Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамҷинсгароӣ - мавзӯе, ки то имрӯз дар Тоҷикистон як масъалаи пӯшида буд, ҳамакнун ба як мавзӯи ҳамагонӣ ва расонаӣ табдил ёфтааст.

Ба хусус миёни ҷомеаи рӯзноманигорон ин масъала вокунишу баҳсҳои зиёдро ба бор овардааст.

ҲАМҶИНСГАРОӢ- СУННАТИ БЕГОНА БАРОИ ТОҶИКОН


Як гурӯҳ, ҳамҷинсгароиро барои ҷомеъаи Тоҷикистон ва фарҳангу суннати тоҷикон бегона хонда, ҳатто зидди ба расонаҳо роҳ ёфтану ба ин васила тарғиб шудани ин мавзӯянд. Аммо иддае дигар ба ин назаранд, ки хомӯшӣ роҳи ҳал нест ва дар сурате, ки ин мушкил дар ҷомеа ҷой дорад, бояд матраҳ ва пешгирӣ шавад.

Ин ҳама баҳсу гуфтугузорҳо дар бораи ҳамҷинсгароӣ, баъд аз даъвати гурӯҳи рӯзноманигорон ба як давраи омӯзишӣ барои инъикоси воқеӣ ва бетарафонаи масоили ақаллиятҳои ҷинсӣ рӯ зад.

Созмони ғайридавлатии «Имконоти баробар» ин нишастро дар пойтахти Тоҷикистон ташкил ва барои аввалин бор мавзӯи ҳамҷинсгароиро ба таври рӯшод мавриди баррасӣ қарор дод. Киромиддин Гулов, раҳбари ин созмон мегӯяд, ташкили ҳамоиш дар мавзӯи мазкур барояшон ба осонӣ даст надод ва ҳатто рӯзи аввали он, ба далели ҳузур надоштани рӯзноманигорон, лағв шуд: «Дар ин маврид он шахсе, ки журналист аст бояд бетараф бошад. Вай бояд аз ҳар ҷиҳат дар робита ба ин мавзӯъ маълумот дода бошад. Чунин нишаст албатта аввалин бор аст дар Тоҷикистон ва бисёр расонаҳо дастгирӣ накарданд, вақте даъватнома фиристодему диданд, ки мавзӯи сӯҳбат ҳамин аст, гуфтанд, не, мо хабарнигори бекор надорем ва ягон нафара намефиристем ба ин ҷо.»

ҲАМҶИНСГАРОЁН: «ТАБЪИЗ ВУҶУД ДОРАД»

Масъулини созмони «Имконоти баробар» мегӯянд, он чанд матлабу мақолае, ки то имрӯз дар расонаҳои чопии Тоҷикистон дар масъалаи ҳамҷинсгароӣ ва зиндагии ин гурӯҳи одамон нашр шудааст, яктарафаву беасосанд. Матлаби таҳлиливу таҳқиқотии рӯзноманигори ҷавони тоҷик Муҳаё Нозимова, ки дар мавзӯи ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон иншо шуда аз сӯйи худи ӯ барои баррасӣ дар ин нишасти омӯзишӣ пешниҳод шуд, мавриди танқид қарор гирифт. Ба ин далел, ки гӯё баъзе нуқоти он ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро нақз мекунад.

Худи Муҳайё, ки пас аз чунин бархӯрд ин нишастро тарк кардааст мегӯяд, ӯ наметавонад назар ва мавқеи худро дар робита ба ин мавзӯъ тағйир бидиҳад:
«Ман дар мақола фикри намояндаи дин, тиб ва назари ҳуқуқшиносу равоншиносро оварда будам. Аммо онҳо дар нишаст мегӯянд, ки шумо бояд маводҳое нависед, ки ин гуна одамонро маҳкум накунед ва дастгирӣ кунед. Аммо ҷамъияти мо ҷамъияти дигар аст ва шахсан худи ман ҳарчанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, ҳамин чизро қабул надорам. Албатта дар ин маврид гуфтан даркор аст, аммо тавре пешниҳод кунӣ, ки дигарон аз ин амал худдорӣ кунанд.»

«...ОДАМҲОИ БЕЧОРААНД, НАМЕДОНАНД ЧӢ КОР КУНАНД»

Ин дар ҳолест, ки Гулчеҳра Усмонова, хабарнигори ҳафтаномаи «Дайджест-Пресс» мегӯяд, ӯ низ то замони ширкат дар нишасти созмони ғайридавлатии «Имконоти баробар» ҳамҷинсгароёнро маҳкум ва ҳатто зимни сӯҳбат дар робита ба ин мавзӯъ, дар ҳамоиши мазкур, худро нороҳат эҳсос мекард. Вале ҳоло ин хабарнигор мегӯяд, ки намояндагони ақаллиятҳои ҷинсиро низ бояд дарк кард: «Вақте омадаму фаҳмидам мавзӯъи сӯҳбат ҳамҷинсгароӣ аст, худро ганда ҳис кардам, гуфтам хезаму равам. Вале мехостам фаҳмам, ки дар Тоҷикистон воқеан чунин одамон ҳастанд ё ин фақат гап аст. Иштирок кардам ва бо чунин одамон сӯҳбат кардам, фаҳмидам, ки ин одамҳои бечораанд, худашон намедонанд чӣ кор кунанд. Дирӯз бо як духтар сӯҳбат кардам. Ӯро чанд маротиба ба шавҳар медиҳанд, аммо ҳар бор зиндагиаш дер давом намекунад. Баъд ба хонаводааш мегӯяд, ки ман мардҳоро бад мебинам ва як дугонаамро нағз мебинам. Падар ӯро аз хона пеш мекунад. Инҳо ҳаминхеланд ва ба фикри ман онҳоро бояд фаҳмид.»

ҲАМҶИНСГАРОЁН ВА БАРХУРДИ ҶОМЕА

Ҳукумати Шӯравӣ ҳамҷинсгароиро маҳкум ва барои он муҷозот пешбинӣ карда буд. Аммо соли 1998 Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, банди марбут ба муҷозоти ақаллиятҳои ҷинсиро лағв кард. Бо ин ҳол, муносибат ва бархӯрди ҷомеа бо ин гурӯҳи одамон тағйир наёфта ва то ҳол намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар шахсияти худро ошкор намекунанд.

Онҳо эҳтимол ҳарос доранд, ки мавриди таҳқиру масхара қарор гирифта, ба истилоҳи мардуми «радди маърака» мешаванд.

Гуфта мешавад, онҳо дар Душанбе нуқтаи махсусе доранд, ки он ҷо ҷамъ меоянд ва ҳамдигарро ҳоло тариқи интернет ва телефон пайдо мекардаанд.

ОЁ ҲАМҶИНСГАРОӢ БЕМОРИСТ?


Азизмурод ҷавоне, ки розӣ шуд бо тағйири исмаш дар бораи худ сӯҳбат кунад, мегӯяд, дар синни 11 солагӣ дарк кардааст, ки аз дигар ҳамтоёни худ фарқ дорад. Ӯ бештар бо духтарон дӯстӣ дошта, завқаш ҳам мисли онҳо будааст. Ҳоло 31 сол дорад ва соҳиби зану фарзанд аст, аммо то ба ҳол натавонистааст аз ин одати худ даст кашад: «Масалан дар солҳои мактабхонӣ, дар дарси таълими меҳнат бачаҳо ҳар чӣ месохтанд, ман бо духтарҳо шишта медӯхтем, ба корҳои духтарона шуғл доштам. Ин аз кӯдакӣ буд. Дар оила падару модарам хабар надорад, вале дар синни 25 солагӣ ба бародарам хабар дода будам, хайр фарзандӣ падарам, маро фаҳмиданд,

Кӯшиш накарданд, ки аз ин роҳ баргардонанд шуморо?

Буд кӯшишҳо, вале охир ин беморӣ нест, ки ҷарроҳӣ кунанд ё хунро иваз карда табобат ёбӣ. Мо ҳамин хел омадаем

Азизмурод ва дигар ҳамтоёни ӯ, ба ин боваранд, ки ҳамҷинсгароӣ ин беморӣ нест. Онҳо мегӯянд, одамони солиманд ва аз бархурду муносибати бади атрофиён ва ба вижа духтурону мутахассисон шикоят мекунанд. Хуршед, корманди ихтиёрии созмони ғайридавлатии «Имконоти баробар» мегӯяд, дар миёни намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон, шумори духтарон ба фарқ аз ҷавонписарон кам аст .

Бо ин ҳамма бархурди ҷомеаи Тоҷикистон, ки суннатӣ ва аксаран мусалмон ҳастанд, ба ин падида чандон соддаву осон нест.

ПАЁМАДИ ҲАМҶИНСГАРОӢ ЧӢ ХОҲАД БУД?


Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ, рӯзноманигори дигари тоҷик мегӯяд, аксари сокинони ин кишвар ба муносибати мард бо марду зан бо зан нигоҳи нафратомез доранд ва аксарият ҳатто аз сӯҳбат дар ин маврид худдорӣ меварзанд. Ба назари ӯ, ташкили нишасту ҳамоишҳо дар бораи ин гурӯҳи одамон ва ҷалби рӯзноманигорон ба он, барои ҷомеа паёмади манфие дорад ва ин ҳам аз нигоҳи ӯ, як роҳи тарғибу ташвиқи ҳамҷинсгароӣ аст. «Мардуми мо шарқӣ ва мусалмон аст ва ин гуна чизҳоро аслан қабул надорад. Ва бояд мардуми роҳи ислоҳу табобати ин одамонро, ки ба фикри ман маризанд пайдо кунанд, ба воситаи машварат ё даъват ё роҳи дигаре.»

Аммо ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар ҳоле, ки ин мавзӯъ имрӯз дар Тоҷикистон ба таври ошкоро матраҳ шудаву барои нахустин бор бархе аз созмонҳо ҷиҳати ҳимоят аз ҳуқуқи ин гурӯҳи одамон садо баланд мекунанд, бояд ҷомеаву мақомот ба дунболи ҷилавгирӣ аз густариши падидаи ҳамҷинсгароӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG