Ақоиде, ки дар китобҳои осмонӣ – Тавроту Забуру Инҷил омадааст, дар Қуръон низ ба шакли комилтару беҳтар ҷой дорад. Қуръон китоби охирини нозилшуда аз суи Худованд ва дини Ислом дини охирин барои аҳли башар дониста мешавад ва он ба ҳамаи мушкили мо посухгӯ аст. Мутаассифона, барои пешгирӣ намудани гароиши мардуми мусулмон ба масеҳият, уламои исломии Тоҷикистон кӯшиш ва ё барномаи ҷиддиеро рӯйи даст надоранд».

Қиёмиддин Сатторӣ, пажӯҳишгари фаъолияти адён дар Тоҷикистон, фирқаҳои мазҳаби масеҳиятро беш аз 50 адад арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, қавонини ҷории Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки чунин созмонҳои масеҳӣ фаъолияти густурда дошта бошанд, аммо ӯ фаъолияти миссионерии калисои мубаллиғии Сон-Минро хатарзо медонад:

«Сон-Мин фирқаи протестантии дини масеҳӣ аст, ки асосан пайравонаш кориягиҳои ҷанубӣ ҳастанд. Имрӯз мебинем, ки онҳо дар Душанбе низ як ибодатхонаи бузург доранд ва фаъолияти густурда мебаранд. Дар куҷое ҳам, ки мардум камбизоат ва кишвари ҷангзада бошад, ҳатман ин миссионерҳо он ҷо ҳозир мешаванд». 

Дар маҷмӯъ, ҳудуди 10 мазҳаби масеҳият дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ҳамагӣ пайравони онҳо тақрибан як дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Масеҳиёни Тоҷикистон ҳоло танҳо аз пешниҳоди тарҳи нави қонуни дин ва озодиҳои мазҳабӣ дар ҳаросанд ва онро нақзи ҳуқуқи пайравони худ медонанд. 

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Muhammad аз: Islomobod
03.01.2008 15:40
Haq taolo naqshi har da'vo shikast ,
To abad Islomro sheroza bast .

Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
03.01.2008 15:44
salom ba hamai khonandagoni in lavha: barodaroni aziz mo musalmonho bain chizhovu pulhoeki ashobi dinhoi botil manandi(masihiyatu yahudiyatu shia)baroi davat ba sui dini botilashon sarf mekunand freb nakhurem.charoki inchizro khudovand baroi bandagoni musalmanash az (1400)sol pesh dar kitobo pokash monandi oftob bayon karda gufki(surai anfal oyati36)mefarmoyad(hamono kofiron amvolashnro kharj(sarf) mekunand to mardumro az rohi khudo boz dorand.pas zud boshadki sarf kunand onro boz boshad on sarf kardan baroyashon pushaimoni boz maqlub shavand vakofiron basui duzakht kashida shavand)pas barodaroni aziz musalmon boyad emonashro dar inholatho az dast nadihad.dini islom ihtiyoj bain chizho nadorad indinro khudovand besarfu kharj dar dili bandagoni musalmonash joi karda ast.harchand sarfu kharj kunand basui hamin sukhani khudo ruju kunem inshalloh hejvaqt emonamonro az dast namedihem.BO IHTIROM ABU ABDU RAHMON AZ KANADA.

Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
03.01.2008 15:47
SALOM : az barodar FARUKH AZ ISFARA khohish mekunam javobi namai manro gardonad yo dar injo yo dar emailam to haqiqat baroi yake mo malum shavad.salomat boshed.

Ном: Kohistoni аз: Doshanbe
03.01.2008 16:19
Хозир ними Точикистонро масехиён гирифтаанд. Харчанд ба зохир пайравони дини мубини Ислом дар кишвари мо зиёданд, амо дар асл онхо пайрави аз масехияту зардуштият мекунанд. Агар хукумат низ дар рохи ибодати мусулмонхо монеъахо эчод бикунад, дар рохи фаъолияти мубаллигии масехиён хич кореро ба сомон нарасонидааст. Факат як фиркаи масехиятро бо номи Шохидони Яхво муттахм кард, вале натичаи он хам то хануз маълум нест. Давлат ба кучо менигарад?

Ном: Dilshod аз: Khujand
03.01.2008 16:23
Hamin rushoro mo kofir meguem. Rusho boshand pairavoni masehiyatand. Hamin, bo kofirho dusti varzidan va puli onhoro giriftanu zindagi kardan ravo boshad? Ba in suol javob mekhoham. D

Ном: sabza аз: muhojir
03.01.2008 17:21
BARODAR DILSHOD MO RUSHORO BAROI IN KOFIR MEQUEM KI ONHO DINI MORO VA QURONU PAIQAMBARI MORO QABUL NADORAND DAR HAQIQAT PESH AZ ISLOM DINI MASEHIYAT DINI MUTABAR BUD ALALKHUSUS HAMON MASEHIHOE KI H-ISORO BACHAI KHUDO NAMEQUFTAND VA VAQTO KI DINI ISLOM OMAD DIQAR DINHORO BARDOSHT VA HAMON KHUDOE KI DINI MASEHIYATRO NOZIL KARDA BUD FARMON DOD KI DINI ISLOMRO PAIRAVI KUNED PAS KASE KI FARMONI KHUDORO BA JO NAORAD KOFIR KHOHAD SHUD.
AMO BO ONHO DUSTI KARDAN VA HAMKORI KARDAN VA TIJORAT KARDAN YAQON MUSHKILIE NADORAD BA SHARTE KI DAR DINAT ZARARE NARASAD BALKI BOYAD BO ONHO MUOMILAI KHUB KUNI TO KI BIDONAND KI ISLOM ANA HAMINKHEL DINE AST KI PARAVONASHRO CHUNIN TARBIYAI KHUB KARDAAST VA SHOYAD KI DILASHON MULOIM SHUDA ISLOMRO QABUL KUNAND VA INCHUNIN NOQUFTA NAMONAD KI BISYORI DAVLATHOI KALON MISLI INDONEZYA VA MALAIZIYA BO SABABI MUOMILAI KHUBI TOJIRONI MUSALMON ONHO MUSALMON SHUDAND

Ном: mslmon
03.01.2008 17:36
asalomu alaikumum aku aksari hukumatdoroi mo xdshon kofirand mslmon masjid maxkam namekna kati azon kofir masjid maxkam mekna SATRA MAN MEKNA azona man mekna oxi xai diga chxel mslmonai, ixeli odama ma mslmon namegum ku yaktash bar zidi shiyaho yo nasoro yo yahudo gap zana xoksha mebezan ba xudo ma namedonm ki da kiyomat chi javob medodaboshan ami hukumatdoroi mo

Ном: 123456789
03.01.2008 18:25
Ман бахси ин макола ва дигар маколахоро мукоиса кардам, ин мардуми точик факат дар дин босавод аст е ин ки факат ба дин таваччух дорад. Шояд аз хамин сабаб аст, ки дар рейтингхои камбагалхои чахон ба кампанияи африкансо ворид шудаем, барои намозро чи хел хондан чанчол мекунему вале вакте як пора нонамонро аз дахонамон кашида мегиранд, хомуш мешинем.

Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
03.01.2008 22:30
SALOM ALAIKUM:ey bechorai benom(123456789)tu bechora az kujo doni vaqteki dindorho va namozkhonho dunyoro hukm mekardan dar pushti kadom bobiyat budi. baroi hamon yakbor tarikhi bobiyonatro bkhon chikhel dunyoro hukm mekardand ki onho islomro dar dilu zabonashon joi karda budand.ammo sababi pastmonii musalmonhoi imruza tu va digar musalmonhoeki islim dar tanho dar zabonashon ast.agar mo monandi bobihoyamon musalmoni haqiqi shavem yakon kas basui mo nigoh karda nametonad.ammo agar ba hamin emanat ravi kadomruz nonatro ne balki zabonatro az dahonat megirand khomush meshini.

Ном: Abu Abdurrahmon аз: kulob
04.01.2008 01:36
salom alaikum:ey javonmardi be nom.tu vaqtoki musalmonho va namozkhonho dunyoro hukm mekardand dar kimkijo nobud budi.baroi hamin pesh az inki dar dini islom gap zani yak bor chashmonatro dar tarikhi guzashtai islom boz kun. guzashtahoi mo islimro dar dilu zabonashon loi karda budand baroi hamin dunyo dar zeri hukmashon bud. ammo imruz sababi pastshavii mo musalmonho tu hastivu digar baze musalmonhoeki islomro dar nuki zabonashon joi kardand ammo dilashon pur az nifoq ast.tubore musalmona sadqai hamon bobihoi musalmoni guzashtaamon kunad ki jonhoyashonro fido kardand to islomro ba manu tu rasondand.ammo imruz tubore javonmardoni benomus dini islomro sababi pasraftii musalomonho medonand
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

 

... ... ...