Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хаймаи тоҷиконаи "Хайём" дар дили Маскав


Шоми 21-уми феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи меҳварии шаҳри Москав, дар канори меҳмонхонаи “Тоҷикистон” Маркази фарҳангии тоҷикон бо номи "Хайём" дарҳои худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия боз кард.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев маросимро ифтитоҳ бахшида, гуфт, маркази нав ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд, "мо дар давраи душвори зиндагиамон дӯстони наздиктаринро хуб шинохтаем. Ба пешрафти Русия натанҳо шаҳрвандони ин кишвар, балки мо низ, чун дӯсти он, манфиатдорем."

Сафири Тоҷикистон аз мақомоти Маскав ҳам сипосгузорӣ кард, ки иҷоза додаанд, то маркази фарҳангии "Хайём" дар дили пойтахти Русия бунёд шавад. Дар расми бози марказ раиси собиқи Думаи давлатии Русия Геннадий Селезнов, сафири пешини Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов ва намояндаи аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия Андрей Копилов низ ширкат ва суханронӣ карданд.

Муҳаммади Эгамзод, муассиси "Tajinfo", гуфт, "ин корро бояд камаш 10-15 сол пеш мекардем. Ин кор ба ҷиддият ва муносибати касбӣ ниёз дорад. Танҳо бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад." Ҷаноби Эгамзод дар идомаи суханаш афзуд, дар ин чанд соли ахир обрӯи тоҷикон дар Русия рӯ ба коҳиш овардааст ва бояд барои дубора "барқарор" кардани номи неки тоҷикон азму иродаи қавитар зарур аст.

Вай ҳамчунин гуфт, дар роҳи боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар Русия набояд ба шитобкорӣ роҳ дод. Балки ҳар як тасмимро санҷида, сипас амалӣ бояд кард. "На мисли он ки ахиран як миллатгарои русро ба Тоҷикистон даъват карда, нону намак доданд ва гӯиё ба таъриху фарҳанги мо ошно намуданд. Бехабар аз он ки ин амал монанди "азон хондан ба гӯши хар" буд",-таъкид кард Муҳаммади Эгамзод.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия (дар байн)
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия (дар байн)




Муҳаммади Эгамзод, муассиси "Tajinfo"
Муҳаммади Эгамзод, муассиси "Tajinfo"


Далери Назар, овозхони маъруфи тоҷик
Далери Назар, овозхони маъруфи тоҷик
XS
SM
MD
LG