Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин иҷлосияи парлумони бе оппозитсия


Имрӯз, сешанбе, 17 март нахустин иҷлосияи ҳайати нави Маҷлиси намояндагон баргузор мешавад. Дар ин ҳайати парлумон ягон вакили мухолиф намондааст.

Имрӯз, 17 март, дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини ҳайати нави Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон доир мешавад.

Иҷлосияи нахустин Маҷлиси намояндагонро, тибқи анъана, бояд кӯҳансолтарин вакили интихобшудааш кушояд. ​Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷлосияи якуми парлумони навро Абдуҳалим Ғаффоров, вакил аз ҳизби сотсиалист ба унвони кӯҳансолтарин вакил дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон хоҳад кушод. Ғаффоров 24 декабри соли 1951 ба дунё омада, 63 сол дорад.

Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, дар иҷлосияи нахустин бештар масоили ташкилӣ, аз ҷумла ташкили кумитаҳову кумиссиюнҳои парлумон ва интихоби раисони ин ниҳодҳо баррасӣ хоҳад шуд. Ва, албатта, як мавзӯи асосии рӯзи аввали иҷлосияи аввали ҳайати нави парлумон пешбарии номзадҳо ва интихоби раиси Маҷлиси намояндагон хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Ин курсӣ тибқи қонунҳои нонавиштаи арсаи сиёсии Тоҷикистон, марбути намояндагони шарқи ин кишвар аст ва тайи 5 соли охир ин мақомро Шукурҷон Зуҳуров, зодаи водии Рашт ва вакил аз ҳавзаи Рашт бар дӯш дошт. Зуҳуров ин навбат низ аз ҳамон ҳавзаи Рашт ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) вакил интихоб шудааст ва ба эҳтимоли ғолиб бори дигар ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон пешбарӣ ва бо дарназардошти дар дасти ҳизби ҳоким қарор доштани аксари курсиҳои парлумон интихоб хоҳад шуд.

Парлумони нав: Кӣ бурду кӣ бохт?

Таносуби нирӯҳо дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон тақрибан ҳамонест, ки буд. Танҳо бо ин фарқ ки ин навбат ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) барои бори аввал дар 4 интихоботи Маҷлиси намояндагон садди 5-дарсадиро убур накард ва ба парлумон роҳ наёфт. Дар иваз ҳизби демократ (ҲДТ) тавонист раиси кунуниаш Саидҷаъфар Исмоновро аз ҳавзаи Фархор вориди парлумон кунад ва ҳизби сотсиалист (ҲСТ) низ аз рӯйхати ҳизбӣ раисаш Абдуҳалим Ғаффоровро вакил кард. Ин 2 ҳизб ба ин тартиб, барои бори якум ба Маҷлиси намояндагон роҳ пайдо карданд.

Абдуҳалим Ғаффоров нахустин иҷлосияи парлумони ҷадидро боз хоҳад кард
Абдуҳалим Ғаффоров нахустин иҷлосияи парлумони ҷадидро боз хоҳад кард

Ҳизби демократ дар Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон, ки соли 1990, вақте Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, интихоб шуда буд, ду вакил – Аслиддин Соҳибназаров ва Бозор Собирро дошт. Ҳизби сотсиалист низ дар солҳои 90 дар Шӯрои олӣ чанд вакил ба раҳбарии раисаш Сафаралӣ Кенҷаевро дошт, вале баъди таъсиси Маҷлиси намояндагон ин ду ҳизб дар 3 интихоботи қаблӣ муваффақ ба дарёфти курсии вакилӣ нашуда буданд.

Аз нигоҳи афзоиши шумори курсиҳояшон дар Маҷлиси намояндагон шояд “баранда”-ҳои расмии интихоботи рӯзи 1 марти парлумони Тоҷикистон ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) бошанд, чунки ҲИИТ тавонист шумори курсиҳояшро аз 2 ба 3 ва ҲАТ аз 2 ҳатто ба 5 бирасонад. “Баранда”-ҳои дигар номзадҳои ба истилоҳ мустақил ё “худпешбар” мебошанд, ки ин дафъа 4 тани онҳо ба парлумон роҳ ёфтаанд.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов

Ба ҷуз аз ҲНИТ, ки ҳарду курсиашро аз даст дод, як бозандаи дигари интихоботи парлумонӣ ҳизби коммунист аст, ки ин навбат танҳо 1 курсӣ ба даст овард. Тартиби уфти шумори курсиҳои вакилии коммунистҳо дар Маҷлиси намояндагон тибқи формулаи прогрессияи арифметикист, вале ба самти баръакс: Ин ҳизб дар интихоботи соли 2000 8 курсӣ ба даст овард, дар соли 2005 – ду маротиба камтар, яъне ҳамагӣ 4 курсӣ, дар интихоботи соли 2010 боз ду маротибаи дигар камтар, яъне 2 курсӣ, ва джар интихоботи соли 2015 бо идомаи ҳамин “анъана” боз нисфи курсиҳояшро аз даст дод.

Тавре яке аз шореҳони умур шӯхиомез мегӯяд, агар ин “анъана” ҳамин тавр идома ёбад, дар интихоботи соли 2010 ба ҲКТ дар Маҷлиси намояндагон ҳамагӣ ... ним курсӣ хоҳад расид.

Вале тарафдорони ҳизби ҳоким мегӯянд, танҳо ҲКТ ё ҲНИТ нестанд, ки дар интихоботи рӯзи 1 март шикаст хӯрданд. ҲХДТ низ, бино ба ҳисобҳо, назар ба 55 курсие ки дар парлумони қаблӣ дошт, ин навбат 7 курсӣ (!!!) камтар ба даст овардааст.

Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон
Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон

Бо ин вуҷуд, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 48 курсӣ, ё 76 дарсадаш дар дасти намояндагони ин ҳизб қарор мегирад. Аз тарафи дигар, аксари шореҳон аҳзоби дигари роҳёфта ба парлумон – ҲАТ, ҲИИТ, ҲДТ, ҲСТ ва як вакили ҲКТ-ро низ аҳзоби ба сурати умум “кисагӣ” ва муттаҳиди ҳизби ҳоким ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, ҳатто вуҷуди дағдағаи ҲАТ, ки мегӯяд, фраксияи алоҳидае дар парлумон ташкил медиҳад, дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон вакиле намондааст, ки аз ҳукумат танқид кунад. Дар ҳайати қаблии парлумон ин гуногунандеширо, албатта, то ҷое ва гоҳ-гоҳ, ду вакили ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ва ду вакили ҲКТ – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ва баъзан бархе намояндагони худи ҳизби ҳоким, аз ҷумла шодравон Сӯҳроб Шарифов, таъмин мекарданд.

Аз 63 вакили парлумони кунунӣ 12 нафар занонанд, ки 6 нафар аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва 6 тани дигар аз рӯйхати ҳизби ҳокими ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагон шудаанд. Аз ин 11 вакили зан 11 нафараш аз ҲХДТ буда, танҳо Мавзуна Шарофиддинова, вакил аз ҳавзаи Исфара ҳамчун номзади «худпешбар» муаррифӣ шудааст.

63 вакили Маҷлиси намояндагон киҳоянд?

Рӯйхати вакилони Маҷлиси намояндагон(даъвати чорум) аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ:

Ҳизби аграрии Тоҷикистон:

Рустам Латифзода (раиси ҲАТ, раиси собиқи ноҳияи Восеъ)

Мирзоанвар Ахмедов

Толибек Бухориев( номзади собиқи ҲАТ дар интихоботи президентии соли 2013)

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон:

Олимҷон Бобоев (раиси ҲИИТ, вазири собиқи нақлиёт)

Рустам Қудратов.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон:

Абдуҳалим Ғаффоров( номзад ба президентӣ дар интихоботҳои солҳои 2006 ва 2013).

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон:

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор (собиқ мушовири президент дар масоили кадр)

Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир (шоир, раҳбари собиқи ТВ «Баҳористон»)

Хайринисо Юсуфӣ (собиқ муовини сарвазир)

Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна

Раҷабова Лутфия Нусратовна

Сафаров Олимҷон Ҷусупович

Амрихудо Дамдор (собиқ муовини раиси вилояти Бадахшон)

Мансурова Дилрабо Сайдуллоевна

Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович

Холиқзода Абдураҳим Ғаффор (раиси пешини Кумитаи дин)

Ашӯрова Гулбаҳор Сангиллоевна

Шариф Раҳимзода - як симои нав дар парлумон
Шариф Раҳимзода - як симои нав дар парлумон

Шариф Раҳимзода (вазиир собиқи иқтисод)

Содиқова Насиба Нуруллоевна

Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин (муовини собиқи вазири энержӣ)

Миралиев Қиёмиддин Абдусаломович

Ҳакимов Ориф Маъруфович.

Рӯйхати ҳавза-ба-ҳавзаи вакилони Маҷлиси намояндагон(даъвати чорум):

Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1

1

Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич

ҲХДТ

2

Курбонов Рустам Каримович

ҲДТ

3

Чоршанбиев Зуҳурбек Соқибекович

ҲКТ

4

Умаров Суҳроб Ҳабибуллоевич

ҲИИТ

5

Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович

ҲАТ

6

Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна

ҲНИТ

Баранда - Маҳмадалӣ Ватанов.

Ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ №2

1

Бобоева Гулнора Исломовна

ҲХДТ

2

Хоҷаев Меликмурод

ҲСТ

3

Сайдалиев Усмонали

ҲИИТ

4

Сайфова Гулбарг Қудратовна

ҲНИТ

5

Мирзода Зулфия Қурбоновна

ҲАТ

Баранда - Гулнора Бобоева.

Ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3

1

Абдуалимов Баҳром Абдулазимович

Худпешбар

2

Атоев Одил Маҳмадшарифович

Худпешбар

3

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна

ҲКТ

4

Комилов Абубакр Қосимович

ҲИИТ

5

Расулова Мунира Масобировна

ҲСТ

6

Саидова Руқия Абдуллоевна

ҲНИТ

Баранда - Баҳром Абдуалимов.

Ҳавзаи интихоботии Сино №4

1

Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович

ҲХДТ

2

Мирзоева Зӯҳро Акобировна

ҲДТ

3

Дадоҷонова Иноят Боировна

ҲСТ

4

Қосидинов Воҳидхон

ҲНИТ

5

Шоазизова Маҳбуба Дустмуродовна

ҲАТ

Баранда - Ҷамшед Саидов.

Ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5

1

Шарипов Садридин Файзиевич

ҲХДТ

2

Файзуллоев Абдукарим Меликмуродович

ҲАТ

3

Бобоҷонов Рустам Икромҷанович

ҲКТ

4

Негматова Фирузахон Тухтаевна

Худпешбар

Баранда - Садриддин Шарипов.

Ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6

1

Қодирова Мусалам Асомидиновна

ҲХДТ

2

Тошева Гулизор Муҳамадиевна

Худпешбар

3

Аминов Лутфулло Амонуллоевич

ҲАТ

Баранда - Мусаллам Қодирова.

Ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7

1

Сироҷов Шарофидин

ҲИИТ

2

Бердиев Абдунабӣ Абдуалиевич

ҲНИТ

3

Саторов Субҳон Абдураҳмонович

ҲАТ

Баранда - Шарофиддин Сироҷов.

Ҳавзаи интихоботии Сомони №8

1

Бобоев Тавакал Гулмуродович

ҲНИТ

2

Сӯфиев Хайрулло Сабзаалиевич

Худпешбар

3

Тоҷиев Фарҳод Мирзоевич

Худпешбар

4

Сафаров Ҳасан Босхонович

Худпешбар

5

Тағойбеков Салоҳидин Сангалиевич

Худпешбар

Баранда - Хайрулло Сӯфиев.

Ҳавзаи интихоботии Рўдакӣ №9

1

Давлатов Муродулло Исматович

ҲХДТ

2

Ҳасанов Хушбахт Бобомуродович

Худпешбар

3

Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович

ҲНИТ

4

Сафарова Гулхоним Раҷабовна

Худпешбар

5

Тоҳиров Ҳодиҷон Зоирович

Худпешбар

Баранда – Муродулло Давлатов (раиси собиқи Кумитаи дин).

Ҳавзаи интихоботии Ваҳдат №10

1

Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович

ҲНИТ

2

Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич

ҲХДТ

3

Ибодуллоев Ҳабибулло

ҲАТ

4

Сангов Маҳмадшо Зайдович

ҲИИТ

Баранда - Ҷамшед Муртазоқулов.

Ҳавзаи интихоботии Файзобод №11

1

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

ҲНИТ

2

Асозода Хайрулло

ҲХДТ

3

Одинаев Маҳмадалӣ Қурбоналиевич

Худпешбар

4

Қурбонова Ҳадиса Фирдавсиевна

Худпешбар

5

Табаров Манзаршо Валиевич

ҲХДТ

Баранда - Хайрулло Асозода (вазиир собиқи нақлиёт).

Ҳавзаи интихоботии Рашт №12

1

Зуҳуров Шукурҷон

ҲХДТ

2

Назаров Абдувалӣ

Худпешбар

3

Шеров Ғазалшо Сайвалиевич

Худпешбар

4

Эшунов Забиҳулло Нуруллоевич

Худпешбар

Баранда – Шукурҷон Зуҳуров (раиси ҳайати қаблии Маҷлиси намояндагон).

Ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13

1

Зиёбоев Мақсуд Муродович

Худпешбар

2

Набиҷонова Мадина Раҳматҷоновна

Худпешбар

3

Турсунова Гулбаҳор Нозирҷоновна

ҲХДТ

4

Икромов Музаффар Акрамбоевич

Худпешбар

Баранда - Гулбаҳор Турсунова.

Ҳавзаи интихоботии Б.Ғафуров №14

1

Қаландарзода Мавлюда Сатторӣ

ҲХДТ

2

Маҳмуди Улуғбек

Худпешбар

3

Масаидов Шавкат Абдуҳакимович

Худпешбар

4

Ҳоҷиматов Мирзоқул

ҲНИТ

Баранда - Мавлуда Қаландарзода.

Ҳавзаи интихоботии Урунхоҷаев №15

1

Охунов Зафар Юнусович

ҲХДТ

2

Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович

Худпешбар

3

Раҳимиён Абдурашид Шарифзода

Худпешбар

Баранда - Ҷаббор Ахмедов.

Ҳавзаи интихоботии Ҷ.Расулов №16

1

Салимзода Комил

ҲХДТ

2

Абдусаминова Маҳбуба Абдуҳакимовна

Худпешбар

3

Усмонова Маҳбуба Абдураҳмоновна

Худпешбар

Баранда - Комил Салимзода.

Ҳавзаи интихоботии Ашт №17

1

Охонҷонов Давронҷон Муминҷонович

Худпешбар

2

Пулотов Сами Ҳабибҷонович

ҲАТ

3

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад

ҲХДТ

Баранда - Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода.

Ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18

1

Оқилзода Нурулло

ҲХДТ

2

Азизов Раҳмат Муллоевич

Худпешбар

3

Мухторов Киромиддин Тоҷиевич

Худпешбар

4

Нуров Ҷалолудин Низомудинович

Худпешбар

5

Кучаков Ҳасан Қурбонович

Худпешбар

6

Раҷабов Аббос Ниёзович

ҲНИТ

Баранда - Нурулло Оқилзода.

Ҳавзаи интихоботии Конибодом № 19

1

Раҷабов Равшан Муҳитдинович

ҲХДТ

2

Ҳакимов Шокир Қосимҷонович

Худпешбар

3

Сулаймонова Дилбар Акбаровна

Худпешбар

4

Нематов Аҳмадҷон

Худпешбар

5

Саидов Баҳодир Абдурашидович

Худпешбар

Баранда - Равшан Раҷабов.

Ҳавзаи интихоботии Исфара № 20

1

Шарифов Нӯъмон Имлоевич

ҲНИТ

2

Аминов Иномҷон

Худпешбар

3

Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна

Худпешбар

Баранда - Мавзуна Шарофиддинова.

Ҳавзаи интихоботии Панҷакент № 21

1

Холова Ҳамида

Худпешбар

2

Усмонов Қурбонмурод Истадович

Худпешбар

3

Мирзоев Мавлонқул

Худпешбар

4

Хисрав Абдуназар

ҲХДТ

Баранда - Хисрав Абдуназар(шаҳрдори собиқи Панҷакент).

Ҳавзаи интихоботии Айни № 22

1

Салимзода Олим

ҲХДТ

2

Ғаффоров Абдуҳалим

ҲСТ

3

Вазирова Гулҷаҳон Қозиевна

Худпешбар

4

Камолов Ҷумъабой Зайниддинович

Худпешбар

Баранда - Салимзода Олим.

Ҳавзаи интихоботии Истаравшан № 23

1

Қутбиддинов Аслиддин Такиевич

ҲХДТ

2

Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ

ҲКТ

3

Ҳамроев Баҳром Худойқулович

Худпешбар

Баранда - Иброҳим Абдуллозода.

Ҳавзаи интихоботии Ғончӣ № 24

1

Исмоилзода Зуфар Муртазохон

ҲХДТ

2

Маъмуров Набӣ Азизбоевич

ҲИИТ

3

Носиров Нозим Шокирович

Худпешбар

4

Умаров Обидҷон Очилович

Худпешбар

5

Раҳматов Абдуҷаббор

ҲАТ

Баранда - Зуфар Исмоилзода (раиси собиқи ноҳия).

Ҳавзаи интихоботии Спитамен № 25

1

Қобилов Аҳматҷон

ҲАТ

2

Валиев Ҳасан Мухторович

ҲХДТ

3

Тӯраев Иномҷон

Худпешбар

4

Фозилов Гулшан Ғолибҷонович

Худпешбар

Баранда - Аҳмадҷон Қобилов.

Ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа № 26

1

Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович

ҲХДТ

2

Холбобоева Джонона Ҳайдаровна

ҲАТ

3

Туйдиев Саидҷаъфар Саиднабиевич

ҲИИТ

4

Узбеков Ҷамолиддин Қараевич

Худпешбар

Баранда - Анвар Тағоймуродов( муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ).

Ҳавзаи интихоботии Бохтар № 27

1

Ҷобирзода Тоҳир Гул

ҲХДТ

2

Сафарова Кибриё Нурмаҳмадовна

ҲХДТ

3

Рӯзибоев Маъруфҷон Аҳмадович

ҲИИТ

4

Улфатов Ғаффор Маҳмудович

Худпешбар

5

Қурбонов Эмомалӣ Сидоевич

Худпешбар

Баранда - Тоҳир Ҷобирзода (собиқ муовини раиси Оҷонсии зидди фасод).

Ҳавзаи интихоботии А. Ҷомӣ № 28

1

Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович

ҲХДТ

2

Бегов Қамариддин Авзарович

ҲНИТ

3

Табаров Бобомурод Ашурмаҳмадович

Худпешбар

4

Қодиров Хайрулло Ҷаборович

Худпешбар

5

Бобокалонов Ғоиб Мерганович

Худпешбар

Баранда - Сафаралӣ Раҷабов.

Ҳавзаи интихоботии Ёвон № 29

1

Азимзода Толихон Ситамурод

ҲХДТ

2

Ятимов Усмон

ҲАТ

3

Воҳидова Нарзигул Шомуевна

Худпешбар

4

Раҷабов Раҷабалӣ Шарипович

Худпешбар

5

Ҳасанов Бахтиёр Шоҳимардонович

Худпешбар

Баранда - Толибхон Азимзода.

Ҳавзаи интихоботии Ҷ. Румӣ № 30

1

Далатов Абдуқаҳор Абдукаримович

ҲНИТ

2

Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич

ҲХДТ

3

Баротов Фаридун Раҳматулоевич

Худпешбар

4

Исломова Гулҷаҳон Омиловна

Худпешбар

Баранда - Ҳокимҷон Холиқов.

Ҳавзаи интихоботии Қубодиён № 31

1

Давлатов Зафар Маҳмадуллоевич

Худпешбар

2

Сабуров Мирзосафар Абдуалиевич

Худпешбар

3

Садриддинов Бадриддин Талбакович

ҲХДТ

4

Абдуллоев Ибодулло Раҳматуллоевич

Худпешбар

5

Гулбоев Неъматулло Холбоевич

Худпешбар

Баранда - Бадриддин Садриддинов.

Ҳавзаи интихоботии Вахш № 32

1

Сафаров Бахтовар Амиралиевич

ҲХДТ

2

Шарипов Қурбон Маҳрумович

Худпешбар

3

Қосимова Ҳилолмоҳ Кавгаковна

Худпешбар

4

Авазов Қиёмиддин Курумчҷонович

ҲНИТ

5

Ашуров Хол Бобохонович

ҲИИТ

6

Ҳотамов Ҷабор Кагорович

Худпешбар

Баранда - Бахтовар Сафаров (устоди Донишгоҳи миллӣ).

Ҳавзаи интихоботии Қумсангир № 33

1

Сабуров Мирзодавлат Абдолиевич

ҲХДТ

2

Мухторов Қосим Салмонович

Худпешбар

3

Ёров Раҳмиддин Ғиёсович

Худпешбар

4

Ханжаев Ражаб Раҳмонович

Худпешбар

5

Аҳёев Саламшо Тутишоевич

Худпешбар

6

Файзраҳмонов Маҳмудҷон Абдулқосимович

ҲНИТ

Баранда - Мирзодавлат Сабуров(раиси собиқи ноҳияи Панҷ).

Ҳавзаи интихоботии Фархор № 34

1

Шарипов Сафаралӣ Мусоевич

ҲХДТ

2

Исмонов Саидҷаъфар Исмонович

ҲДТ

3

Юсупов Зайниддин Ҳасанович

ҲНИТ

4

Азаматов Нуриддин Пӯлодович

ҲАТ

5

Тӯраева Мавлонбӣ Пирумшоевна

Худпешбар

6

Сайфутдинов Юсуфхон Кабутович

Худпешбар

Баранда - Исмонов Саидҷаъфар (раиси ҳизби демократ).

Ҳавзаи интихоботии М. А. Ҳамадонӣ № 35

1

Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

ҲХДТ

2

Кабирова Бахтинисо Гулаҳмадовна

Худпешбар

3

Миров Шӯҳрат Сайдаҳмадович

Худпешбар

4

Муродов Нураҳмад Холаҳмадович

Худпешбар

5

Зарипов Назримад Одинаевич

Худпешбар

Баранда - Одинаев Ҳаёт (ректори Донишгоҳи миллӣ).

Ҳавзаи интихоботии Данғара № 36

1

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон

ҲХДТ

2

Комилов Ҷаннатулло Иззатуллоевич

ҲНИТ

3

Ҳайдаров Рустам Каримович

Худпешбар

4

Қурбонов Пӯлод Раҳмонович

Худпешбар

5

Каримов Пир Авғонович

Худпешбар

6

Каримов Саид Қазоқович

Худпешбар (аз ш. Норак)

Баранда - Қурбонзода Ҳилолбӣ (собиқ муовини якуми раиси Кумитаи зан ва оила).

Ҳавзаи интихоботии Кӯлоб № 37

1

Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз

ҲХДТ

2

Саид Иброҳими Назар

ҲНИТ

3

Комилов Алӣ Фозилович

Худпешбар

Баранда - Раҳмонзода Абдуғаффор (шаҳрдори собиқи Кӯлоб).

Ҳавзаи интихоботии Муминобод № 38

1

Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир

ҲХДТ

2

Зокиров Раҳмон Қамчинович

Худпешбар

3

Раҷабов Абдулмумин Қодирович

Худпешбар

Баранда - Ҷӯрахон Маҷидзода( собиқ сардори Академияи ВКД).

Ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39

1

Худоёров Алихон Қурбонович

ҲХДТ

2

Сафаров Зайниддин

ҲАТ

3

Давлатов Худоёр

Худпешбар

4

Шерматов Баҳриддин Аҳмадхонович

Худпешбар

5

Аҳадов Шамсулло Файзуллоевич

Худпешбар

Баранда - Сафаров Зайниддин.

Ҳавзаи интихоботии Ванҷ № 40

1

Рӯзадор Муҳабатшоҳ

ҲХДТ

2

Мулоёров Сулаймон

Худпешбар

3

Давлатшоев Султонсаид

Худпешбар

4

Гиёев Розиқ Обидҷонович

Худпешбар

5

Шораматуллоева Гулхотун Шониёзовна

Худпешбар

Баранда - Рӯзадор Муҳабатшоҳ (собиқ мушовири президент).

Ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41

1

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич

ҲХДТ

2

Шерзамонов Алим Мамадрасулович

ҲСДТ

3

Мамадасанов Абдуласан Шомансурович

ҲАТ

4

Замирова Сайёрамо Аскаровна

Худпешбар

5

Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода

ҲИИТ

Баранда - Фелалиев Акрамшо (академик дар улуми кишоварзӣ).

Натиҷаҳои расман эълоншудаи интихоботи рӯзи 1 марти парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи умумумиҷумҳуриявӣ ҲХДТ:

Ҳизби аграрӣ - 450 ҳазору 275 нафар, яъне 11,8 фоиз

Ҳизби демократ - 64 ҳазору 547 нафар, яъне 1,7 фоиз

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 288 ҳазору 308 нафар, яъне 7,6 фоиз

Ҳизби коммунист - 87 ҳазору 12 нафар, яъне 2,3 фоиз

Ҳизби наҳзати исломӣ - 58 ҳазору 27 нафар, 1,5 фоиз

Ҳизби сотсиалист - 210 ҳазор нафар, яъне 5,5 фоиз

Ҳизби сотсиал-демократ – 18 ҳазор нафар, яъне 0,5 фоиз

Ҳизби халқии демократӣ - 2 миллиону 474 ҳазор, яъне 65,2 фоиз.

Аммо нозирони САҲА ин бор ҳам дар арзёбии худ интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ дарнаёфтанд. Нозирони ин созмони мӯътабар то ҳол ягон интихоботи Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёрҳои ҳадди ақал як интихоботи озод ва одилона эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG