Пайвандҳои дастрасӣ

Рустаборон: Иддаои қатли оми русҳо дуруст нест


Егор Холмогоров аз мақомоти тоҷик хост, ки барои таҳқиқи "қатли ом"-и русҳо дар Тоҷикистон кумиссиюне ташкил диҳанд...

Егор Холмогоров аз мақомоти тоҷик хост, ки барои таҳқиқи "қатли ом"-и русҳо дар Тоҷикистон кумиссиюне ташкил диҳанд...

Изҳорот дар бораи гӯиё "қатли ом"-и русҳо дар Тоҷикистон ҷомеаи рустаборонро нороҳат кардааст.

Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлон ва шоҳиди бевоситаи низоъҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ҳарфҳои Владимир Жириновский ва Егор Холмогоров дар бораи "қатли ом"-и русҳо дар Тоҷикистонро “абсурд” ва “бӯҳтон” хонд.

Ба гуфтаи хонум Хоҷаева, русҳо дар Тоҷикистон ҳамеша соҳиби эҳтиром буда ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ мавриди ҳамлаҳои барқасдонаю оммавӣ қарор нагирифтаанд.

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “солҳои 90-ум, вақте ки ҷанг ҷараён дошт, мо дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекардем. Ҳарду ҷониби даргири ҷанг ба назди мо меомаданд, ҳурмат мекарданд, ягон муносибати ноҷоро нисбат ба русҳои муқимӣ раво намедиданд.”

Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти рустаборон дар вилояти Хатлон

Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти рустаборон дар вилояти Хатлон

Ба иддаои раиси ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлон, Владимир Жириновский бо ин вуҷуд ки маълумоти олии шарқшиносӣ дорад, дар бораи Тоҷикистон ва мардуми тоҷик тасаввуроташ барғалат аст. “Албатта, ҷанги шаҳрвандӣ боиси аз ватан кӯч бастани русҳои зиёде гашт ва шояд онҳое, ки ба Русия рафтаанд, ба он хотир ки дар он кишвар ҷойи зисти доимӣ дошта бошанду мавқеъ пайдо кунанд, дар зеҳни масъулону сиёсатмадорони рус нисбат ба Тоҷикистон андешаҳои нодурустро шакл додаанд”,-мегӯяд Хоҷаева.

Намояндагони ҷомеаи рустаборони Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар сурати пирӯзии Жириновский дар интихоботи президентии Русия, ҳамкориҳои стратегии миёни ин ду кишвар халалдор хоҳад шуд. Аммо Людмила Хоҷаева мегӯяд, “Жириновский бо чунин мавқеъгириҳои ноустувору миллигароёна, бо таваҷҷӯҳ ба тундгӯиву бадҷаҳлӣ ва руси асил набуданаш, ҳаргиз ба курсии президентӣ, ки барои ба даст оварданаш бори 4-ум дар интихобот ширкат мекунад, нахоҳад расид.”

Аз ин пештар, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "қатли оми аҳолии рус дар оғози солҳои навадум"-ро беасос донист. Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки "мухолифат миёни тоҷикон ҷараён дошт ва далелҳои хаёлии “қатли оми аҳолии рус” дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мавҷуд набуд."

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия

Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва публисисти рус Егор Холмогоров дар шабакаи НТВ дар бораи "ҳолатҳои қатли оми аҳолии руси Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум" сӯҳбат карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин даъвоҳоро беасос номида ва гуфт, ки дар ин бора ба мақомоти Русия нота ё ёддошти эътирозӣ низ хоҳад фиристод. Масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон умедвори онанд, ки расонаҳои Русия минбаъд аз нашр ё иҷозаи пахши чунин изҳорот, ки "ҳеҷ асос надошта, танҳо ба барангезиши ихтилофҳои миёни миллатҳо нигаронида шудааст", худдорӣ хоҳанд кард.

Дар пайи ин вокуниши Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Егор Холмогоров дар блоги худ навишт, ки мақомоти тоҷик ба ҷои навиштани ҷавобномаҳо беҳтар аст, барои таҳқиқи ин ҳодиса як кумиссиюн ташкил бидиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG