Пайвандҳои дастрасӣ

Миклош Ҳарасти, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи Тоҷикистон фарқи байни президент, ҳукумат, ҳизби ҳоким ва ниҳодҳои интихоботӣ зиёд маълум намешуд.

Ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) рӯзи 2 март бо нашри хулосаҳои пешакиаш гуфт, интихоботи парлумонии Тоҷикистон бархе алтернативаҳои сиёсӣ пешниҳод кард, вале дар як муҳити маҳдуди сиёсӣ доир шуд ва ягон кафолати одилона санҷида шудани овозҳояш ҳам вуҷуд надошт. Дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ раҳбари ҳайати нозирони САҲА Миклош Ҳарасти интихоботи парлумонии Тоҷикистонро натиҷагирӣ кард.

Озодӣ: Имрӯз Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи рӯзи 1 мартро эълон кард ва ин натиҷаҳо бархеро дар ҳолати шок қарор дод. Ҳизби умдаи мухолифин – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, тибқи ин натиҷаҳо, 1,5 дарсад овоз ба даст овардааст. Назари шумо чист?

Миклош Ҳарастӣ: Мутаассифона, мо наметавонем натиҷаҳоро шарҳ диҳем, бахусус ҳақи арзёбиҳои сиёсии натиҷаҳоро надорем. Рисолати мо бо назорати ҷараёни интихобот маҳдуд буд, ки бо чунин натиҷаҳо анҷомид. Айни замон, бояд гуфт, ки ҳайати мо шаҳодати ҳуҷҷатгузоришудаи хуберо ҷамъоварӣ намуд, ки тибқи он, марзи миёни ҳизби ҳоким, президент, ҳукумат, давлат ва кумиссиюни интихоботӣ хеле номуайян буд. Ман як мисол меорам. Матбуот ҳангоми пӯшиши хабарии интихобот 90 дар сад, агар аз он бештар набошад, дар бораи кори ҳизби ҳоким, ҳукумат ё кори кумиссиюни интихоботӣ менавишт. Ва танҳо 2 дарсади ҳаҷми матолиби дар матбуот пахшшуда дар бораи кори ҳамаи ҳизбҳои дигар буд. Мо бояд гӯем, ки кори ҳизбҳо аслан дар хабарҳои сиёсӣ пӯшиш наёфтааст. Ин танҳо як намунаи марбут ба матбуот буд. Инчунин, мо дидем, ки муқаррароти интихоботӣ нисбати ду ҳизб – ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳам ҳизби сотсиал-демократ хеле маҳдуд иҷро шуд, ва айни замон, барои ҳизби ҳокими зери раҳбарии президент хеле фаровон истифода шуд. Масалан, дар шаҳри Душанбе аксари таблоҳои таблиғотии ин ҳизб бо чеҳраи раҳбари ин ҳизб, ки президенти кишвар аст, пахш шуд. Ҳамин чиз марзи миёни ҳизби сиёсӣ ва ҳукуматро аз байн мебарад.

Озодӣ: Мо наворҳои зиёде дар ихтиёр дорем, ки масалан, як нафар ба ҷои чанд тани дигар овоз додааст. Оё ин овозҳо ба инобат гирифта мешаванд ва ё Кумиссиюни интихоботӣ онҳоро бекор мекунад?

Миклош Ҳарастӣ: Рӯзи интихобот 230 нозири кӯтоҳмуддати мо дар 800 нуқтаи раъйдиҳӣ ҷараёни овоздиҳиро мушоҳида кард. Мо дидем, ки муттаассифона, овоздиҳии бисёркарата зиёд ҷой дошт. Дар баробари овоздиҳии чандкарата, ҳамчунин, тақаллуби баргаҳо, овоздиҳӣ ба ҷои аъзои оила ҷой дошт, вале ҳеҷ тадбири ҳуқуқие зидди ин гуна амалҳо андешида нашуд. Ин амалҳо натиҷаҳоро ғайривоқеӣ ва ҳатто ғайри қобили санҷиш мекунад. Вақте мо ба қонун менигарему мебинем, ки дар амал чӣ рӯй медиҳад, мефаҳмем, ки дар натиҷа, хости воқеии раъйдиҳандагонро муайян кардан имкон надорад. Ин таассуфовар аст. Ман бовар дорам, ки мардум мехоҳад, ки натиҷаҳои ҳисобу китоби ҳақиқиро бидонад, вале мо инро дар рӯзи интихобот дида натавонистем.

Озодӣ: Инро раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ҳам гуфтанд, ки аъзои онҳоро ба ҷараёни ҳисобу китоби натиҷаҳои интихобот роҳ надоданд.

Миклош Ҳарастӣ:Тавре ман ҳоло гуфтам, дар рӯзи интихобот ҷараёни раъйдиҳӣ шаффоф набуд. Танҳо дар чанд ҳолати хеле кам мо дидем, ки нозирони ҳизбҳо дар ин ҷараёнҳо иштирок доштанд, яъне шоҳиди боз кардани қуттиҳо ва ё ҳисоби баргаҳои воқеии раъй буданд. Дар асл, дар бисёр ҳолатҳо онҳо дуртар аз ҷараёнҳои ҳисобу китоб буданд ва ё аслан ба ин ҷараёнҳо роҳ дода нашуданд. Ҳузури танҳо намояндагони як ҳизб ба ҳангоми боз кардани қуттиҳову ҳисобу китоб натиҷаҳои раъйдиҳиро ғайриқобили эътимод мекунад. Масалан, протоколҳои участкаҳои интихоботӣ бо натиҷаҳои раъйдиҳӣ, ки баъдан ба Кумиссиюни интихоботӣ фиристода мешаванд, баъди баргузории интихобот ба нозирон дода нашуданд. Тавре дар бисёр ҳолатҳо нозирон мушоҳида карданд, ин протоколҳо баъдан на ба кумиссиюн, балки ба кадом ҷои номуайяне бурда шуданд. Мо намедонем, ки ин ҷо куҷо буд. Ба ҳамин хотир, бояд гуфт, ки бо сабабҳои хеле зиёд, натиҷаҳои интихобот барои нозирони байналмилалӣ ғайри қобили санҷиш аст.
Сӯҳбати видеоӣ бо Миклош Ҳарасти:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG