Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонае, ки ҳар рӯзаш Наврӯз аст...


Агар бисёре аз сокинони Тоҷикистон барои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ҳамагӣ як моҳ ё кам ва ё бештар аз он омодагӣ гиранд, дар Душанбе манзиле ҳаст, ки дар он ҷо ҳар рӯз Наврӯз ҳукмфармост.

Сокинони Тоҷикистон барои пешвоз ва таҷлил аз иди Наврӯз ҳамагӣ як моҳ омодагӣ мегиранд ва суннатҳои ин ҷашни қадимиро пос медоранд, аммо дар як хонае дар Душанбе чаҳор фасли сол Наврӯз ҳукмфармост. Сӯзаниҳо бо тасвири нақши офтобу рӯшанӣ, либосҳои қадимӣ ва нақшу нигоре, ки дару девори ин хонаро зеб медиҳанд, паёми наврӯзӣ доранд.

Ин макон манзили зисти оилаи эҷодкори тоҷик - санъатшинос Сарвиноз Ҳоҷиева ва рассом Олимҷон Камолов - аст.

Сарвиноз ва Олимҷон зиндагии муштараки худро 31 соли пеш дар ҳамин хона, ки аз падар ба Олимҷон мерос мондааст, шурӯъ кардаанд. Дар ҳоле ки аксарият дар Тоҷикистон кӯшиши бунёди хонаҳои боҳашамату замонавиро мекунанд, қаҳрамонони мо ба хотири зинда нигаҳ доштани осори таърихӣ ва зиндагӣ дар муҳити наврӯзиву бостонӣ хонае аз гил сохтаанд.

Зиёрат аз хонае, ки ҳар рӯзаш Наврӯз аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Меҳмонони зиёде, аз ҷумла хориҷиён низ аз ин макон боздид мекунанд ва бо нигораву тасвирҳои таърихии тоҷикон ошно мешаванд. Ин меҳмонҳоро ҳам ғолибан аксҳои зебову ҷолиб дар Фейсбук ба ин хонаи қадимӣ ва ё осорхонаи мардумӣ мебарад.

Ин макон ба меҳмонҳо на танҳо аз таърихи қадимӣ ва осору арзишҳои миллӣ, балки аз таъриху зиндагии соҳибони худ ҳам қисса мекунад. Сарвиноз Ҳоҷиева мегӯяд, дар муҳити ин хонааш ҳамеша овони кӯдакӣ, модари марҳум, ҷашни арӯсии худро мисли як филме пеши назар меорад.

Сарвиноз Ҳоҷиева
Сарвиноз Ҳоҷиева

Дар ин осорхона либоси модари Сарвиноз, ки ним асри пеш дар Самарқанд арӯс шуда ва сарандози арӯсии худ Сарвиноз ва кокулҳои зангӯладораш низ нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамин тавр, либоси домодии Олимҷон Камолов, гаҳворае, ки ду фарзанди ин хонаводаи эҷодкор дар он ба воя расидаанд, дарахти ангур, ки умри 50-сола дораду ҳанӯз ҳам ҳосил медиҳад ва ашёву нигораҳои дигари таърихӣ ин хонаро ба як осорхонаи зебо ё намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва наврӯзгоҳе табдил додааст.

Маҳз зиндагӣ дар ҳамин муҳит барои дастёбӣ ба муваффақиятҳои сарвари ин хонавода, Олимҷон Камолов - рассоми миниотюристи маъруф, ки дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ аст, таъсиргузор будааст.

Сарвиноз ва Олимҷон ҳар сол Наврӯзро бо дӯстону меҳмонони санъатдӯсти худ дар ҳамин осорхонаи хурду зебо, макони наврӯзии худ ҷашн мегиранд. Ба меҳмонхонаи бостонии онҳо махсусан дар ростои Наврӯз таваҷҷӯҳ бештар мешудааст ва бархе ҳам барои сабти барномаҳои идонаи наврӯзӣ меҳмони онҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG