Панҷшанбе, Апрел 17, 2014

Тоҷикистон

Як рӯз бо ҳамҷинсгароёни тоҷик

Дар маҷаллаи навбатии "Як рӯз бо Шумо" хабарнигори Радиои Озодӣ масъалаеро баррасӣ мекунад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон аз он зиёд хушашон намеояд. Ҳарчанд ин амал дар баъзе кишварҳои Ғарб қабул ва расман эътироф мешавад.

x
Ҳаҷми матн - +
Дар барномаи имрӯз ман мехоҳам бо шумо дар мавзӯъе сӯҳбат кунам, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз  пӯшида маҳсуб  мешавад. Агарчӣ аксарият аз сухан кардан дар мавриди ин мавзъӯи баҳсбарангез парҳез мекунанд, теъдоде шарм медоранд,  теъдоде, ҳам хомӯширо дар ин маврид ихтиёр менамоянд.

Ахиран ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе нафаре муроҷиат кард, ки мехост ошкоро дар мавриди зиндагии худ ҳарф занад ва гӯяд ошкор, ки ӯ марбут ба аққалиятҳои ҷинсист. Ин ҷавони 32-сола худро Комил муаррифӣ кард ва гуфт, ҳанӯз 25 сол пеш дарк карда буд, ки аз дигар ҳамсолони худ фарқ дорад.

Яъне ӯ аз ҳамон даврон бештар бо духтарон дӯстӣ дошта, завқаш ҳам мисли онҳо будааст. Тавре ин ҷавон мегӯяд, тайи ин солҳо ӯ зиндагии пасипардагӣ дошт, вале ҳоло мехоҳад роҷеъ ба мушкилот ва бархӯрди ҷомеа нисбати ӯву афроди мисли ӯ садо баланд кунад.
 

Комил дар ҳоле аз бархӯрди бади пайвандон ва ҷомеа дар нисбати худ ва ҳамтоёнаш шикоят мекунад, ки қонунҳои Тоҷикистон робитаи наздики мард бо мард ва ё зан бо занро манъ накардааст. Дақиқтараш, ҳукумати Шӯравӣ ҳамҷинсгароиро маҳкум ва барои он муҷозот пешбинӣ карда буд. Аммо соли 1998 Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ банди марбут ба муҷозоти ақалиятҳои ҷинсиро лағв кард. Вале бо ин ҳол, муносибат ва бархӯрди ҷомеа бо ин гурӯҳи одамон тағйир наёфта ва то ҳол намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар шахсияти худро ошкор намекунанд. Онҳо ҳарос доранд, ки мавриди таҳқиру масхара қарор гирифта, ба истилоҳи мардуми «радди маърака» мешаванд.

ВИДЕОИ СӮҲБАТ БО КОМИЛ ИНҶОСТ:

Ҳамҷинсгарои тоҷик: Ман дастгирӣ мехоҳамi
X
28.01.2014 13:34
Ахиран ба дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе нафаре муроҷиат кард, ки мехост ошкоро дар мавриди зиндагии худ ҳарф занад, ки ӯ марбут ба гурӯҳи аққалиятҳои ҷинсист. Ин ҷавони 32-сола худро Комил муаррифӣ кард ва гуфт, ҳанӯз дар овони хурдӣ дарк кардааст, ки аз дигар ҳамтоёни худ фарқ дорад.


Фозил, мардт дигаре, ки розӣ шуд бо тағйири исмаш дар бораи худ сӯҳбат кунад, мегӯяд, ҳоло 63 сол дорад ва соҳиби зану фарзанду наберагон аст, аммо то ба ҳол натавонистааст, аз ин одати худ даст кашад. Тавре ин мард мегӯяд, ӯ то ҳадди аксар кӯшиш мекунад, ки пайвандонаш аз сирри ӯ огаҳ нашаванд ва ба обрӯи онҳо латма назанад.

Бо вуҷуди он, аз  назари умумӣ қонунгузории Тоҷикистонро дар мавриди ҳамҷинсгароӣ метавон таҳаммулпазир ва мутобиқ ба талаботи ҷомеаи демократӣ унвон кард, вале бархӯрди ҷомеаи суннатӣ ва аксаран мусалмони кишвар ба ин падида чандон соддаву осон нест ва ҳамҷинсгароиву ҳамҷинсгароёнро дар ин ҷомиа бисёриҳо аслан қабул надоранд.

Вале гоҳе ҳам ба назар мерасад, ки мардум то як андоза дар нисбати ҳамҷинсгароён муносибати бетарафиро ихтиёр мекунанд ва табвагӯён даст ба сӯи гиребон мебаранду аз Худо талаб мекунанд, ки ин мушкилро ба онҳо наздик накунанд. Аммо агар мабодо яке аз аъзои оилаи онҳо ҳамчинсгаро бошад, ӯро то ҳадди имкон дар бунбаст қарор медиҳанд ва кӯшиш мекунанд рӯзашро “сиёҳ” карда ва ё вайро аз ин роҳ “гардонанд”.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки аксаран ақаллиятҳои ҷинсӣ аз сӯи мақомоти милиса мавриди тавтеъа қарор мегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳамҷинсгароён аз кишвар фирор мекунанд ва ё агар ҷонашон ба ҳалқ омад, ҳатто даст ба худкушӣ мезананд.

Бояд гуфт, дар бозори танфурӯшӣ баъзе аз ҳамҷинсгароён ҳам ҳастанд ва онҳо ба қавли коршиносон ба хотири ба даст овардани пули муфт муштариёни худро ба дасти милиса месупоранд ва бо таҳдиди ошкор кардани сирри онҳо маблағ мерӯёнанд.

Ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори фаҳше нашр шуд, ки робитаи наздики яке аз кормандони як созмони байналмилалии мустақар дар Тоҷикистонро бо ҳамҷинсаш инъикос мекард. Ва ин навор аз ҷониби афроди номаълум сабт ва дар интернет паҳн гардидааст

Елена Иброҳимова, раҳбари яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсӣ мегӯяд, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ҳадди аксар кӯшиш мекунанд, ки шахсияти худро ошкор наcозанд.Елена Иброҳимова мегӯяд, дар миёни намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон духтарон низ ба мушоҳида мерасанд. Ба гуфтаи вай, худи намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ ҳамҷинсгароиро беморӣ намедонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш Нафиса Муродова, равоншиноси тоҷик гуфта буд, ки Афлотун, донишманди юнонӣ ҳамҷинсгароиро ба маризии ҷисмонӣ нисбат додааст. Вале Абуалӣ ибни Сино, олим ва мутафаккири бузурги тоҷик онро ба  бемории равонӣ марбут донистааст.

Заррина Кенҷаева.Заррина Кенҷаева.
x
Заррина Кенҷаева.
Заррина Кенҷаева.
Аммо Заррина Кенҷаева, яке дигар аз равоншиносони тоҷик, ки таҷрибаи кор бо ҳамҷинсгароҳоро доштааст, мегӯяд, ҳамҷинсбозӣ мисли нашъамандӣ одат аст ва бо иродаи қавӣ шахс метавонад аз ин роҳ баргардад.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи мусалмонист ва бо он ки аз лиҳози шаръӣ низ ҳамҷинсгароӣ маҳкум мешавад, аммо мардум ошкоро нисбати ин тофиа бархурди хашмин надоранд ва фарди ҳамҷиснгароро баъзан таҳммул мекунанд. Ҳарчанд ҳамҷинсгароҳо низ худро фарди ин ҷомеа медонанд, аммо иродаашонро худро болотар аз муносибат ва ҳамзистӣ бо мардум намегузоранд. Комил, қаҳрамони барномаи мо низ умедвор аст, ки атрофиён агарчӣ иродаи ӯро қабул надоранд, аммо "радди маърака"-аш намекунанд ва барояш имкони зиндагӣ карданро дар Тоҷикистон медиҳанд. Ҳарчанд ӯ ҳатто аз ҷониби бародаронаш таъкиб мешавад, вале "дигар ҷои рафтан надорам," - мегӯяд Комил.

Аммо то он вақт, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ҳамоно зиндагии зеризаминӣ дошта, маъмулан дар шабакаи Интернет "рӯи об мебароянд" ва тавассути сомонаҳои интернетӣ барои худ дӯст пайдо мекунанд.

ВИДЕОИ ПУРРА ДАР ГӮШАИ ОЗОДӢ ДАР ЮТЮБ:


Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Точик
28.01.2014 20:50
Дар чомиаи мусалмон матрахи ин масъала худаш як гумрохист. Дигар зидди онхо чизе надорам, вале бигузор дар деги худашон чушидан гиранду ба хар ош катик нашаванд....
Дар посух

Ном: Рустам аз: Душанбе
29.01.2014 01:48
Илтимос ин мавзуъ бо забони русси тарчума накунед баъд дар харгуна сомонахои ба кавли русси "желтая пресса" гаштаю-баргашта чоп мекунанд, ба мисли "центразия" ва гр.
Ба фикри ман ин шахс табобат гираду, намозхояшро хонад бо хости Худо шифо меёбад. Ва аз бародарони гироми хохиш дорам ба эхсосот дода нашавед танхо ба рох хак хидоят кунед.
Агар хозир хохишам аз мавзуъ дур хам бошад, дар казияи Воруху, Ходжаи Аъло, бародарон пепарвои накунед. Хар яки шумо мехре дар дил нисбати механи хеш агар доред, бисертар мавуъхои ба ин минтакаи Точикистонро матрах кунед.
Дар посух

Ном: Х фактори Кухсор аз: Кухсори дангара)))
30.01.2014 20:35
98 фоизи мусулмони Точикистон бошед, одобро ед гиред, ин на касали хаст ва на одоби бад. Агар ту бе даст ба дунье ои, ое ин айби ту хаст, не, албатта. Ин инсонхо хам хак доранд ба зиндагии шахсияшон, бимонед инхоро, дигар масалахои рузмарра ро мондед ду, ба ин бечорахо хучум кардед. Инхо бе ин хам зиндагии мушкил доранд, ва ба Озоди рахмат, ки, камтар хам бошад, ба ин масалаи як гурухи одамон даст додааст. Тамоми дунье ин масаларо ба холи худ гузоштааст, ва точикони мо албатта нав бедор шуданд. Монед зиндаги кунанд, зан е мард гиранд, ин кори онхо хаст, шумоен аввал фикри зиндагии худ кунед, беодобон ро тарбия кунед. Албатта аз фикри ин "Мутахассисон" хаячонам меояд, инхо чи? о дустон, як китоб хонед, агар ягон бало надони, е шарм медори, гап назан, боз номхо ва мансабхои калбакии худро ин чо овардаанд, шарм, боз худро ким чихо мегуянд.. Дигараш панохатон бар Худо.

Ном: Tuychiboy аз: Dushanbe
28.01.2014 20:55
Xudo nigah dorad
Komil!
Tu behtarash rafta tabobat kun ,ammo ba umedi ijoza giriftan va oshkor zindagi kardan dar jomea nashav . Zero in amali xelo zisht ,muqobili islom va muslimin hast . Agar natavoni bas kardan , xubash tarki TOJIKISRON kun va dar kishvare iqomat kun ,ki onjo in amal qonunist . Ammo hej goh magu ,ki musalmoni ,ILTIMOS !!!!
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 02:47
Chi khel khudashro tabobat mekunad? in yagon kasali masali nest, yagon ravonshinosu girurg nametavonad inro tabobat kunad ba khotire ki homosexeual tavvalud meshavand va hej vaqt ham tabobat nameshavand, yagon qonun yo dinu mazhab peshi rohi in guruhro hazorsolahost nametavonad bigirad, guruhi homosexual dar har millatu nazhod mavjud ast va inro naboyad inkor va sarkub kard, in balo metavonad bar sari har yak khonavoda hatto oilai mullo, popi kaliso, milisa yo prezident biyoyad. Har inson haqi zindagi va hurmat dorad(respect), biguzor in guruh ham misli digaron dar amn zindagi kunand.

Ном: Sazovor аз: Khorija
28.01.2014 21:03
Ba hamin mard yak maslihat. Khudovand dar Kuron dar surai Niso, oyati 87 mefarmoyad: اللّهُ لا إِلَهَ إِلاَّ هُوَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ لاَ رَيْبَ فِيهِ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللّهِ حَدِيثًا (Аллах – нет божества, кроме Него! Он непременно соберет вас ко Дню воскресения, в котором нет сомнения. Чья речь правдивее речи Аллаха?). Behtarash inro tark kun va tavba kun, va namoz bikhon. Dar jamiyat odamon gunogunand yake talabi ziyod ba zan dorad, yake (zanho) talabi ziyod ba mard dorad, lekin konuni shariat ba hejkas ijozat namedihad az talabot berun raftor kunad, sanjishi banda dar hamin ast. Surai Baqara, oyati 153: يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ ("О те, которые уверовали! Обратитесь за помощью к терпению и намазу. Воистину, Аллах - с терпеливыми").
Дар посух

Ном: S..l аз: USA
29.01.2014 07:12
Salom,

Avvalo Tashakur ba ozodi baroi in mavzuro matrah kardan. Man namefaxmam charo in kadar bad bini i negativ oidi in mavzu va problema. Charo tojiko az hudashon kim chi mesozan ..ISlom ..Xudo megen ..Oxi dar jam'iyati Musalmonii Tojikiston karib 20.000 Kasalii HIv eki Spid dida meshavad ...Charo aib megen i xap mekunen ..Dar Jam'iyati Musalmonii Sunati 20.000 kasali spid ...mana jomeai sunatiton i musalmoniton ..Xamash az tarbiaya pasti shaxvoni ..Yane bezapastniy Se''' namedoned. Xamjisgaron dar Tojikiston puran ba misli tamomi dune ...na ba Muslumoni Taaluk dorad na chizi digar..inxo ba xamin shakl ba dune mieyan ...Kar nesten ku 6 sola budam mega. Albata in odama az in xaetash Xursand nest...I shoyad yak umr bo xamin stress zindagi kunad va xaeti bebaxt doshta boshad chi dar Jamiyati Tojikiston e chi dar digarjo. Baroi xamin gapoi tabex nazaned dastgiri kunen ...maslixati insoni tien, be shumoram medonad ki in kor azob ast eki durust ast e ne...
Ba xamin mard; Jura chamadonta jam' kun i bra ubezheshe purs az saforati Amriko eki digar davlati Avrupoi...Biser fondxo xastai, cherez internet bukob, erdamut mekuna az TJ mebroranta. Xudta zik nakun ti takoi kakoi tebya bog Sozdal ...i ne nado vsem otkrivatsya i obyasnyat....Tebya oni nekogda ne poimut ..Zhivi i raduisya zhiznyu...Uezzhai iz Dushanbe ...vot o chom tebe nado dumat'.
Дар посух

Ном: Dovud аз: USA
30.01.2014 12:29
Salom aleykum,

muhtaram S..I ,

hamjins ba dunyo nameoyand, balki meshavand. Olim budan darkor nest to kas dark kunad ki in na tanho az jihati dinni, balki ba fitrati odami rost nameoyad. Yak girdu atrofro nazar kuned, ba digar jonvaroni zinda, hamai onho naru moda ofarida shudaastand, Aqlatonro kor bifarmoed az baroi KHudo.

Ном: Талха аз: Масчох
28.01.2014 21:15
Мухтарам кормандони Радиои Озоди шумо дигар мавзу надоред ки инхел мавзухоа чоп мекунед
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 03:15
Magar hamin xudash mavzu nest? Ba fkram mavzui ruz ast.
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 09:05
Магар чи ишколе дорад? Ин бисёр мавзӯъи муҳим аст. Бахше аз ҷомеъаи мо бо ин масъала дасту панҷа нарм мекунанд.
Дар посух

Ном: Суруш аз: Душанбе
29.01.2014 11:45
Вокеан, бо хамин демократияатон хамаро ...... накунед. Чи лозим чунин масъалахоро бардоштанд. Мо мусулмонем. бачабози гунох аст. масъалахои доги рузро бардоред, ришвахурии судяхову прокурорхо, масъалаи кадрхо, аз як нохия ва махал таин шудан ба мансабхо ва г.
мардумро бу мавзухои дигар андармон накунед.
Дар посух

Ном: Падар аз: Гумномистон
29.01.2014 12:01
Дар зиндагии имрузаи мо он кадар бадбахти хаст, он кадар ифлоси хаст, ки хочати бардоштани чунин як мавзуи бадбуй нест. Аз набудани як идеяи мувофики милли ва рохбарияти боакл моро Гарбу Русия ба хар тарафе ки хоханд, кашида истодаанд. Хар чизе ки онхо мегуянд, мо беидрокона такрор мекунем. Касе хам намегуяд, ки дар Точикистон мушкилот хамчинсгарои нест. Дар хама чо буд ва хаст. Вале холати рупушидагиаш бехтарин вариант ба хисоб меравад. Аз кушодагуи дар ин мавзуъ фоидае нест. Хамон чанд колабаки ноустувори ахлокие ки дорем аз байн мераваду, дар аъроф мемонем. Барои авч гирифтани ин кор мусоидат накунед, ки дертар азоби рухияшро мекашед. Охир ба хуби медонед, ки касе ба чунин афрод кумак карда наметавонад. Худо нигахбонатон!

Ном: Шайх аз: Аврупо
28.01.2014 21:17
Ассаламу алейкум бародарони азиз, ва ин чавонеки дасти кумак металабед. Авало ин кори тавба мебошад, Астахфуриллох, Астахфурул-Аллох . Бародари азиз е инки фарзанди азиз, чунки ман хело аз шумо калонсолтарам, 56-соль дорам. Ман худ дар Аврупо ба сар мебарам, ва шоиди онами ки дар Аврупо ба мысли шумо хело хам зиёданд, ва онхо хатто созмоне нисбати ин кори гайри инсонияту, гари Дин доранд, аммо онхоро 80%-фоизи Мардум намепазирад, чун ки онхо дар чамийат, бисер бадбахтио меоранд. Онхо дар сафи хело кучак буданд, ва Давлат иштибох карда ба онхо дасти ёри дароз кард, ки шояд ин як касали бошад, мутасифона ин касал несть.Ва дар Аврупо сафи онхо зиёд шуда истодаанд.Чи тавре ки ман дар боло зикр кардам ки Давлат иштибох кардааст, чунки инхо бисер хам ташвикоты принципы мебаранд ва бисер чавононро ба сафи худ мекашанд, аз хамин чихать, Мардуми зиёд, бар зидди онхо мебошанд. Онхо Демократия гуфта худро дар сафи чамияти солим мекашанд, дар дохили структура ва ташкилотхои давлати, хеле хам зиёданд. Як фикр кунед, ки ин хел рафтан гирад, пояи Давлату Давлат-дори заиф мешавад, ва Давлат аз даст меравад. Бинобар ин коре мебошад ки намешавад дастгири кард. Фарзанди азиз, ман шуморо мефахмам, ки дар Точикистон, ин як кори дахшатаст, Мардум хеч вакт шуморо дастгири намекунад, хатто тонад, сангсор мекунад.Шумо бояд тамоми кувати худро сарф кунду, аккалан ба ягом Вилояти дурдасти Точикистон равед, ки шуморо касе дар он чо нашиносад, ва кушиши онро кунед-ки, худатон аз ин кор даст кашед, вагарна, касе ба шумо кумак карда наметавонад, е ин ки агар худатон тарафдори ин дахшати интихоб кардаи худатон бошед, бояд ин коро бо хамчинсы худ тавре дар рох монд, ки на ба худатон зарар орду ва на ба чамиять. Касе аз ахволи кори шумо, хабаре надошта бошад, ва дигар рохе надоред. Дар Аврупо то хануз ин бахс давом дорад, ки ое ин касал аст, е ин ки талаби шавкият. Сарбаланду хонаобод бошед бародарон ва хоарони азиз, ва Худои бузург ин чавони гумрохро хам хидоят кунад.

Ном: Хуршед аз: Душанбе
28.01.2014 21:22
мусалмонони Точикистон дуо кунем аз даргохи Худованд ки аз ин пас кулли фарзанди ба дунё меомадаи Точикро солимгардонад Худованд аз ин бемори фарзанди мусалмонро нигахдор омин

Ном: Бандаи Худо аз: Гарб
28.01.2014 21:26
Салом ба хонандагои РО!

Мухтарам Журналистон! Илтимос Шумо фаромуш накунед, ки дар Точикистон карор доред. Давлате, ки 95% Мусалмон асту ахли суннат! Чаро Шумо хамин бадтарин мавзуъ" Хамчинсгарои"-ро интихоб кардед... Чи дигар мавзуъ набуд??!!! Худатонро ба Гарбу Амрико монанд накунед. Ки гуё дар давлатхои Гарб ин раво аст. Онхо худашон аз ин кор то чое пушаймон шудаанд. Нафратам доранд....
Чи даркор дар Точикистон хамин гуна мавзуъро ба бахс хезондан??
Ин Умед мегуяд, ки барои худу дигаро овоз баланд карданист. Чи магар ягон ташкилои хукукии хоричи маблаггузориву дастририаш карда бошад??!!!!
Ё Аллох ин Миллату Кавмро дар панохат аз балохои охирзамон нигах дор!!!
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 00:50
мебахщеду дар точикистон муллохо дастдарози мекунанд ба бачахои хурд, писар бо писар алокаи чинси кардан кариб ки норма шудааст
Дар посух

Ном: конун аз: душанбе
30.01.2014 14:35
ногуфта намонад ки баччабози аз хама беш дар мазхаби сунни ройич аст, дар солхои чанги шахрванди хар як муллову кумандонаш 3-4 махрамбачча дошт. так что чанобон фанатик-мусалмонон худро мусичаи бегунох вонамуд накунед....дар афгон бошад тамоман расвоги...
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 09:10
Хеле ҳам кори дурусте карда Родию Озодӣ, ки ин масъаларо матраҳ кардааст.
Бояд тобуҳоро шикаст, то ҷомеъа пешрафт кунад.
Дар посух

Ном: Махмуд аз: Душанбе
29.01.2014 10:05
100%

Ном: Muhammad аз: UAE
28.01.2014 21:28
Мухтарам кормандони Озоди!
Лутфан дар фасод шудани чомеъа сахми худро нагузоред,харчанд медонем,ки Радиои Озоди харф аз демократияву,озодии сухану гайрахо мезанад.
Оё медонед,ки харчанд чиноёт пушида ва махфи бошад хубтар аз он аст,ки ошкорову руйрост бошад.Ин амал чиноят аст ва мухолифи шаъну шарафи инсонист.
Вой бар холи рузе,ки чинояткори пуштибон пайдо кунад ва масалан дуздиву,каллоби ва дигар анвоъи чиноёт конуни гардад.
Дар посух

Ном: МУҲАММАД аз: .....
28.01.2014 22:48
Аз радиои озодй хоҳиш карда мешавад, ки масоиле робита ба дин (ислом) дорад, ё робита ба ҷамоате дорад, ки аксарияти мардумаш мусалмон аст, монанди ТОҶИКИСТОН, аз аҳли уламо (исломӣ) истифсор ва баёни ҳукм карда шавад.
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 03:20
manoi истифсор chi bosha? 2 ta sharh medoded nuran alonur shida meraft.
Дар посух

Ном: Беном
29.01.2014 09:19
Аз кай то ҳоло Тоҷикистон давлате исломӣ аст? Ё Родию Озодӣ марбут ба ниҳоде динӣ аст?

Ном: саид аз: кулоб
28.01.2014 21:31
мо точикон аз кадим то ислом як фарханги ба худ хоссе доштем ва дар ислом хам мо тавонистем онро бо динни ислом якчо то ба имруз биёрем.Алокаи хамчинси дар динхои яхуди насоро ва ислом сахт махкум шудаанд зеро ин амал зидди офариниши Оллох мебошад.Агар мо ба равандхои демократи назар кунем ва аз кафои он равон шавем вой бар холамон. Демократияи хозира ин як чараёни бе динни ва бе фарханги хаст.Ки инро мехохад,ки бо орзую хавас фарзанд калон мекунию рузе вай ба хона хамчинсашро оварда ба шумо мегуяд,ки мо хамро зиндаги мекунем. ин конунро танхо давлатхои гарб ва кисман амрико дастгири кардааст.Роосия бошад хато пропагандаи онро манъ кард. Хозир дар шоу бизнес ва баъзе чамъиятхо гей будан як модда шудааст. Мо бояд фикри ояндаи худ ва миллати худамонро кунем ва аз озоди хохиш дорам ин масъаларо хамчун нишонаи демократии будани чомеъа таблиг накунад. Онхо чинзада хастанд на касали рухи.

Ном: ман
28.01.2014 22:22
худо хидоятатон кунад ва аз ин касали рахоятон кунад зеро ин дар дунё шармандаги ва дар охират азоби сахт
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype