Пайвандҳои дастрасӣ

Cӯҳбати ихтисосӣ бо Домулло Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, сархатиби масҷиди маҳаллаи «Ҳилоли Аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб пас аз сафари ӯ ба Амрико.

Мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо сафари шумо ба Амрико дар доираи кадом лоиҳа ва чӣ гуна сурат гирифт?

Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим. Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва меҳрубон. Аз 9-уми май тариқи хатсайри Душанбе-Масков-Чикаго сафари мо ба Амрико оғоз ёфт ва он 21 рӯз идома дошт. Дар давоми 21 рӯз мо чандрӯзӣ ба 6 штати калонтарини Амрико, аз ҷумлаи Чикаго, Вашингтон, Лос-Анҷелос, Тексос, Детроийд, Нйю Йорк сафар доштем. Аз Тоҷикистон ба ҷуз банда чаҳор нафари дигар иборат аз имом-хатиби масҷиди Қазоқон, домулло Абдураҳим, муовини имом-хатиби масҷиди яккачинор домулло Абдураҳмон, имоми масҷиди Испечак Муродалӣ ва имом-хатиби масҷиди Истаравшан Саиднӯъмон Саидфазлулоҳ ҳамроҳи мо буданд. Ин сафари мо дар доираи лоиҳаи шиносоӣ бо адён буд. Яъне, тамоми адён равияҳое, ки дар Амрико фаъолият доранд, мо бояд шиносоӣ пайдо менамудем. Ҳарчанд, ки дар Амрико равияҳои динии бешуморе вуҷуд дорад, ки имкони бо ҳамаи онҳо шинос шудан мушкил аст, вале ба ҳар ҳол маълумоте атрофи ҷараёнҳо ҳосил кардем.

Муносибати ҳукумат, яъне ҳукумати Амрико бо пайравони адён ва равияҳои динии гуногуне, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар кадом сатҳ қарор дорад?

Ҳангоми шиносоӣ бо муассисаҳову дигар маконҳои динӣ ва аз сӯҳбат бо ашхоси мухталиф маълум шуд, ки дар Амрико 2 000 дину мазҳабу равияҳо вуҷуд дорад. Албатта, 21 рӯз хеле кам аст ва наметавон аз ин нигоҳ баҳогузорӣ намуд, вале зимни сӯҳбат худи католикҳову буддоиҳову исломиҳову сикхҳо изҳор медоштанд, ки давлат ба фаъолияту барномрезиҳои онҳо ҳеҷ пешниҳод ва дахолате намекунад. Ин нуктаро намояндагони адёни гуногун замони сӯҳбат бо мо изҳор медоштанд.

Зимни ошноӣ бо масҷидҳои исломӣ кадом нуктаҳои барои худ муҳимро мушоҳида намудед?

-Дар ҳар як шаҳрҳое, ки дар ибтидо ном гирифтам, марказҳои исломӣ, мадрасаҳои исломӣ вуҷуд дошт ва дар ҳар кадом ҳамон марказҳо 600-700 духтару писарони нажоду миллаташон гуногун «Қуръон»-у ҳадису забонҳо инглисиву испаниву ва дар ҳамин баробар дигар илмҳоро меомӯхтанд. Дар сӯҳбатҳое, ки бо онҳо доштем изҳор медоштанд, ки шароити таълиму тадрис барояшон хеле хуб аст.
Дар ҳар як шаҳр масҷидҳои бешуморро мушоҳида намудан мумкин буд. Ҳатто дар як кӯчаи Детройт то панҷ масҷидро дидем. Хуллас, мо се намози ҷумъаро дар Амрико хондем. Ҷумъаи якумро дар Капитол гузоштем, ҷое ки сенаторҳо, қонунбарорҳои Амрико он ҷо нишастаанд ва ошёнаи якумаш барои намозгузорӣ дуруст карда шудааст. Дуввум намози ҷумъаро дар Лос-Анҷелес ва саввумиро дар Ню Йорк гузоштем.

Миёни масҷидҳои Амрико ва Тоҷикистон чӣ тафовут дидед?

-Тафовут дар ин буд, ки дар масҷидҳо низоми хуб ҷорӣ карда буданд. Таҳоратхонаҳои хуб доштанд, ки аксарияти масҷидҳои мо аз ин маҳрум ҳастанд. Камбудии мост, ки чунин шароитро дар масоҷид омода намекунем. Ҷойҳои пойафзолмонии хуб буд. Масҷидҳо низ хеле бӯйи хуб доштанд. Тафовут танҳо дар тозагӣ буд, илло масҷид ҳамааш масҷид аст ва барои мардуми мусалмон аст.

Дар дохили масҷид низ чун аҳамият додем, касе ба гапи кӯчагӣ гуфтан машғул нест. Ҳамагон «Қуръон» мехонанд ё ибодат мекунанд ва вақте имом-хатиб омад ҳамагон ӯро бодиққат гӯш мекунанд. Тафовут дар ҳамин аст.

Зиндагии амрикоиён, умуман мусалмону ғайримусалмон аз нигоҳи шумо.

-Ростӣ, зиндагии мо ва онҳо бо далелҳои гуногун муқоисанашаванда аст. Амрико давлати калон аст ва 300 миллион нафар аҳолӣ дорад. Бале, мо шароитҳоеро миёни амрикоиҳо мусалмон ва ғайри мусалмон мушоҳида кардем. Ҷолиби диққат ин буд, ки оилаҳои сарватмандеро дидем, ки телевизион тамошо намекунанд. Онҳо изҳор медоштанд, ки телевизион вақти зиёди моро мегирад ва аз ин дида мо ба интернет машғул шуда, хабарҳои дунё ва чизҳои муҳими дигарро дастрас намоем, беҳтар аст. Дар умум зиндагии бад надоранд, аммо аз нигоҳи рӯҳонӣ мо ҳамеш мардумро ба он тарғиб мекунем, ки ҳар чи бар шумо худованд муқадар кардааст, бояд қаноат кунед. Албатта Худо меҳрубон аст.

Дар бештари кишварҳо афроди либоси исломи ба бар намуда таъқиб мешаванд. Оё ин дар Амрико мушоҳида мешуд?

- Дар Амрико вақте мо пурсидем, гуфтанд, ки ҳафт миллион мусалмон зиндагӣ мекунад. Аммо мо гумон мекунем, ин адад бештар аст ва шояд онро пинҳон мекунанд. Дар бештари муассисаҳое, ки мо сӯҳбат доштем, мегуфтанд, мусалмонҳои зиёде дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ки бо сабабҳои номаълум мусалмон буданашонро пинҳон медоранд. Аз ин рӯ мо хулоса кардем, ки шумораи мусалмонҳо бештар аст. Вале таваҷҷӯҳе, ки мо доштем, маълум шуд, дар масъалаи пушидани либос ҳеҷ гуна фишору таъқиб дида намешавад. Ҳатто бачаҳои мо дар баъзе мактабҳои давлатии Амрико, ки духтарони мусалмон таҳсил мекунанд, ин масъаларо суол низ карданд. Дар идораи корҳои хориҷӣ ҳам вақте рафтем, зани сиёҳпӯстеро дидем, ки бо либоси исломӣ фаъолият мекунад. Аз ӯ суол кардем, ки дар берун барои ҳиҷоб шуморо касе чизе намегӯянд, тааҷҷуб намуданд. Аз ҷониби давлат низ сахтгирие дар масъалаи ин либос мушоҳида накардем.

Ташаккур, аммо давоми сафар дар Амрико шумо худро дар кадом ҳолат эҳсос мекардед?

Дар ислом қасами «валлоҳӣ» ҳаст. «Валлоҳӣ», ки ҳамон рӯзи аввал бароям қабул набуд рафтани Амрико. Ба хотире, ки сиёсати берунаи Амрико, тавре ба ҳамагон маълум аст, хеле таҷовузҳои зиёд дар ҳаққӣ мусулмонҳо кардаанд, хеле мушкилотҳои зиёд дар дунё эҷод кардаанд ва карда истодаанд, ба ҳамин хотир дили банда хеле нороҳат ҳам буд, хоҳиш ҳам надошт, вале вақте фаҳмидам, ки чаҳор домуллои дигар ҳамроҳ ҳаст, каме майл пайдо шуд, ки рафта сайёҳат мекунам. Сайёҳат, ки ҷаҳде дар роҳи худост ва фаҳмишҳои зиёде ба бор меорад, ба ҳамин хотир розӣ шудам. Вақте, ки 12-соат парвоз доштем ва дар Амрико расидем, рӯи диламонро як торикиву сиёҳӣ фаро гирифт, вале барномаҳо, ки шавқовар буд ва чизҳои аҷиб мешунидем, ба ҳар ҳол тоқат кардем.

Чизе, ки дили моро дар Амрико мегирифт, ин ҳамон фисқу фасод буд. Дар кӯчаҳо либосҳои норҳаткунандаи хилофи исломӣ ба бар менамуданд. Тавре шоҳид будем, ҷавонони амрикоӣ шиме, ки дар бадан доштанд, 50 фисади аз миён поёнашонро мепӯшонду халос. Ҷавонон дар сари роҳ бо ишқварзиву бо якдигарро канор гирифтан ва дигар амалҳои ношоям машғул буданд, ки аз дидани онҳо хеле дилсиёҳ мешудем. Дар намози ҷумъа низ гуфтам, ки ҷавонони азиз мо аз Амрико ақида нагирем, ахлоқ наомӯзем, вале дар илм ва тараққиёте, ки Амрико кардааст, бояд тақлидкорӣ кунем. Бояд мо ватанамонро бо илм, бо дониш, бо садоқату муҳаббат обод кунем. Дар шаҳрҳои зебое ҳам будем, вале ба худо қасам, ки ҳеҷ гоҳ бе ёди ватан набудем ва доим худо мегуфтем, ки зудтар моро ба ватан расонад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG