Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Турсунзода масҷиде бунёд шудааст, ки пас аз чанд соли истифодаи он дақиқ шудааст, ки самти намозгузорӣ дар он на ба сӯи Каъба, балки Ватикан будааст.

Хурсанд Ибоддинов, раҳбари пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон бо ёдовари аз ин ҳодисаи иттифоқуфтода гуфт, инчунин номушаххасиҳо дар муайян кардани самти дақиқи Каъбатуллоҳ, яъне шаҳри Макка миёни мардум ихтилофҳо сар задааст. Вай афзуд, мо бо мутахассисон ба ин деҳа рафта, аз тариқи асбобҳои махсус самти ғуруби офтоб ва ҷойгиршавии Каъбаро муайян ва бо бур самти Қибларо дар саҳни ҳавлии ин масҷид ишорат намудем. Маълум шуд, ки қаблан мардуми ин деҳа дақиқан на ба самти Каъба, балки 22 дараҷа канортари ин самтӣ намоз мегузоштаанд. Зеро ин масҷид параллел бо роҳ бунёд шуда ва самти Каъба дақиқ мушаххас нашудааст.

Оқои Ибоддинов иброз дошт, ин дар ҳолест, ки шӯрои уламои Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас кардани самти қибла аз ҳама манотиқи Тоҷикистон ва тақвими замони намозҳо ба ин пажӯҳишгоҳ расман муроҷиат карда ва посухи дақиқ гирифтааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, муассисоти динии Тоҷикистон дар бунёди ба хусус масоҷид аз дастовардҳои улуми дақиқ зиёд истифода намебаранд ва ин боиси иштибоҳҳои мусалмонони кишвар дар анҷоми аркони ислом мегардад. Зеро ба эътиқоди оқои Ибоддинов, самти ҷойгиршавии Каъбатуллоҳ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, танҳо дар рӯзҳои кӯтоҳтарини сол, ба вижа 22 декабр ба самти ғуруби офтоб мувофиқ аст.

Ва аммо, мегӯяд ӯ, дар фаслҳои дигар, аз ҷумла тобистон, самти ғуруби офтоб 60 дараҷа тағйир меёбад ва дар ин мавсим дақиқан ба самти ғуруби офтоб намозгузорӣ дуруст нест. Ҳамчунин меафзояд, дар бештарин маврид дар аксари манотиқи кишвар ва шаҳрҳо масоҷид дар заминаи мувофиқат бо тарҳи кӯчаҳо бунёд мешавад, ки аксар маврид самти намозгузорӣ дар ин масоҷид дақиқан рӯ ба сӯи Қибла набудааст. Ба гуфтаи масъули пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон, бар илова аксаран мавсими шурӯъи сохтмон биноҳо, аз ҷумла масоҷиди кишвар, дар фасли гармои тобистон аст ва чун самти қибларо ҷониби ғуруби офтоб муайян мекунанд, дар ин фасл қутби ғуруби офтоб аз самти ҷойгиршаваии Каъба хеле тафовут дорад.

Хурсанд Ибоддинов, раҳбари пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон

Аммо дар ҳамин ҳол, Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии Душанбе, мегӯяд, феълан мавриди мушаххас кардани самти намозгузорӣ дар бунёди масоҷиди кишвар аз компас ва ё қутбнамо истифода мебаранд ва ҳамчунин бар тибқи он аз ҷумла мушаххас кардаанд, ки самти намозгузорӣ дар масҷиди марказии Душанбе дақиқан ҷониби Каъбатулоҳ будааст. Вай афзуд, дар инҷо 120-130 пеш, яъне қабл аз инқилоби октябр масҷид сохта шуда буд ва Масҷиди марказии Душанбе дар ҷои он бунёд шуда ва самти қибла ба он масҷиди қаблӣ мувофиқ аст.

Ва ин дар ҳолест, мардуми оддии мусалмони кишвар самти намозгузории худро ба гуфтаи имомҳои масоҷид анҷом медодаанд, вале аксаран самти ҷойгиршавии Каъбаро дақиқан намедонистаанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳатто тақвими замони намозҳо ба ҷуз аз моҳи шарифи Рамазон дар дигар моҳҳо нашр ва ба мардум пешкаш намешавад. Ва ин аст, ки аксаран мардум замони намозҳоро аз усулҳои қадимӣ, ки мероси гузаштагон аст, истифода мебаранд. Барои мисол фаросрасии намози шомро ба он замон мувофиқ медонанд, ки риштаи сафедро аз риштаи сиёҳ фарқ карда шавад ва ё дамидани субҳро он лаҳзае медонанд, ки донаи гандумро аз дона ҷав мешавад фарқ кард.

Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо нигаронӣ ба дониши нокофии ходимони динии кишвар дар бахши илми нуҷум ба мақомоти таълими динии кишвар пешниҳод кардаст, ки ба толибилмони мадрасаҳои динии кишвар ҳадди ақалл то 40 соат аз асосҳои илми нуҷум дарс омӯзонда шавад. Зеро ба гуфтаи масъули ин пажӯҳишгоҳ агар ходимони дин ва имомҳои масоҷид аз асосҳои илми нуҷум бехабар монанд, анҷоми рукнҳои исломӣ дар оянда низ бо иштибоҳот сурат хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG