Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги FIFA тағйир наёфт


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 9-уми май нашр шуд, бо 312 имтиёз мавқеашро дар мақоми 112-ум нигоҳ доштааст.

Ин натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA мебошад. Тоҷикистон миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 10-ум буда, аз Озарбойҷон, Туркманистон, Молдова, Қирғизистон ва Қазоқистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия (11), Украина (37), Узбакистон (66), Беларус (69), Арманистон (90), Эстония (92), Гурҷистон (96), Латвия (110), Литва (111), Тоҷикистон (112), Озарбойҷон (120), Туркманистон (133), Молдова (139), Қирғизистон (143) ва Қазоқистон (144).

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Хорватия, Португалия, Колумбия, Инглистон, Италия, Ҳолланд ва Эквадор ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 13-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (30), Кореяи Ҷанубӣ (42), Австралия (47), Эрон (57), Узбакистон (66), Урдун (77), Амороти Муттаҳидаи Араб (89), Ироқ (97), Чин (98) ва Қатар (101).

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.
Рейтинги минбаъдаи FIFA 6-уми июни соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG