Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви номзадии Алим Шерзамонов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва...


Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 22 номзади Ҳизби сотсиал-демократ 13 тани онҳоро ба қайд гирифта, 9 нафарашонро аз феҳристи ҳизбӣ берун кард.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) аз 22 номзади Ҳизби сотсиал-демократ, ки тариқи рӯйхати ҳизбӣ ба дарёфти мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шудаанд, 13 нафарашонро ба қайд гирифт, аммо 9 тани онҳоро аз рӯйхати ҳизбӣ хориҷ кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ, рӯзи 2 феврал дар нишасти якҷоя бо масъулони ҲСДТ гуфт, нуҳ номзади онҳо, ки дар миёнашон исми Алим Шерзамонов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Файзиннисо Воҳидова, Шӯҳрат Қудратов ва... Бахтиёр Насруллоев ҳаст, ба далели пешниҳод накардани аснод ва Фирдавс Соҳибназаров ба иллати доштани парвандаи ҷиноӣ аз феҳристи ҳизбӣ берун карда шудаанд.

Ҷаноби Шоҳиён гуфт, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31 январ бо ирсоли номаи расмӣ аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи Фирдавс Соҳибназаров - номзади ҲСДТ ба онҳо хабар додааст. Ӯ афзуд, “дар нома гуфта

Ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ. 2 феврал
Ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ. 2 феврал

шудааст, Фирдавс Соҳибназаров бар асоси моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (аз они худкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262, қисми 3, банди “в” (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ба миқдори махсусан калон) муттаҳам мешавад.”

Ин намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 26 январи соли ҷорӣ дар як сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ парвандаашро бофта ва монеагузории мақомот барои роҳ наёфтани ӯ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон дониста буд. ​Аммо дафтари матбуоти додситонии вилояти Хатлон гуфт, сабаби аслии боз кардани парванда алайҳи Соҳибназаров на ба хотири бекор кардани номзадии вай, балки расидагӣ ба шикояти роҳбарияти “Тоҷпромбонк” аст. Ба қавли манбаъ дар додситонии Хатлон, ҳоло Соҳибназаров ҳамчун собиқ коршиноси қарзии ин бонк, ки қаблан барои хунукназарӣ ҳам айбдор шудааст, барои баргардондани 43 ҳазор долларе, ки соли гузашта дар ин бонк гум шуда буд, бояд ҷавоб диҳад.

Сабтиноми 13 номзади ҲСДТ ба мақоми вакили парлумон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Фирдавс Соҳибназаров мегӯяд, дар ҳақиқат ӯ дар “Тоҷпромбонк” ба ҳайси коршиноси қарзӣ кор мекард ва бо гум шудани маблағ дар ин бонк ӯро низ бо моддаи 295 (хунукназарӣ) айбдор карда буданд. Вале мегӯяд ӯ, “пас аз чанд муддат, 18 августи 2014, Шуъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонии Хатлон қарор дар бораи бекор кардани парвандаро ба дастам дод.”

Ба ин тартиб, ҳоло тариқи рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 13 номзад ва 65 нафар афроди боэътимоди онҳо сабтином шуда, барои дарёфти курсии вакилӣ талош хоҳанд кард. Интихоботи парлумонӣ рӯзи якуми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад ва қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфта буд, агар ба қазияи Шӯҳрат Қудратов – муовини зиндонии ӯ расидагӣ нашавад, эҳтимоли бойкоти ин маъракаи муҳим дар назар аст.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар охири нишасти 2 феврал аз Раҳматулло Зоиров хост, барои муаррифии барномаи ҳизбаш тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон омодагӣ бигирад. То кунун Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист ва Саидҷаъфар Исмонов - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаи пешазинтихоботии ҳизбашонро муаррифӣ кардаанд. Қарор аст, шоми 3 феврал Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам дар тӯли 40 дақиқа барномаҳои ҳизбашро ба мардум бифаҳмонад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа ва барои номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ 20 дақиқа вақт ҷудо намудааст, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро шарҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG