Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идонаи варзишӣ баргузор мешавад.

Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон баргузории мусобиқоти идонаи варзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончи, рӯзҳои 22-23-юми март дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар, инчунин гуштигирони Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барпо мегардад.

Сардовари ин мусобиқа Усто Устопиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «Рӯзи аввали мусобиқа, ки субҳи 22-юми март дар марказии омодагии олимпии “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум шурӯъ мешавад, варзишгарон дар 9 вазн – 55, 60, 65, 70, 75, 80, 86, 95 ва беш аз 95 кило рақобат мекунанд. Ғолибони даври аввал дар ҳар як вазн бо ҷоизапулӣ ба маблағи 500 сомонӣ, даври дувум – 1000 сомонӣ, даври севум – 1500 сомонӣ ва даври ниҳоӣ – 5000 сомонӣ – мукофотонида мешаванд.

Усто Устопиров ва Комроншоҳи Устопириён

Усто Устопиров ва Комроншоҳи Устопириён

Ҳамин тариқ, ғолиби мусобиқа дар ҳар як вазн ҷамъулҷамъ соҳиби 8000 сомонӣ мегардад. Гуштигироне, ки дар вазнҳои 75, 80, 86, 95 ва беш аз 95 кило ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, дар мусобиқаи ниҳоӣ барои гирифтани ҷоизаҳои аслӣ дар вазни мутлақ мубориза мебаранд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Устопиров, сабқати ниҳоии паҳлавонӣ рӯзи 23-юми март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар “Амфитеатр”-и ҷадиди дорои 6000 ҷойи нишаст, ки бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад, барпо мегардад. Дар ин мусобиқа ширкати паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба мисли Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён, Зайналобудддини Аъзамхон, Ҷумъахон Назриев ва дигарон дар назар аст.

Ғолиби мутлақи мусобиқа бо ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон – Ҷоми Наврӯз-2015 ва шоҳҷоиза - мошини сабукрави тамғаи “Мерседес-Бенс” - мукофотонида мешавад. Ба паҳлавоне, ки ҷойи дувумро мегирад, мототсикли истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва ба варзишгароне, ки ҷойи севумро соҳиб мешаванд, телевизорҳои бузург тақдим хоҳанд шуд.

“Ҷоизаҳои молӣ ва ҷойи хобу ғизои гуштигирону доварон аз ҳисоби мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ва ҷоизаҳои олӣ аз ҳисоби сарпарастон пардохт карда мешавад”, - иброз дошт Усто Устопиров.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ гуштигирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Ба иттилои Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз гуштии миллӣ, аз рӯи навъҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, футбол, тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка ва ғайра мусобиқоти идона доир хоҳад шуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзҳои 19-23 март дар Майдони нави тенниси Душанбе мусобиқа бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа беҳтарин теннисбозони навраси тоҷик, ки ба Ҷоми президенти Тоҷикистон омодагӣ мебинанд, ширкат меварзанд.

Инчунин Парвиз Собиров, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳар чор ноҳияи пойтахти кишвар мусобиқот оид ба намудҳои мухталиф барпо мегардад. Ҳамчунин беҳтарин варзишгарон дар риштаҳои акробатика ва гимнастикаи бадеӣ дар намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ, ки 24-уми март дар Боғи “Шаршара”-и Душанбе баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG