Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Мирзо: Русия лонаи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Сурия шудааст


Рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз сабабҳо ва роҳҳои ба ҷанги Сурия рафтани ҷавонони тоҷик, баҳси салафиву шиа дар Тоҷикистон ва имкони бозгашташ ба минбар сӯҳбат кард.

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз 5 сол пеш зимни як сафараш ба Русия дарк карда буд, ки ҷавонони тоҷик дар Русия мағзшӯӣ ва ба ин васила ба ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил мешаванд. Ба бовари ӯ, ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия ҳам бештар аз Русия сафарбар мешаванд.

Озодӣ: Албатта, аз нашри хабарҳо дар бораи ҳалокати чанд ҷавон аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия огоҳ ҳастед ва бисёриҳо бо ҳайрат суол мегузоранд, ки Кӯлоб куҷову Сурия куҷо? Дар бораи нуфузи шумо дар ин минтақа бисёр сӯҳбат мешавад ва мегӯянд, ки ҷавононро маъвизаҳои шумо ба масҷид бурдааст. Агар ин тавсифҳо воқеъият дошта бошанд, пас чаро ҷавонҳои Кӯлоб бештар ба «ҷиҳод»-и Сурия мераванд? Ин чӣ «ҷиҳод» аст ва чаро тоҷикҳо дар он иштирок кунанд ва бимиранд?
Гуфтугӯ бо Ҳоҷӣ Мирзо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:44 0:00
Линки мустақим

Ҳоҷӣ Мирзо: Аслан, он ҷо ҷиҳод нест. Ҳатто баъзе аз уламои олами Ислом ҳам аз рӯи инсоф баён карданд, ки дар Сурия фитна аст. Он ҷо ҷиҳод нест. Он ҷо ҳалли баъзе аз масоили давлатҳои абарқудрат аст. Дар он ҷо аз ҷиҳоду аз манзалату мартабаҳое, ки мусулмон бояд пайдо кунаду муҷоҳиди роҳи ҳақ шавад, дар он минтақаву он ҷанҷолҳо вуҷуд надорад.

Дигар ин ки вақте ки ҳанӯз ҳеҷ сару садо атрофи Сурия набуд, мо бо Домулло Маҳмадулло ва Қорӣ Амриддин ба Русия сафар кардем ва ин падидаро дар он ҷо мушоҳида кардем. Дар тамоми масҷидҳояш яке масъалаи маҳалгароӣ, яке масъалаи ухуват, яъне бародарӣ, яке масъалаи бо ном «ҷиҳод», ки ҳоло дар Сурия ҳаст, дар ҳамон 12 шаҳре, ки гаштам, вохӯрдем.
Намози ид дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Намози ид дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Ман дар тамоми масҷидҳо бо муҳоҷирон сӯҳбат доштам ва 90 дар сади ин масъалаҳоро барояшон гуфтам. Русия ҳоло лонае шудааст, ки ҷавонони моро аз он ҷо гурӯҳои махсус ба Сурия ҷалб мекунанд. Ҳамин хел баъзе наворҳо меоранд, мисле, ки ба ҳамон каналҳои телевизиониашон тарғиб мекунанд, чаҳор кӯдакро бо манаҳи баста нишон медиҳанд, ки кушта шудаанд, тамом. Ба ҳар ҳол дидани ин манзара ҳамаро асабӣ мекунад ва ба ҳамин роҳҳо мисол мардумро гирифта мебаранд.

Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки ҳам аз бесаводии мардум ҳам истифода бурда истодаанд ва ҳам аз камбизоатӣ. Сабаби асосӣ ҳамин ду чиз аст. Яке ба пул фиреб кардану фирефта кардану шавқу завқашро зиёд кардан аст, яке аз ҳисоби бесаводии бачаҳою каллаҳои холӣ буданашон. Аз ҳамон каллаҳои холиашон истифода бурда, бо чор далели сохтаву бофтаи худашон мебаранд ва инҳо аз барои Худо гуфта ҷанг кардан мегиранд.

Озодӣ: Ба назари шумо, чаро солҳои ахир баҳс бар сари масоили шиагароӣ ва салафигароӣ хеле афзоиш ёфтааст? Кӣ ин баҳсҳоро доман мезанад ва ҳадаф чӣ аст?
Акс аз як навори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия
Акс аз як навори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия
Ҳоҷӣ Мирзо: Замоне ки каме имконият барои пайравони мазҳаби шиа ва ҷараёни «Салафия» дода шуд, ин баҳсҳо сар заданд ва мунозираҳо дар масҷидҳо ҳатто то ҳадди ҷанҷолу занозанӣ расида буд. Он замон аз нигоҳи ман, каме шароиту имкониятҳояшон васеътар буд, ки баҳсҳо то ин ҳад мерасиданд. Бисёр аз равияҳое, ки пайдо шудаанд ва ё навпайдоанд, фаъолияташон ҳадафнок бошад, мо аз мақсадашон хафв дорем.

Бубинед, калимаи салафӣ маънояш калимаи бад нест. Мо пайравони мазҳаби ҳанафиро салафӣ мегӯем.

Лекин инҳое, ки имрӯз худро салафӣ медонанд, салафие, ки мо дар назар дорем, аз он ҷумла нестанд. Маънои салафӣ пайравӣ аз гузаштагонамон аст. Пайравӣ аз гузаштагонро мо дар ҳамонҳое мебинем, ки имрӯз гурӯҳбозӣ надоранд, шомили ягон гурӯҳ нестанд. Инҳоро салафӣ гӯянд, арзиш дорад, вале касоне, ки дар даъвои салафигиашон ё шиагиашон ягон мақсаду ғараз асту он ғаразро ба ин тариқ мехоҳанд амалӣ кунанд, албатта, хатараш ба ҳама ҷо мерасад.

Озодӣ: Ҳарчанд дар минтақаи Кӯлоб уламои исломӣ зиёд буданд, аммо маҳз ба минбар омадани шумо шумораи масҷидраву ҳиҷобдоронро бештар кард. Вежагии даъвати шумо ба Ислом дар муқоиса бо рӯҳониёни дигар чӣ аст?
Ҳоҷӣ Мирзо
Ҳоҷӣ Мирзо
Ҳоҷӣ Мирзо: Абдулайси Самарқандӣ мегӯяд, ки барои воиз агар хоҳад, ки суханаш муаассир шаваду баёнаш сабаби ҳидояти дигарҳо шавад, панҷ чиз даркор аст. Аввал илм, дувувум, он чи ки воиз мегӯяд, худаш амалкунанда бошад, саввум, воиз бояд ки бо ҳикмат сӯҳбат кунад ва дар сӯҳбаташ зиштиву ҷаҳолатро роҳ надиҳад, яъне нарм сӯҳбат кунад, чаҳорум, воиз бояд сабр дошта бошад ва панҷум, ҳар чизе ки ба сари воиз меояд, бояд ҳамаро аз ҷониби Худо бидонад.

Ҳар чизе, ки мо гуфтему кардем, хос барои Худо кардем. Дар ҳамин даъвате, ки доштем, Худо шоҳид аст, ки ягон ғаразу мақсади дигар надоштем. Фақат мақсад ҳамин буд, ки бандаҳои Худо ҳидоят биёбанду ҳамин исломи поку насиҳатҳои беҳтарине, ки дар дин дорем, мардум огаҳӣ пайдо кунанд.
Фикр мекунам, ки ҳамин мардуме, ки муҳаббату ихлоси динро дар қалб дошт ва шояд касе набуд, ки онро ба гушу дили мардум расонад, шояд Аллоҳи меҳрубон моро оварду мардум воизашро ёфт ва воиз гӯшкунандаашро. Шояд ҳамин аст, ки сухан таъсири худро расонид.

Озодӣ: Шумо натанҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар саросари Тоҷикистон мухлисони худро пайдо кардед. Аммо чандест, ки аз минбар дур шудаеед. Сабаби ин чист? Мақомот ба шумо машкук шуд ё сабаби дигаре дорад?

Ҳоҷӣ Мирзо: Ба бародарони мухлису муҳиб гуфтаниам, ки дар ҳаққамон дуо кунанд. Як гапи оддӣ ҳаст, ки кадом вақте ки Худо розӣ шуд, кадом вақте Аллоҳи меҳрубон моро муввафақ кард, бармегардем. Мардуми мо ҳарфи хубе доранд, ки номард аз банда мебинаду мард аз Худо. Мо ҳамаро аз ҷониби Худо мебинем, аз ҷониби Худо медонем ва ҳамин будану набуданамон, иншоолоҳ, беҳикмат нест. Танҳо дуо кунанд ва бо хости Худо, кадом вақте ки ҳамон лаҳзаву соат биёяд, мо омодаем, хизмат кунем.

Муллоҳоро набояд ба сиёсат олуда мекарданд

Озодӣ: Феълан чунин андешае пайдо шудааст, ки рӯҳониён хеле сиёсатзада ва ба ду қисм ҷудо шудаанд. Гурӯҳе, ки аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад ва гурӯҳе ки дар бисёр масоил мухолифанд. Шумо дар кадом гурӯҳ ҳастед?

Ҳоҷӣ Мирзо: Чанд бор дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон ақидаи худро нисбат ба муллоҳою минбарҳо ошкоро байён кардаам. Дигар ин ки ростӣ, чанд бор ба ҳамин нафарҳое, ки имрӯз ба худашон курсиву мансаб доранд, хизмат дар ҳамин ҷумҳурӣ мекунанд, гуфтам, ки домуллоҳои мо сиёсатмадор нестанд ва ҳаминҳоро ба сиёсат олуда накунед. Дар ин ҳолат инҳо ҳам кори масҷидро баду нодуруст мекунанд, ҳам кори сиёсатро. Ҳаминҳоро ба сиёсат олуда накунед.
Вале аз худи одам ҳам ин ҷо вобастагӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон бо ду рӯҳонии шинохта
Эмомалӣ Раҳмон бо ду рӯҳонии шинохта
Мисол ҳамин чизро тамоман тарафдор нестам, ки ҳамин домуллоҳое, ки дар Тоҷикистони мо зиндагӣ мекунанд, дар ҳамин ҷо таълим гирифтаанд, дар ҳамин ҷо якеаш дигареро гӯяд, ки ту - муллои ҳукуматӣ ва ту - мулло ғайриҳукуматӣ. Ба ин даъвоҳо мо хизмат карда наметавонем. Аслан, пуштибонии мо аз мазҳаб худаш пуштибонӣ аз сиёсату тинҷиву оромии ҷомеа аст. Мо дар зери мазҳабро нигаҳ доштан давлату тинҷиро нигаҳ доштанро мебинем.

Давраҳое, ки кор мекардам дар масҷид, вақте мошини маро дар пеши идораи ҳукумат ё идораи амният медиданд, мардум хаттӣ савол медоданд, ки «мошинатро дар пеши КГБ ё ҳукумат дидем». Яъне, ту бо ин идораҳо робита дорӣ. Мегуфтам, ки эй мардум, ин масҷид худ як ҷои муҳим аст. Хонаи Худо ҳаст, аммо тибқи қонунҳои давлат зери назорати давлат аст ва аз ҳар ҷиҳат ба ҳукумат вобаста аст. Баъдан, шумо давлату ҳукумат гуфта, киро дар назар доред? Мо ҳар як шаҳрванд худ давлату ҳукумат ҳастем. Инро бояд аз зеҳни мардум дур кард, ки касе бо ҳукумат як муомила дорад, ӯро ҳамчун хоини дин мешиносанд. Муллоҳо ва ҳукумат бояд бо ҳам муносибати хуб дошта бошанд.

Озодӣ: Дар Фейсбук ва Однокласники, ду шабакаи иҷтимоии интернетӣ саҳифаҳое бо номи шумо боз шудааст ва зоҳиран аз серхонандатарин саҳифаҳо ҳам маҳсуб меёбанд. То куҷо ин минбарҳо минбари маъвизагӯии шумо дар масҷидро иваз кардааст?
"Ҳоҷӣ Мирзо 2014 Саволу Ҷавобҳо" дар Одноклассники алакай 92 160 пайрав ҷамъ кардааст
"Ҳоҷӣ Мирзо 2014 Саволу Ҷавобҳо" дар Одноклассники алакай 92 160 пайрав ҷамъ кардааст
Ҳоҷӣ Мирзо: Якум, ки ман ягон сайт ҳам надорам. Сайтҳое, ки касе бо номи ман мекушоянд, ростӣ, намедонам, онҳо киҳоянд. Агар аз номи мо хидмати хуб кунанд, Худо баракаташон диҳад. Лекин хидматашон хидмат набошад ва мақсаднок бошад, дигар аз дасти мо чизе намеояд.

Ҳамон вақтҳое, ки маъвиза мекардам, дар пушти дискҳояшон сурати ман буду дар дохил маъвизаҳои баъзе гурӯҳҳои дигар. Мардум, ки завқ доштанду гӯш мекарданд, фикр мекарданд, ки аз ман аст ва вақте, ки мехариданд, дигар маҷбур буданд, ки он гапҳои дигарро гӯш кунанд. Мо на студия доштему на кӯшиши савдо кардани маъвизаҳоямонро мекардем. Ҳамон мухлисон сабт мекарданд ва мо ба онҳо ҳеҷ дахле надоштем.

Аммо ростӣ, чӣ тавре, ки аз дохили компютер Қуръонро мехонӣ, дигар мазза дораду вақте Қуръонро асл мехонӣ, дигар мазза дорад. Яъне маъвизаву панду андарз бевосита аз тариқи минбар бошад, ин муассиртар аст, аз оне ки дар Фейсбуку дигар сайтҳо дорад. Ҳама ба ин шабакаҳо дастрасӣ ҳам надоранд.
XS
SM
MD
LG